Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:31

Хонанда: “Оқилов, Қосимов, Алимардонов... Хайруллоев, Афзалов... бираванд”

14 ноябр 2013, 16:55

Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳукумати кишвар баъд аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб ба истеъфо хоҳад рафт. Бино ба иттилои мақомот, ин маросим 16 ноябр, дуруст баъд аз ҳамагӣ як рӯзи дигар баргузор мешавад.

Коршиносон дар гузашта ҳадс мезаданд, ки баъд аз интихоботи президентӣ дар мақомоти раҳбарикунандаи кишвар тағйироти ҷиддии кадрӣ ба вуқуъ мепайвандад. Онҳо бештар ба синну соли бархе аъзои ҳукумат ишора мекарданд, ки аз марзи нафақа гузаштаанд. Дар робита мо ҳам суолеро бо хонандаҳо дар миён гузоштем. Аз онҳо пурсидем, “ба андешаи Шумо, кадоме аз аъзои ҳукумати феълӣ ба ҳукумати “нав” меравад ва киҳо ба истеъфо? Кӣ дар вазифааш мемонад ва кӣ вазифаи нав мегирад?”

Пешгӯиҳо ва андешаҳои хонандагони мо хеле ҷолиб аст. Инак, қабл аз он ки ҳукумат ба истеъфо равад, ин навиштаҳоро ба таври мухтасар хулоса мекунем.

Алим, як хонандаи сомона навиштааст, “Раҳмон дар ин масъала интихоби калон надорад. Албатта, ин дафъа тағйироти шумории кадрҳо назаррас хоҳад буд, вале интихоб чӣ гуна хоҳад буд?” Ба андешаи ӯ, нахуст раҳбари давлат афроди солхӯрдаро бо нафарони нисбатан ҷавон иваз ва шояд як-ду нафари дигарро новобаста аз синнашон аз вазифа озод мекунад: “Дар интихоби кадрҳои нав ӯ маҷбур хоҳад буд аз ду роҳ якеро интихоб кунад: Якум ба вазифаҳо одамони "худӣ"-ро, ки ба онҳо эътимод дорад, гумоштан. Дар ин ҳолат сифати тахассусии номзадҳо ба маротиб пасттар хоҳад шуд ва ин боиси боз ҳам паст шудани эътибори ҳукумат хоҳад гашт; Дувум интихоб аз рӯи сифатҳои тахассусии номзадҳо. Дар ин ҳолат ӯ ҳарос дорад, ки ин мутахассисон дар бисёр маврид метавонанд то ҳадде аз контрол бароянд во боиси эҷоди хатар барои ҳукумат гарданд. Аз ин рӯ, ин муҳлат аз ибтидо барои Раҳмон "сайругашти" сабук нахоҳад буд. Интизор мешавем. Ман мутмаинам, ки Раҳмон роҳи якумро интихоб хоҳад кард ва мо шоҳиди зуҳури ЗБС (Зуҳуров Бек Сабурович)-ҳои нав хоҳем шуд”.

Бахти Раҳмон, як хонандаи дигари “Озодагон” навишта, ки бояд тамоми мансабдорони сатҳи боло иваз шаванд: “Лек онҳо бо нияти худ аз курсии дӯстоштаашон ба истеъфо нахоҳанд рафт. Агар ҷаноб хешу ақрабо нагӯяд, ин корро ба анҷом мерасонад. Асосан вазири саноат ва энержӣ ва вазири алоқаю амсоли онҳоро пурра нав кардан зарур барои пешрафти ҷумҳурӣ, то ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор нагардем”,-хулоса кардааст ин шарҳнавис.
Қурбон андешаи худро дар як ҷумла хулоса кардааст: “Ба андешаи ман, касе, ки дар вазифааш ҳаст, мемонад, ба ҷуз касоне ки дар интихобот Раҳмонро тарафдорӣ накарданд”.


Як корбари дигар бо номи “Ман” ҳам тақрибан бо Қурбон ҳамфикр будааст: “Фикри банда ин аст, ки ҳамон аъзои пешини ҳукумат боқӣ мемонанд ва шояд ҷояшон иваз шаванд, аммо ба истеъфо рафтанашон дар гумон аст. Ва онҳое, ки камакак "бегона"-анд, шояд аз вазоиф сабукдӯш шуда, нафарони "худӣ" ҷойнишини эшон шаванд”.

Ҷаҳонгир бар ин назар аст, ки аъзои ҳукумати навро наздикони президент ташкил хоҳанд дод. “Танҳо "рокировка"-и курсиҳои нишаст дида шуда, шахсони босавод ва ҷавон ба кор гирифта намешаванд. Чунки ба онҳо "боварӣ" нест”,-менависад ин нафар. Шарҳнависи дигар бо номи Умед гуфта, ки мехоҳад, ҳамаи вазирон ҳамроҳ бо муовинҳояшон иваз шаванд, аммо вазифаи нав нагиранд. “Мисол мегирем, Алимардонов 15 сол дар системаи бонк кор кард. Вазифаи нав доданд- бахши кишоварзӣ. Вай 15 сол дар системаи бонк кор кардааст, кишоварзиро чӣ мефаҳмад?”

Абдушофеъ навиштааст, “кадрҳои болаёқат ва сиёсатмадорони барҷаста дар кишвар басо зиёданд, вале бадбахтона дар интихоби кадр нахуст масъалаи минтақа ва авлод ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар минтақа ва авлод ба ҷуз онҳое, ки имрӯз дар сари қудратанд дигар муттахассисе вуҷуд надорад. Кадрҳои дигар бошанд, аз рӯи тақсимоти худиву бегона ба рӯйхати бегонагон гузаштаанд. Барои ҳамин ҳам ба фикри банда тағйироти ҷиддие дар ҳукумат рух нахоҳад дод”.

“Тоҷик” гуфта, ки Оқилов, Қосимов, Алимардонов, Хайруллоев, Асрорӣ, Афзалов, Изатулло Шарипов ва мушовирони президент ба истеъфо фиристода шаванд. Аммо то куҷо ин пешгӯиҳои хонандагони мо амалишавандаанд, вақт нишон хоҳад дод. Интизор мешавем!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Roma

  • 14 ноябр 2013 17:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале фикрхои ин бародаро эхтимол доранд вале кайд кардан зарур аст, ки писари Рахмон (Рустами Эмомали) дар интихоботи оянда бояд президент интихоб шавад. Ва аз назари ман дур нест, ки Рустамхам аз вазивахое, ки ба курсии президент наздик аст, бе насиб намемонад. Чунки таъгирот дар сарконун даровардан ин дигар кори осон нес!
Посух додан
  • Карим

  • 14 ноябр 2013 18:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин кабинаи вазирон дар муддати 20-сол ягон таъгирот ба вучуд наоварданд, яъне асосаш мардум холо хам бебарку ,бечои кору мебошанд.
Ба фикри ман дар 7-соли ояндаам,ягон бехбудие дар зиндагии мардум
ба вучуд намеояд. Хамон бекори,бебарки,сатхи пасти зиндаги ,маош ва нафакахои паст,ноадолати ,ришваситони ва г.х боки мемонад.
Посух додан
  • farhod salim

  • 14 ноябр 2013 18:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то даме ки Гулов Шерали, домодову духтарову хешу табори наздик дар вазифахои равгани хастанд - ин хукумат хукумат нест

тамоми пули чумхури дар дасти оила - тамоми бонкхо, налогу таможня - хуллас хама чое ки пул дорад дар дасти оилаи аввал аст
Посух додан
  • tojik

  • 14 ноябр 2013 22:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
rustami emomali avalo ki javon ast-kordon va bosavod shudaast.dar korhoe kor kardu mekunad digarguni va behbudiho shud.biguzor vaziri javon e'lon shavad chunki javononro bo xud ba kor megirad.ba xalk obodi tenji serivu puri lozim chi fark dorad pisari kase ki boshad?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳар кори кунанд, ихтиёрашон. Аз ду сар фикру ақидаи мардум барои ҳукумат чормағзи пуч аст. Акнун тавтеа, дасиса ва бозиҳои паси парда шуруъ мешаванд. Лекин аз як чиз бояд ҷиддан ҳазар кард, ки курсии президенти мамалакат ба мисли Сурия ва Озарбойҷон аждодӣ нашавад. Бар зидди ин падидаи нангин тамоми мардуми равшанфикр бояд мубориза бибарад. Президенти мамлакат тавре бояд раҳбарӣ бикунад, ки мардум номи ӯро ҳатто пас аз аз вазифа рафтанаш бо эҳтиром ба забон бигирад. Ба мисли Фрэнклин Дэлано Рузвелт (Амрико), Уинстон Черчил (Британияи Кабир), Ҷавоҳарлал Неру (Ҳиндустон), Ҷамол Абдул Насир (Миср).
Посух додан
  • кохир

  • 14 ноябр 2013 23:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бист сол нишон дод,аз хафташ чи чашми умед?
Посух додан
  • Jasur

  • 15 ноябр 2013 07:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин хукумат хеч кас вазифаи худро иваз кардани нест агар иваз кардани хам бошанд ба вазифаи баландтар иваз мекунанд ва ин ваъда ба онхо пеш аз интихобот дода шуда буд ва касоне ки ба вазифахои нав меоянд ба онхо хам ин шеваи хукумат омузонда шудааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
farhod salim,

Ҳар кас аз номи худаш коммент монад. Тарсончак барин пушти номи дигарон баҷо шуда, коммент мондан ин стили кадомат аст, нағз медонем! Садқаи Шералӣ Гулов кунад шуморо! Ба хоки кафши ӯ намеарзед, аккос заданро мисли ҷулбарс бас кунед! Хизмати ин мард зиёд буд зиёд ҳаст, барои дидани он чашм даркор, чашми бино, калвиатура не!
у уважением салим фарҳод

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!