Бахшҳо
14 ноя 2013 14:00Тоҷикистон / Сиёсат

Талоши пулис ва Кумитаи амният барои дарёфти гаравгони тоҷик

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ барои дарёфти Мираҳмад, як сокини 30-солаи деҳаи Зардолуаки ин ноҳия, ки шаби 10 ба 11-уми ноябр, аз ҷониби гурӯҳи 6 нафараи афғонҳои мусаллаҳ рабуда шудааст, тамоми чораҳоро андешида истодаанд.

Тавре аз ШКД-и Шӯрообод ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ин ҳодиса шаби 10 ба 11-уми ноябр, замоне, ки хонаводаи Мираҳамад, барои хӯрдани хӯроки шом гирди ҳам омада буданд, рух додааст. Манбаи “Озодагон” мегӯяд, аъзои хонаводаи ҷабрдида дар баёноташон навиштаанд, ки «афғонҳо омада дарро тақ-тақ заданд, кушодем, хӯрок хостанд, додем. Баъди ин писарамон, Мираҳмадро гирифтанду гуфтанд роҳро ба мо нишон диҳад. Мираҳмад тарсиду хоҳиш кард, ки ӯро сар диҳанд, вале афғонҳо ӯро бо зӯрӣ бо худ бурданд».

Ба иттилои манбаъ Мираҳмад оиладор буда, соҳиби 3 фарзанд аст ва чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳодисаи рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афғонҳо дар ноҳияи Шӯрообод бори аввал набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо зиёд рух додаанд.
Мӯҳр
Хайрхох
Ба фикрам ночор бояд хамин сархадбонони русро овардан даркор агарне ба такдири охирхои асри 19-ум мардуми мо дучор мешавад

llyas
Хайрхох,
агар касера монан мондан гиран сархада ин Авгонхои беинсоф бо мусалмон таври худ чи касд доран ки даромада одаму молу амволи даркориашонро мегиран мераванд маълум мешавад ки сархадбонон ва амнияти ин нохия бо ВКД-и ин нохия манфиати худро ба назар гирифта авгонхоро ворид мекунан ва илочи вокеаро баъд аз вукуъ агар мардум хабар аз вукуъ шуданд ба тавре камари химмат мебанданд )))) вазифахо ки хешу табори шуд хама манфиати худша фикр мекуна кай гами ватану ватандоронашро кунад.Хайрхох,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)