Бахшҳо

Эшони Қиёмуддин: “Ёдоварӣ аз қатли Ҳусайн ба маънои пайравӣ аз шиа нест”

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни тоҷик, бар ин аст, ки баргузории маросими Ошӯро ё ёдоварӣ аз ин рӯз ба маънои пайравӣ аз мазҳаби ташайюъ нест.

Рӯзи Ошӯро, ки дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам аз он таҷлил карда мешавад, аз сӯи пайравони бархе аз мазоҳиб рӯзи мотам эълон шудааст. Қиёмуддини Ғозӣ, ки дар саҳифаи Фейсбуки хеш дар ин бора ибрози назар карда, мегӯяд, баргузории маросими Ошӯро ин маънои ёдоварӣ аз рӯзи ба қатл расидани Ҳусайн, набераи паёмбар (с) мебошад. Ӯ гуфтааст, “магар Ҳусайн аз бародарони шиа мебошад, ки Ошӯро аз онҳо бошад?! На Ҳусайн аз шиаҳо ҳасту на Ошӯро.”

Ба гуфтаи ин рӯҳонии тоҷик, маросими “Ошӯро” ҳам моли пайравони аҳли суннат ва ҳам ташайюъ мебошад: “Ҳусайн ва Ошӯро ҳам аз шиа ҳаст ва ҳам аз суннӣ. Гиря дар азои Ҳусайн, гиря ва ашк дар азои Расули Худо(с) маҳсуб мешавад. Чунки паёмбар (с) фармуданд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн.” Ин дар ҳолест, ки Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди маросими Ошӯро назари дигар дорад. Ӯ дар як суханронии худ дар намози ҷумъаи гузашта гуфта буд, "бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа ва аҳли суннат ва ҷамоат дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррам ҳеч гуна мотамгирию хушҳолӣ ва худзанию гиребончоккунӣ нест".

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват намуда буд, аз мотам ва хурсандӣ дар ин рӯз худдорӣ кунанд. "Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ рӯзи 4 ноябр фаро расид ва интизор меравад, маросими Ошӯро рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам баргузор гардад.
Мӯҳр
Ин Киёмиддини гози хатои махз кардааст.!
Аз мазхаб фуруши ба дарачаи гумрохи расидаанд инхо.
Кадоме, ки дар рузи 9-10 мухаррам агар руза гирад хамин кадар савоб асту бас дигар хамааш аз азо то гиряву худзани хамааш як хурофотанд......, ки инсониятро ба дарачаи гумрохи мебаранд.

ЗИНДА БОД МАЗХАБИ ХАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ РАХМАТУЛЛОХИ ЪАЛАЙХ....

ин чи давр аст факат гуфти раиси дин рост аст мисли оилаи турачонзодахо эшони киемуддин дигар ефт намешад олимое ки монанд надоранд дар осиеи миена

Қаҳрамон
Як ба наворҳои солҳои 92юм назар кунед баъд мефаҳмед ки чихел одам аст. Барои ин хел одамои мазҳабфуруш на ватан арзиш дораду на миллат. Одаме ки мазҳабашро фурухт барои моли дуне ҳатман ватану миллаташро бо як дирам барои дигарон мефурушад.
Озодагон, аз Шумо хоҳиш мекунам ки аз хар кас руҳони барои Тоҷикон ҷур накунед.

Ман дар ин рӯзҳо дар барномаҳои ТВи кишварҳои араб дидам, ки чӣ тавр издиҳоми (толпа) даҳҳо ҳазор пиру барно бо байрақҳои сиёҳу сабз куҷое мешитофтанд. Вале ҳеҷ кадоми онҳо худро бо занҷирҳо зада, хуншор намекард. Фақат як дастро гоҳ ба сина, гоҳ ба сар мебурдану бо ҳамин тамом. Суруд хонда мешуд, Ҳусейн, Ҳусейн мегуфтанд. Шояд ин анъанашон бошад, бигзор иҷро бикунанд. Вале ман то ба ҳол намефаҳмам, чаро мусулмонҳо худро уммати як паёмбар дониста, як китобро китоби муқаддас шумурда, худро ба шиъа ва суннӣ тақсим карда, бо кучактарин баҳона гиребони ҳамдигар мегиранд, яке дигарро сиёҳ мекунад, баъзан кор то ба муборизаи хунин мерасад. Фикр мекунам ин ҳама аз қафомондагии тараққиёт дар ин кишварҳо аст. Агар мусулмонҳо мисли амрикоиҳо, японҳо, аврупоиҳо шабу рӯз бо илму тадқиқот саргарм мешуданд, дар лаборатория ва пажуҳишгоҳҳои муосир дар ҷустуҷӯи ихтироот ва навоварӣ шабҳоро рӯз мекарданд, он вақт аз паси тақсимкуниҳои мазҳабӣ намешуданд. Ин ҳама аз бекорӣ ва беҳунарӣ аст. Дар муқоиса бо ТВҳои давлатҳои исломӣ, ки бештар рақсу суруд, футбол ва қуръонхониро намоиш медиҳанд, ТВҳои кишварҳои Аврупо барномаҳои ҷиддии илмӣ, техникаи нав, филмҳои таърихӣ, тадқиқоти коинот, намойишгоҳҳои Hi-Tech ва дигар барномаҳои ҷолибро роҳандози мекунанд. Ин қазияе аст, ҷиддӣ ва барои мулоҳиза. Мехостам рӯҳоние дар ин сайт мақола нашр карда, тавзеҳ бидиҳад, ки чаро ин тавр аст?

Rustam Rustamov,
salom ba barodaroni ahli islom. mufti mukaram. az avlodi yazidi lanatuloh ast. eshoni qiyomidin rost meguyad, mo boyad dusdori yazid boshem na dusdori yazid.

салом! бародарон фиреби ин шиаёни точикро нахуред эшони Киёмиддин. эшони Саттор. мулло Маъруфи истаравшани.Саиюнуси истаравшани. Саидиброхими назар.инхо барои пул шуда дину имонашонро фурухтаан имруз хидмати шиаёни хабиси эронро мекунанд. мо дар ислом аз се руз зиёд аъзо дори надорем чи расад ба 1000сол пеш хамин Киёмидини гозималики дар эрон хавли мошин тамоми шароитро дорад писарони точикро бурда дар мадрасахои теруристи кум гургон меомузонад то ин ки ихтилоф катлу куштон зиёд шавад хизбуллох ки хамонхизбу шайтон аст мебинем дар сурия ахли суннатро катлу куштор тачовус горат мекеунад! фиреби шиаёнро нахуред ки аз имон чудо мешавед сахобагон хамсарон бузургони худро дашном куфр мегуед... ин дин нест фиркаи гумрох хастанд ки мусалмон нестанд аз дуруг фиреби ин шиахои кабр параст эмом параст дури кунед то дар ватани азизамон мисли ирк покистон катлу куштор даргири руба ру нашавем инхо максадашон нооромии чоемеъа хаст бо пули чумхурии ширкзадаи эрон кору фаъолият таблиг мекеунанад! худо хофиз

Бехтарин неъмати АЛЛОХ имон аст, бехтарин сухан лафзи АЛЛОХ аст, бехтарин китоб КУРЪОН аст, бехтарин овоз Азон аст, бехтарини ибодатхо Намоз аст, бехтарини маргхо шахид шудан аст, бехтарини идхо иди Рамазон иди Курбон аст!!!
Паёмбар (с) мефармояд! Худоё! бар ин ки ту сохиби хамд ва ситоиш хасти хеч маъбуди бархаке чуз ту нест. Танхоиву шарике надори, маннон хасти. Эй пайдокунандаи осмону замин. Эй сохиби бузургиву икром. Эй Зиндаву поянда, ман аз ту чаннатро мехохам ва аз дузах панох мегирам.а зеботарин неъмати дунё зан ва фарзанд аст! Агар пурсанд ки имон чист? Чавоб бигуй ки бовар кардан ба Худо малоикахо, пайгамбарон, китобхои осмони ва ба рузи охират ва ба такдир ки хама неки бади ба хости худост.
Шаходат калимаи тайба аст калимаи тайба ло илоха илал-л-лоху мухаммад расулуллост.
Ва чони имон курон аст.
Ва бехи имон илм аст.
Ва пусти имон шарм аст.
Ва меваи имон руза аст.
Ва барги имон такво аст.
Ва магзи имон дуо аст.
Ва оби имон намоз аст.
Ва агар пурсанд ки имон бар Холик аст ва ё бар махлук?бигуй ки бар Аллох аст, ки
яка ягона аст ва бе мисл монанд. ва бар махлук бар мухаммад аст.
Хар дида, ки ибрате нагирад, кур аст,
Хар нуқл, ки лаззате набахшад, шур аст.
Рахте, ки тағайюр напазирад, кафан аст,
Он хона, ки табдил наёбад, гур аст.

Рустам Рустамов
Лаънати Худо тубаринхо бод ки шумо насли пайгамбара мотам нагири киро мотам мегири?, дунё аз пушти ту ва ту баринхо ба ислом нафрат мехонанд.

Rustam Rustamov,
AVVALAN TU ILMI IN ODAMA NADORI . SONIYAN DAR KUJO GUFTA SHUDAAST KI DAR RUZI MOTAM VA GHAMU ANDUH BOYAD RUZA BIGIRI ? MALUM MESHAVAD KI AZ HAMUN SALAFIHOI BE MAGHZ VA BE OR VA MANTIQ HASTI

хусайн
Ташаккур чаноби эшон,

Рахимчон
Ин Одамон барвакт фурухташуда буданд. Барои хамин Худованд дастгирионхо нест. Азчумла тн эшон нафари онхост.

said
Kiyomidin ashon akhir malum kardestai shia budanata va bokimonda din furush rafikot ham malum shidestan lekin faromush nakun in dinro khudovand himoya mekunad ba vositai bandahoi hakikiyash bamedi dolar nashav dur nameravi

Ashoni kiyomidin az khudo btars davri johiliyat guzasht ba mardumi tojikiston safsata mekhondi az nomi islom digar ba in khel gapho va shakhsho bovari namekunad hej kad

Din furushi bas budagi kiyomidin boi

Хаким
Зинда бод дустдорони Паёмбар (с) ва ахли байташ. Марг бар душманони ахли байти Паёмбар (с). Оянда ислом ба тасти форсхо пеш хохад рафт. Араб факат дар фикри шикаму шахват мемонад.

FREEDOM
Киёмиддини Гозималики - Куйбшев хама медонанд, ки ту кайхо шиа шудай, бо инкор мекунй? Дар Ошуро дар ин руз Аллох Мусо (ъ) ва кавмашро аз зулми Фиръавн озод намуд, яъне дар хамин руз Фиръавн бо кавмаш гарк гаштанд! Пайгамбар Мухаммад (С) мефармояд: Касе ки дар ин рузхо руза гирад гунохони як солаи гузаштааш магфират мегардад! Иншааллох,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)