Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

Назарпурсӣ: 66 дарсад гуфтанд, ба интихобот нарафтаанд

15 ноябр 2013, 09:47

Зимни як назарпурсӣ, ки миёни хонандагони бахши русии сомонаи “Озодагон” гузаронда шудааст, 66 дарсад изҳор доштанд, ки дар интихоботи президентии 6-уми ноябр ширкат накардаанд.

38,4 дарсади иштирокдорони ин назарпурсӣ далели ширкат накарданашонро дар интихобот, дар он гуфтаанд, ки интихоботи ахирро таҳрим кардаанд. 21,5 дарсад гуфтаанд, ки аз интихобот худдорӣ кардаанд. Беш аз 6 дарсади иштирокдорони назарпурсӣ гуфтаанд, фурсати рафтан ба интихоботи президентиро надоштанд.

Миёни онҳое, ки ширкат доштаанд, 9,4 дарсад гуфтаанд, ки ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз додаанд, беш аз 8 дарсад ба тарафдории номзади дигар ва 15 дарсад изҳор доштаанд, ки ба интихобот рафта номи ҳамаи номзадҳоро хат задаанд.

Назарпурсӣ: 66 дарсад гуфтанд, ба интихобот нарафтаанд


Ин назарпурсӣ дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, аз 4 миллиону 201 ҳазору 156 интихобкунандаи сабтшуда дар Тоҷикистон, дар интихоботи 6-уми ноябр 3 миллиону 787 ҳазору 703 нафар иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон низ интихоботи 6-уми ноябрро баргузорнашуда гуфт, чун ба ҳисоби Зоиров дар интихобот ҳамагӣ 33 дарсади интихобкунандагон ширкат доштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ватандуст

  • 15 ноябр 2013 09:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Узр мехохам, лекин ин назарпурси аз хакикат хеле хам дур аст. Камаш 80% одамон ба интихобот рафтанд ва ба номзади дилхох овоз доданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон ба шумо як савол шумоён назар пурсии хуб гузарондед . Вале аз хами иштирок кардагон пурсиедми ки ба интихобост нарафта бошанд ба чои онхо падарашон ё модарашон рафтанми ё неми
Посух додан
  • курбон

  • 15 ноябр 2013 15:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ози ами як гап мегум и сайти шмора факат аму нахзатихо ва мухолиф будахо мехонан ба конечна кхели меган медонм ира соп намекнену хай навиштм нобут
Посух додан
  • Дуст дори хак

  • 15 ноябр 2013 22:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Курбон аз Худо наметарси?инхора нахзатихову мухолифо мехонан!сад хайф бо чунин андеша.
Посух додан
  • Озод

  • 17 декабр 2013 11:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахсан ман дар интихобот иштирок кардам! Шикастани конунхои интихоботро дар 5 дакикаи иштирок дидам. Одамон ба чои дигарон овоз медоданд ва касе аз коммисияи интихоботи ба ин халалдор нашуд!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!