Бахшҳо

Кӣ дуғи худро турш гуфта, ки Комиссариатҳои ҳарбӣ гӯянд?

НӮФАРН-4

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, баъди хабар ёфтан аз қазияи Абдумалик Абдурасулов, як сокини Душанбе, ки мегӯяд, ҳангоми “облава” латту кӯб шудааст, ба 4 комиссариати ҳарбии пойтахт муроҷиат намуда, аммо чизе рӯшан нашудааст. Шарҳи сухангӯи Вазорати дифоъро дар мавриди ин қазия хонда, муроҷиати ин ниҳод ба масъулини Комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанберо тасаввур кардам.

Муроҷиат ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино:
-Салом.
-Салом.
-Ҳамон писаракро шумо латту кӯб кардед?
-Не, ака. Мо ягон касро назадем.

Муроҷиат ба Комиссариати ноҳияи Исмоили Сомонӣ:
-Салом.
-Салом.
-Як писарак мегӯяд, вақти “облава” маро задаанд.
-Не, ака, мо нестем. Мо “облава” намекунем.

Муроҷиат ба Комиссариати ҳарбии Фирдавсӣ:
-Салом.
-Салом.
-Дар бораи латту кӯби ҳамон писарак ягон чӣ медонед?
-Не, мо назадем ягон касро.

Муроҷиат ба Комиссариати ҳарбии Шоҳмансур.
-Салом.
-Салом.
-Мегӯянд, як писаракро латту кӯб кардаанд...
-Намедонам. Мо ягон касро назадем.

Шояд ин муроҷиат дигар хел сурат гирифтааст. Аммо муҳим ин ки натиҷа як аст: “Ҳеч кас ин хел одамро латту кӯб накардааст”.
Мо дар ягон кишвари фавқуллода зиндагӣ намекунем, ки дар он одамони ростқавлтарини сайёра ба сар баранд. Момоям мегуфт, “ҳеч кас дуғи худро турш намегӯяд”. Кадом масъули Комиссариати ҳарбӣ бо як муроҷиат зуд мегӯяд, ки “узр, ҳамин бачаҳо нақшаро пур кунем гуфта, камтар аз ҳад “гузарондаанд”?

Онҳо чанд сол аст, ки бо вуҷуди шаҳодати даҳҳо нафар будани худи “облава”-ро комилан рад мекунанду аз куҷо иқрор мешаванд, ки ҳангоми даъвати иҷборӣ аз кӯча касеро зери мушту лагад гирифтаанд? Ҳеч хушбин нестам, ки омилони ин латту кӯб пайдо шаванд. Мисли даҳҳо ҳолати дигар ин ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ меафтад, аммо ҳеч гоҳ осори он аз қалби волидон ва худи ин ҷавон зудуда намешавад. Доғи сиёҳ ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Шояд муроҷиати пайвандони ин ҷавон мисли муроҷиати масъулини вазорат чизеро ошкор накунад, аммо аминам, ки муроҷиат ба Худованд дар мавриди ҷазои сазовор гирифтани омилони латту кӯб беҷавоб нахоҳад монд.
Мӯҳр
Акмал
Худаш барои як республикаи кашшок армия калон чи даркор? Хурондаву пушонида ки натавонед, силову мухимот, ва техникаи харбиро аз дигарон металбед, ин гуруратон а кучо?? Фарзандои мардуми бечрораро ду соли умраша бехуда мезунед, аз ин урдуи шумо бачахо маризу, сар вайрон бармегардан. Хуб нест ки дар Точикистон як армияи касби, довталабона бошад?

Сараввал муддати хизмати аскариро то ба як сол кам кардан даркор. Пас аз он марҳила ба марҳила ба хизмати шартномавӣ гузаштан мумкин. Аз шунидани ман дар давлати ҳамсоя - Ӯзбакистон - чанд сол боз ба хизмати як сола гузаштаанд. Мегӯянд, чун барои аскарбачаҳо дар ҳаҷми 100 доллари амрикои маош дода мешавад, хоҳишмандони сарбоз шудан хеле зиёданд. Вале интихобан ба аскарӣ мегирифтаанд. Намунаи хеле омӯхтанӣ!

Хисрав
Худованд донотар аст!

Az mablaqi ki komisariatho mesozand chizi nanavishted. Agar hisob kunem ki dar har dar sol nazdek ba 10000 javon ki az xonavodhoayi miyon-iqtisodi xizmati harbiyi xudro ba tariqi rishva mexarand ba haddi miyona har kidom $1000, hisob keuned: 10000 x $1000 =$10 million. In sum (yo har chaqadar ki boshad) dar somkayi ki meravad? Va charo hech kas baroyi rishvagiri az maqomi komisariyayi harbi ixroj nashuda, ba sud kashida nashuda va dar zindon uftoda nest?!Акмал,

хусайн
То ислохоти харби нашавад вазъ бех намешавад.ин "облава"нишони афзоиши фасод ва коррупсия дар вазорати мудофиа аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)