Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:52

Иштироки дигарбораи писар ва бародари Зайд Саидов дар додгоҳ

14 ноябр 2013, 10:59

Рӯзи панҷшанбеи 14 ноябр мурофиаи навбатии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ баргузор шуд. Манобеи “Озодагон” гуфтанд, дар ин мурофиа Хайруллоҳ ва Файзиддин, писар ва бародари оқои Саидов, ҳам иштирок кардаанд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, мегӯяд, дар мурофиаи рӯзи 14 ноябр шоҳидон бештар дар робита ба парвандаи қаллобӣ ва тамаъҷуӣ (моддаҳои 247 ва 250-и Кодекси ҷиноӣ)-и нафари таҳти ҳимояташон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Ба қавли Қудратов, дар ин парванда шикояти як шаҳрванди Вйетнам низ шомил аст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон рӯзи 24 май, ҳафтае баъд аз боздошти Зайд Саидов, эълон кард, ки як шаҳрванди Вйетнам - Хоанг Ван Хиеп алайҳи соҳибкори боздоштшуда, аризаи шикоятӣ дода, аз “ҳаракатҳои ғайриқонунии Зайд Саидов” ёдоварӣ намудааст. Шӯҳрат Қудратов гуфт, қарор аст, дар иртибот ба ин парванда ҷониби ҳимоя низ шоҳидони худро ба додгоҳ даъват кунад: “Мо ҳам чанд шоҳид дорем, ки онҳо дар оянда барои саволу ҷавоб даъват хоҳанд шуд. Зеро ин ашхос барои исботи бегуноҳии Зайд Саидов далели кофӣ рӯйи даст доранд.”

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дорад. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Рӯзи 23 октябр Зайд Саидов бо изҳори нобоварӣ нисбат ба мустақилӣ ва беғаразии додраси парвандааш - Шавкат Абдулхайров эълон дошт, ки дигар дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат нахоҳад кард. Сабаби ин эътироз рад шудани пешниҳоди ӯ ва се вакили дифояш барои гузаронидани ташхиси генетикӣ арзёбӣ гардид. Баъдан, Шавкат Абдулхайров, раисикунандаи парвандаи Зайд Саидов, эълон кард, ки “шарт”ҳои ӯро мепазирад ва мурофиа аз сар гирифта шуд.

Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, онҳо қасд доранд, дархости навбатии худро барои гузаронидани ташхиси генетикӣ ба додгоҳ пешниҳод кунанд. Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, гуфт, ки сад дар сад бовар дорад, дархости навбатиашон аз тарафи Шавкат Абдулхайров, раисикунандаи парванда ва додраси Додгоҳи олӣ, рад нахоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!