Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Саволи Юсуф: “Чаро 1 дин дорему ба шиаву суннӣ тақсим шудаем?”

15 ноябр 2013, 09:30

Дар пайи хабарҳои марбут ба Рӯзи Ошӯро хонандагони торнамои “Озодагон” даҳҳо шарҳу назари худро навишта, ба мо фиристодаанд. Аммо дар аксари ин шарҳҳо онҳо якдигарро ба шиагароиву салафигароӣ муттаҳам карда, дар ҳаққашон алфози қабеҳ низ гуфтаанд, ки торнамо ҳаққи нашри онҳоро надорад.

Дар ҳамин ҳол, як хонандаи мо бо номи Юсуф дар пайи андешаҳои Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар бораи Рӯзи Ошӯро шарҳе фиристодааст, ки саросар суол аст. Мо ҳам ин нуқтаи назари хонандаи худро нашр карда, Шуморо ба як баҳси созанда даъват мекунем, то ба ин “чаро?”-ҳои ӯ посух гуфта шавад. Лутфан, хонандаи азиз, аз навиштани ҳар гуна алфози қабеҳ ва таҳқири якдигар худдорӣ кунед!

“Ман дар ин рӯзҳо дар барномаҳои ТВ-и кишварҳои араб дидам, ки чӣ тавр издиҳом (толпа)-и даҳҳо ҳазор пиру барно бо байрақҳои сиёҳу сабз куҷое мешитофтанд. Вале ҳеч кадоми онҳо худро бо занҷирҳо зада, хуншор намекард. Фақат як дастро гоҳ ба сина, гоҳ ба сар мебурданду бо ҳамин тамом.

Суруд хонда мешуд. Ҳусейн, Ҳусейн мегуфтанд. Шояд ин анъанашон бошад, бигзор иҷро бикунанд. Вале ман то ба ҳол намефаҳмам, чаро мусулмонҳо худро уммати як паёмбар дониста, Қуръонро китоби муқаддас шумурда, худро ба шиа ва суннӣ тақсим карда, бо кӯчактарин баҳона гиребони ҳамдигар мегиранд? Яке дигарро сиёҳ мекунад, баъзан кор то ба муборизаи хунин ҳам мерасад.

Фикр мекунам, ин ҳама аз қафомондагии тараққиёт дар ин кишварҳо аст. Агар мусулмонҳо мисли амрикоиҳо, ҷопониҳо, аврупоиҳо шабу рӯз бо илму тадқиқот саргарм мешуданд, дар лаборатория ва пажуҳишгоҳҳои муосир дар ҷустуҷӯи ихтироот ва навоварӣ шабҳоро рӯз мекарданд, он вақт аз паси тақсимкуниҳои мазҳабӣ намешуданд. Ин ҳама аз бекорӣ ва беҳунарӣ аст. Дар муқоиса бо ТВ-ҳои давлатҳои исломӣ, ки бештар рақсу суруд, футбол ва қуръонхониро намоиш медиҳанд, ТВ-ҳои кишварҳои Аврупо барномаҳои ҷиддии илмӣ, техникаи нав, филмҳои таърихӣ, тадқиқоти коинот, намоишгоҳҳои Hi-Tech ва дигар барномаҳои ҷолибро роҳандозӣ мекунанд.

Ин қазияе аст, ҷиддӣ ва барои мулоҳиза. Мехостам, рӯҳоние дар ин сайт мақола нашр карда, тавзеҳ бидиҳад, ки чаро ин тавр аст?

Юсуф.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хаким

  • 15 ноябр 2013 10:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо он, ки ин рўз (яъне рўзи Ошуро) рўзи наҷот ёфтани Мусо ва қавмаш аз Фиръавн аст афзун бар ин донишмандон дигар фазилатҳои ин рўзро аз ин ҷиҳат медонанд, ки Худованд дар ин рўз чанд тане аз паёмбарони Худро мавриди раҳмати Худ қарор додааст, ки иборатанд аз:
Дар ин рўз тавбаи Одам (а) пазируфта шуд
Дар ин рўз Идрис (а) ба осмон бурда шуд.
Дар ин рўз киштии Нуҳ (а) бар куҳи Ҷуддӣ фаромад
Дар ин рўз Иброҳим (а) таваллуд шудааст.
Дар ин рўз Яъқуб (а) боз дубора чашмонаш бино шуданд.
Дар ин рўз Юсуф (а) аз чоҳ наҷот ёфта буд.
Дар ин рўз Аюб (а) аз бемории дарозмудаташ шифо ёфта буд.
Дар ин рўз Юнус (а) аз шиками ҳут(моҳи) наҷот ёфта буд.
Дар ин рўз Мусо (а) ва қавмаш аз шиканҷаи Фиръван наҷот ёфта буд.
Дар ин рўз тавбаи Довуд (а) қабул шуда буд.
Дар ин рўз Сулаймон (а) ба подшоҳӣ расида буд.
Дар ин рўз Исо (а) таваллуд шуда буд.
Дар ин рўз гуноҳони гузашта ва ояндаи Паёмбари Худо Муҳаммад (с) бахшида шуда буд.
Мавриди ёдоварист, ки воқеаи даҳшатвор ва пуртаассуфи қатли Имом Ҳусайн (р) низ дар ин рўз иттифоқ афтодааст, ки донишмандон рўза гирифтани рўзи Ошуроро бо ин воқеаи андуҳгин алоқаманд НАМЕДОНАНД!!!
Посух додан
  • Ahmad

  • 15 ноябр 2013 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
баноми худои мехрубон хар коре, ки окибаташ фитна байни мусалмонон аст накарданаш хубтар аст мочарои байни имом хусайн (р) ва язид низ аз чумлаи ин корхост касе ки гунахкор буд назди худои бузург чавобашро дод хочат ба кохи кухна бод додан.
сатрҳои болоро яке бо номи руҳони дар мавзуи ёдовари аз қатли Ҳyсайн ба манои пайрави аз шиа нест навишта бyд чyн суханаш барои ман мақyл шyд инҷо нашраш кардам. Ҳаминро илова карданиам ки Ешони Қиёмyддин ҳам аз ҷyмлаи онҳост ки бахотири моли дунё ва хурсанд кардани сармоягузорои ирониаш ба коҳи кyҳна бод медиҳад. Банда ҳам аз талимоти Исломи бохабар ҳастам дар кишварҳои мухталиф дарс хондам бо гуруҳои мазҳаби ва ғайри мазҳаби нишастҳо ва суҳбатҳо доштам аз онҳо истифода бyрдам вале ҳеҷ гоҳ барои пул шyда мазҳаб ва миллатамро тағир надодам ва нахоҳам дод. Ешони Қиёмyддин шояд бахотири пулy мол ин корро кyнад чyн ба он зарyрат дорад вале он атфолеро ки аз хурди бyрда дар қyм мехонанд ҳизбуллоҳи Тоҷикистон хоҳанд шyдy ҷони худро дар роҳи мазҳаби шиа фидо хоҳанд намyд дар натиҷа фитна ҷанг хунрези қатлy қитол байни миллати мо рух хоҳад дод ки ин ба нафи на дин астy на миллат.Ирониҳо ҳамзабон ҳам дини мо ҳастанд ва мо миллати Тоҷик ба қадру манзалат ба онҳо нигоҳ мекунем вале агар онҳо сирф бахотири нашри мазҳаби шиа дар байни миллати мо корy фаилият кардани бошанд ҷyз хиёнате чизе хуберо барои мо анҷом нахоҳанд дод. Беҳтарин ва мутаваситарин мазҳаб ин мазҳаби Имоми Азам аст ва аксари миллати Тоҷик ва дигар мусалмонҳои ҷаҳон дорои ҳамин мазҳаб мебошанд ва мо солҳо шона ба шона бо шиаҳо ва дигар мазоҳиб зиндаги кардем вале дишмание бо ин гуруҳо надоштем чyн мазҳаби мо иҷозат намедиҳад ба дигар мазҳабҳои исломи ва ҳатто инсони нафратy кина дошта бошем. Фикрy ақидаи хyдро ба ҳамаи инсоният расонданием ва имон дорем ки касе ин роҳи моро пеш гирад растагор хоҳад шyд вале ихтиёр дар дасти онҳост қабул карданд хеле хyб қабул накарданд мо масулияти диниамонро адо кардем ва коре ба роҳи пешгирифтаи онҳо надорем бигзор ҳар чи дилашон хост кардан гирандy фардо назди Аллоҳ ҷавоб хоҳанд дод. Дар мазҳаби шиа ва салафи шиддат мавҷyд аст ки ин ду гуруҳ душмани ашадии якдигар мебошанд ва гуруҳи васат мо дорои мазҳаби Ҳанафи ҳастем ки метавонем асли динро ба ҷаҳонион бидини кадом ташадyд ва хунрези бирасонем. Агар мулоҳиза карда бошед дар ҳар ҷое пои ин ду гуруҳ рафт ҳатман фитна ҷанг мавҷyд аст ва аз пушти фитнаҳо душманони ислом истифодаи бештарy бартар мебинанд.Ба ҳамватанони азизам ҳаминро гифтани ҳастам ки ҳар ҷое рафтед хоҳ давлати исломи бошад хоҳ ғайри исломи чизҳои манфиатоварро ба ватан бо хyд биоред ва кишварро обод миллатро сарбаланду сарфароз гардонед. Бадиҳои ин кишварҳоро лутфан ба дур андозед чyн агар ҳар яке мо як бадие бо худ биорад Тоҷикистонро пора пора хоҳем кард. Ҳатто онҳое ки дар Амрико Расия Хитой мехонанд ҳадафашон истифода аз пешрафтҳои он кишварҳо бошад на ки фардо ҳар яке инҳо барои манофеи он кишварҳо корy фаолият кyнанд.
Посух додан
  • Чамшед8808 н.Восеъ

  • 15 ноябр 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам кормандони ОЗОДАГОН. Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ки дигар хамин хел маколахоро чоп накунед. Илтимос. Ин байни мусалмонхо як тафрикаандози мебошад, ки аз давлатхои гарб ба накша гирифташуда аст. Мо Мусалмонем. Душманони Ислом мехоханд бо ин рох Мусалмононро чанг андозанд ва несту нобуд кунанд. Вайхо сум, ярок, армия доранд мо Худою Имон дорем. Набояд мо хато кунем. Мо мусалмонхо бародари якдигарем. Ба мо даркор нест ин хел маколахо. Чанд руз шуд дар ОЗОДАГОН факат мавзуъи ШИА ва СУННЙ рафтата истодааст. Сабабаш дар чи бошад? Агар хамин маколахои чанг андозию бародарро душмани бародар кардан зиёд шавад мачбурам дигар ин Сомона надароям.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мӯҳтарам кормандони ОЗОДАГОН, чунин баҳсҳоро нашр кардан ба манфиат нест. Баҳси сунниву шиа зиёда аз 1000 сол мешавад, ки идома дорад. Як чунин ҷудоиандозиро душманони ислом тавонистанд байни мусалмонон биандозанд. Ин баҳс ҳеҷгоҳ ҳалли худро наёфтааст. Фақат ҳаминро гуфтаниям, он баҳсҳое, ки бештар ба низоъ ба анҷом мерасанд, аксаран баҳсҳои ақидатӣ ҳастанд. Бинобар ин, дар масъалаи баҳси ақидавӣ, то як ҷониб аз эътиқодоти худ даст накашад, баҳс ба натиҷа намерасад ва дар охир шояд ба кашмакашу дашномгӯиҳо бианҷомад. Ба таври мисол, шиаҳо мегӯянд,
1-Ҳарик ба дувоздаҳ имом имон надорад ва онҳоро маъсум (бегуноҳ) намедонад, имонаш комил нест.
2-Абубакру Умару Усмон (Худованд аз ҳамаашон ризо бод) лоиқи хилофат намедонанд ва мегӯянд, ки хилофатро аз Ҳазрати Алӣ (Худованд аз ӯ ризо бод) ба зур гирифтанд.
3-Дар ҳаққи модари мӯъминон Оиша (Худованд аз ӯ ризо бод) тӯҳматҳои зиёдеро қоиланд, ки даст ҳуръати навиштани онро надорад.
Ғайр аз ин даҳҳо масъалаҳои ихтилофии дигар вуҷуд дорад, ки дар натиҷа як суннии огоҳ аз мазҳаби хеш ҳеҷгоҳ ба ин масъалаҳо розӣ намешавад ва баҳс ҳам бефоида боқӣ мемонад. Бинобар, ҳамин аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ин матлаб ва ё баҳсро бардоред, зеро барои ҷавонони тоҷику мусалмони мо аз фоидааш дида зарараш зиёдтар аст. Агар бовар накунед, худатон баътар хоҳед дид, ки чӣ баҳсҳое намешавад.
Посух додан
  • НАЗАР

  • 15 ноябр 2013 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХУСАЙН ва язид кохи кухна нестанд. Яке набераи дустдоштаи Пайгамбари акрам аст ва дигаре писари муовия ки бо тегу туфанг хукуматро хилофатро забт карда буд. дини ислом аслан хамон замолн ба шиъаву сунни таксим шуд . пайравони ин мазхабхо бояд хуб таърихи динашонро бидонанд ва биёмузанд ва худ казоват кунанд ки киро бояд пайрави кард. Хасанро ё язидро?????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад дареги акл, садхо дареги вакт ва хазорон афсуси дигар.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Хар айбе, ки аст дар мусулмонии мост.

Аз замони нузули ин дини хак агар муслимин бо амри этидол ва чашми хирад амал карда, аз руи ихлоси самими ва танхо ба хотири дарёфти рахмати Худо зиндаги мекарданд, имруз тамоми сайёра дар кафи Ислом буда, бани одам мусалмон. Мутаасифона одами, ки хамеша асири нафс, хашм ва чахли муракаб мондааст, аз ин баракат махрум гашт.
Аз рузи азал ихтилофу тафрикаро ангезаи дарёфти кудрат сабаб буду имруз низ бо хамон пайрохаи нохудогохи идома дорад. То фанои дунё чунин ихтилофот боки мемонад. Акалан барои муътадил будани вазъ ва эхтироми байнихамдигари мусулмонони башар бояд шинохти хамдигарро аз руи киммат ва кадрдонии арзишхо риоя кунад.
Имруз аксаран бародарони мо ба хотири он, ки дусти шиамазхаб ба сахобае беэхтироми кардааст, уро кофар ва дигар суханони нохуб гуфта, бо эхсосоти нихоят зиёд ба хадде бадбини мекунанд, ки уро баробари як чухуд ё бутпараст кабул надоранд. Ин гуна зиддиятхои тунд аз чониби ахли ташайюъ низ бехисобанд. Охир эй бародарон нахуст мо хама сохиби як дину бандаи як Худо ва минбаъд уммати як Паёмбарем, ки барои арчи хамдигар кифоя аст.
Дар ин маврид зиёданд гуфтанихо, вале бо умеди ороми ва осудагии мардуми мусалмон иктифо мекунем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон кутох карда гуям ки Шиа дин аст на Мазхаб.
Дини Шиа аз тарафи яхудихои форс бунён шуд то ташвиш дар дини Ислом ворид созад. Ин дини шиа дар асл аз номхои китобу худри мо истифода мебараду бо тафсири дигар бо тарихи дигар.
бовар накунед аз калимаи шаходат карда то охир ба мо ихтилоф доранд. худат дигар казоват кун.
Аммо дар бораи эшони Киёмдин гуфтаниям ки яке аз планхои эрон аст ки мехохад Хизбулои Точикистон ро бо дасти ин зархаридаш тасис дихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон ҳазф кунед ингуна мавзӯҳои ҷанҷолиро. Шумо ҳам мисли ОЗОДӢ мақолаҳои шиаву сунниро партофта ҷавононро маҷбур ба ду гурӯҳ ҷудо мекунед? Баҳсҳо ва ҷанҷолоҳое, ки дар фейсбук байни шиаву суннии тоҷик мешаваду дар натиҷа дашномгӯиҳои баъзеҳоро дида, аз чунин баҳсҳо нафратат меояд. Илтимос, шумо ҳам чунин накунед. Каме ба ҳамин сомонаи шумо таваҷҷӯҳ дорем, ҳаминро ҳам канда накунед.
Посух додан
  • Али

  • 15 ноябр 2013 18:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фазилати руза доштани Ошуро Бисмиллоҳ ассалоту вассалому ало Расулиллоҳ
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ бародарон ва
хоҳарони исломӣ! Расули Худо алайҳиссалом мову
шуморо ташвиқ кардаанд барои руза доштани рузи
9-ум ва 10-ум аз моҳи Муҳаррам, то аз савобе, ки
Худо ваъда карда аст бо насиб шавем. Пеш аз фарз шудани рузаи моҳи Рамазон, руза
доштани ошуро барои мусалмонон воҷиб буд,
Замоне, ки моҳи рамазон руза доштанаш фарз шуд,
руза доштани ошуро барои уммати ислом суннат
гашт. Дар ривояти Бухори ва Муслим омада аст, ки Ибни
Аббос разияллоҳу ъанҳу гуфтаанд: Замоне, ки
Расули Худо алайҳиссалом аз Макка ба Мадина
ҳиҷрат карданд диданд, ки қавми яҳуд рузи 10-уми
моҳи Муҳаррамро руза медоранд, пас Расули Худо
алайҳиссалом пурсиданд: Ин чи руз аст, ки Руза медоред? Дар ҷавоби ҳазрат гуфтанд: Ин рузе аст, ки
Худо қавми Мусоро (яҳудро) аз шарри душманашон
(фиръавн ва қавмаш) наҷот дода аст, пас аз он
имрузро Мусо алайҳиссалом руза доштааст. Расули
Худо алайҳиссалом гуфтанд: Ман шоистаам ба Мусо
аз шумо дида. Пас ҳазрат он рузро руза доштан ва амр карданд саҳобагонро ба руза доштани он руз. Руза доштани ошуро сабаби омурзида шудани
гуноҳони як сола аст, Дар ривояти Муслим омада аст,
ки Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: Умед дорам
аз Худо ба сабаби Руза доштани ошуро гуноҳони як
солаи пеш аз он рузро биомурзад. Суннат аст руза доштани 9-ум ва 10-уми моҳи
Муҳаррам, зеро қавми яҳуд фақат 10-уми моҳи
муҳаррамро руза медоштанд, Расули Худо
алайҳиссалом дуст доштанд 9-ум ва 10-умро руза
доранд. Имруз рузи Ҷумъа 5 моҳи Муҳаррам аст, рузи
сешанбе ва чоршанбе 9-ум ва 10-уми моҳи муҳаррам
хоҳад буд. Азизон! Барои руза доштани ин ду руз ҳарис бошед
ва ин фурсатро аз даст надихед, Аз Аллоҳ масьалат дорам аз мову шумо руза ва
амалҳои некамонро қабул кунад ва гуноҳонамонро
биомурзад ва охири ҳаётамонро ба хайр гардонад ва
қабрҳоямонро мунаввар намояд. Омин
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо Хусайну язид киемдину саидмукараму турачонзодаро як тараф монед як бор Ироки пас аз Саддамро бинед факат ва факат сунихо дар назди мачитхои шиахо таркиш ба вучуд меоранд ки садхо одамони бегунох мефавтанд Дигараш ин Покистон Афгонистон догистон чеченистон ва Точикистони солхои 90 хамаи инхо сунипарастандку ва то холо таркишу чанг идома дорад Пас ки аст чангхох ва одамкуш хулосабароред Сафедгуихои шумо ба ки даркор мансабталошони имондор
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ростгуй,
мухтори Себзори,
ГУШ КУНЕД БАРОДАРОН АВВАНАН, КИ ШИЪА НА ДИН АСТУ НА МАЗХАБ БАЛКИ ЯК ШОХАЕСТ, КИ БАЪДИ ПАЙГОМБАР (САВ) ПАЙДО ШУДААСТ, КИ АГАР ИН ШОХАИ ШИЪАРО БИДЪАТ ГУЕМ ХАТО НАМЕКУНЕМ МЕБАХШЕД ВАЙХО ГУМРОХШУДАГОНАНД. ВА СОНИЯН ИН, КИ ДАР ИРОК МАСЧИДХОИ ШИЪАХОРО НА СУНИХО БАЛКИ ДУЗДОН ГОРАТГАРОН ВА ФОСИКОНИ ВАХОБИ МЕТАРКОНАНД ВА БОЯД МО БИДОНЕМ, КИ ОН ВАХОБИХО СУННИ НЕСТАНД АГАР ЧАНДЕ, КИ ХУДРО СУННИ МЕНОМАНД ВА ХАМОН ВАХОБИХО ХАМ МОНАНДИ ШИЪАХОЯНД.
МЕБАХШЕД БАРОДАРОН АКСАРИЯТИ ШУМО ХОХ ТАСАВУРОТИ ИСЛОМИ НАДОРЕД ХОХ МАЗХАБ ФУРУШИ КАРДАЕД, КИ ШИЪАЮ ВАХОБИХОРО ТАРАФДОРИ МЕКУНЕД, ВА АГАР ТАЪРИХИ ИСЛОМРО ПУРРА МЕХОНДЕД ХАМАРО МЕФАХМИДЕД.
ХАЙР АЗ КУЧО ПАЙДО ШУД ИХТИЛОФОТ ДАР ИСЛОМ?
ДАР ИСЛОМ БАЪДИ ПАЙГОМБАРИ ГИРОМИ КАДР (САВ) ВАКТЕ , КИ АХЛИ ХАВОРИЧ ХАЗРАТИ МАЪОВИЯРО (Р) ХАЛИФАИ ХУД ИНИНТИХОБ МЕКУНАНДУ БАР ЗИДДИ ХАЗРАТИ АЛИ (Р) МЕЧАНГАНД АЗ ХАМОНЧО ПАЙДО МЕШАВАНД. ХАМИН ВАХОБИХОИ ХОЗИРА ХАМОН ХАВОРИЧИХОЯНД, КИ АЗ ФУРСАТХОИ МУНОСИБАШОН ИСТИФОДА БУРДА БИСЁРИ УЛАМОИ ИСЛОМИРО КУШТА НЕСТУ НОБУТ КАРДААНД, КИ ВАЙХО ХАМААШОН КАРИБ, КИ ХАМОН МУШРИКОНУ МУНОФИКОНЕ БУДАНД, КИ ИМОНИ ЗАБОНИ ДОШТАНД ВА ШИЪАХО ХАМ АЗ ХАМИН ВАКТ ПАЙДО МЕШАВАНД....
ВА САВОЛЕ, КИ БАРОИ ЧИ ЯК ДИН ДОРЕМУ БА СУННИЮ ШИЪА ТАКСИМ ШУДАЕМ БАРОИ ОН, КИ АВВАНАН ХАДИСИ ПАЙГОМБАР (САВ) АСТ КИ БАЪДИ МАН ИСЛОМ БА ХАФТОДУ ЧАНД (аз хафтоду ду то хафтоду хафт) ГУРУХ ТАКСИМ МЕШАВАД, КИ ЯК ГУРУХАШ ДОХИЛИ ЧАННАТ МЕШАВАД ИН ГУНА ГУРУХХО ДАР ТАМОМИ ДИНХОИ ДИГАР ХАМ ВУЧУД ДОРАД МИСОЛ ДАР ДИНИ МАСЕХИ ПРОВАСЛАВ, КАТОЛИК, ПРОТИСТАНТ, БАБТИСТ ВА ГАЙРАХО ВУЧУД ДОРАНД ЛЕКИН ВАЙХО БА МОНАНИ МО ДАР ДОХИЛИ ХУДАШОН ТАБЛИГОТ НАМЕБАРАНД МАН НАМЕДОНАМ ЛЕКИН ВАЙХО ХАМАВАКТ ЯКДИГАРРО МЕФАХМАНД ВА БО БОШЕМ АЗ ИН ТАРАФ ШИЪАХО ТАБЛИГОТ МЕБАРАНД АЗ ДИГАР ТАРАФ ВАХОБИХО ВА АГАР МО ХАМ МИСЛИ МАСЕХИХО ЯКДИГАРФАХМ МЕШУДЕМ БИСЁР ХУБ МЕШУД ВА ХОЛО ТАРАКИЁТИ ДАВЛАТХОИ ИСЛОМИ ДАР ЧОИ АВВАЛ МЕИСТОД ВА КАДОМЕ, КИ МИСЛИ КИЁМИДДИИ ГОЗИ ШИЪА ШУД БАХС НАКУНАД ВА ЧАНГЧОЛ ХАМ НАКУНАД ТАБЛИГ ХАМ НАБАРАД МИСЛИ ОДАМ ХУДАШ ХОМУШОНА ЧАШНАШ ГИРАД ХАМОН ОШУРОРО БИГУЗОР ДАР ИШКИ ИМОМ ХУСАЙН (Р) ХУДАШРО ДОР КАШАД.
ДАР ИСЛОМ ЧОР МАЗХАБИ ТЕНЧ ВУЧУД ДОРАД, КИ ЯГОНА АЗ РУИ ОДОБУ АХЛОКИ КОМИЛ КОР МЕКУНАНД ВА СУЛХУ САЛОХ ВА ЗИНДАГИИ ХУБРО ДАР ЧОИ АВВАЛ МЕБИНАНД.....
Посух додан
  • Dev

  • 16 ноябр 2013 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
" Ин ҳама аз бекорӣ ва беҳунарӣ аст". Durust, marde,ki sahar to shom sari korash ast , vakti ba in guna safsataho dastzani nadorad. In bahsi nimchadonohoe,ki harruz rishakoshona ravgan molida sui masjid meshitoband , az bekori.
Dini khristiani niesz ba shohahoi hele zijod judo mhavavoslad ( pravho, katolikho, evangelho, baptistho...) vale onho ,ki pojbandi ilmu adaband ba in kore nadorand. Mo hudamon dar asri 21-em , vale sari mankurtshudaamon holo ham dar hamon asrhoi hurofotist.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтори Себзори,
БАРАКАЛЛОХ БАРОДАРИ АЗИЗ МАГЗИ СУХАНРО НАВИШТИ МАН БОРИ АВВАЛ НАВИШТАЧОТИ ТУРО ПУРРА НАХОНДА БУДАМ МЕБАХШИ....
РИВОЯТЕ АСТ, КИ ДАЧОЛИ ЛАЪИН БО ХАФТОД ХАЗОР ЯХУДИИ ИСФАХОНИ БА ШАХРИ ШОМ ХУЧУМ МЕКУНАД ВА ИН БАРОДАРОНИ ЭРОНИРО ХАМ ХАМОН ЯХУДИХОИ ЭРОН ГУМРОХ КАРДААНД БА МОНАНДИ НАСРОНИХО..... БАРАКАЛЛОХ....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Рустам ман худата нафахмидам дар кадом дин ё мазхаб мебоши?
Агар бе дин боши ба ислом дахолат накун!
Агар Шиа боши такия накун рост гап зан!
Агар сунни боши магар аз ислом дифоъ карда наметавони?
магар коре Киёмидин мекунад хап шишта метони?
Хайфи инхел диндори ки аз динат дифоъ накуни.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтори себзори,
Мебахши мо аз дасти ин вахобихою шиъахои тафрика андоз фишори хунамон дах маротиба баланд шудааст ва ту холо хам нафахмидаи, ки мо дар кадом дину мазхабем...
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!