Дар ноҳияи Мастчои вилояти Суғд ду корхонаи нави хиштбарорӣ ба фаъолият шурўъ намуд.
Аз ин корхонаҳо якеаш аз ҷониби ҶДММ «Мир Исмоил» таъсиси ёфтааст, ки иқтидори солонааш 3 миллион дона хишт мебошад. Корхонаи дигараш аз тарафи соҳибкори инфиродӣ, ки ўро Шарипов муаррифӣ карданд, сохта шудааст, ки дар як сол ин корхона иқтидори то як миллион дона хишт бароварданро дорад. Айни замон дар ин корхона сохтмони хумдон пурра ба итмом расонида шудааст. Таъсиси ин ду корхонаи хиштбарорӣ дар маҷмўъ 35 нафарро ба ҷои кор таъмин намудааст. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд. {jathumbnail off}
Мӯҳр