Бахшҳо

Боздошти “муллои ҷинбарор” ба иттиҳоми қатли Руҳуллоҳи 19-сола

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як “муллои қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми куштори як муштарияш дастгир кардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Абдулвоҳид Қодирови 49-сола, сокини ноҳияи Панҷ, дар қатли Руҳуллоҳи 19-сола, гирифтори бемории руҳӣ гумонбар дониста мешавад. Абдулвоҳид Қодиров сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, аз соли 2008 инҷониб ҳамчун табиби мардумӣ ё муллои қасидахон фаъолият доштааст.

Ба гуфтаи мақомот, Қодиров рӯзи 5 июни соли ҷорӣ ҳангоми хондани Руҳуллоҳи 19-сола ба хотири баровардани ҷинҳо аз бадани бемор бо истифода аз корди худ зери лабу даҳони ӯро буридааст, ки дар натиҷа Руҳулло ба ҳолати шоки садамавӣ дучор шуда ба ҳалокат мерасад.

Вале худи Қодиров гуфтаҳои масъулини умури дохилиро рад карда, гуфтааст, ман бадани беморро чок накардаам: “Ман ба бадани Руҳулло танҳо кордро ҳамин тавр мондаву гирифтаам, бадани ӯро набуридаам. ”

Инчунин, мақомот афзуданд, ин сокини ноҳияи Панҷ барои баровардани ҷинҳо аз даруни Руҳулло бо 7 шохаи дарахт то шикастанашон ба бадани бемор задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иброз медорад, пайвандони Руҳулло ҳангоми шустани ҷасад дар бадани ӯ захми кордро низ мушоҳида кардаанд. Тибқи иттилои манбаъ алайҳи муллои қасидахон бар асоси моддаи 210-и қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар гузашта низ кормандони умури дохилии Тоҷикистон Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лӯчоби пойтахтро, ки маъруф бо номи “муллои ҷодугар” аст боздошт карданд. Асадулло Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муттаҳам мешавад.

Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябри соли ҷорӣ дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане, ки аз ӯ Зулола Раҳимова ном бурда мешавад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.
Мӯҳр
инхо ба хурофот бисер дода шудаанд як духтар хам худашро бача шудам гуфта дар шаби кадр фиреб дода буд мардумро бизнеси мулохои фиребгар

Tojik
вахие панч,
Hudovando Tojikonro az hurofot nigah dor.
Inhoro boz dored, jin pin durug ast.
Inho rohi osoni pulkorkuniro yofta mardumro fireb medihand.
Bigzor davlat qonun barorad,ki dar qalamravi TJ hurofot ma'n ast,vagarna az in badtar meshavad.
Baroi chi solhoi pesh mo nameshunidem jin chist?holo boshad kujoe ravi jin meguyand.Iltimos in millatro najot deh HUDOJON

Бекор
Одамро куштааст, бояд ҷавоб гӯяд.
Мардуми Тоҷикистон ҳануз ҳам бо фаҳмишҳои асримиёнагӣ зиндагӣ мекунад. Бояд ингуна "табибу табобатро" дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард. Бадбахтӣ дар он аст, ки худи раҳбарон ба ҷинбарориву қасидахонӣ боварӣ доранд ва баид аст, ки инро мамнӯъ эълон кунанд.

Бекор, Brodari aziz man ziddi hurofot hastam va lekin chihele ki tu gufti Jin-pin nest tu az din horij meshavi. Baroi on ki Hudovand dar Qur'on meguyad "Mo halq karden ins va jinro baroi ibodat".

Noza
ruton siyah shumo barin mullohoi shaitonparasta. sof dunyora jazir kaden. iqa baloi jina ai duruni khdt bbror ku!!! tajovuzkoroi nobakor! khalqi beaqla fireb meknevu zanhoi beandesharo beraha. sadqai nomi mullogi shaven!!!!

Said
Ba dushmanon yak dastak shuday da. Dar quron surai jin mavjud ast. Oyahoi farovon mavjud budani jinro isbot mekunad. Hadishoi farovon mavjud ast. Kase ki bovar nadorad u kofir ba quron gashtaast. Ba'dan kasone ki ba ruqiyaxoni va barovardani jin bovar nadorand yakbor dar chunin ruqiyaxoniho ishtirok mekarded ba'dan mefahmided. Holathoe meshavad ki jin sohibashro ba marg ovarda merasonad. Inguna holatho ahyonan surat megirad. Azin ru boyad hamajihata in hodisaro tahlil va bahodihi kard. Ulamohoi botajriba ham boyad dar rafti murofia ishtirok kunand va nazari onho ham ba inobat girifta shavad.

Баъди хондани ин макола ман ба хона баргашта онро накл кардам. Ба ман киссаи талхи яке аз хешовандонашро хамсарам накл кард. Яке аз духтарони хонавода бемор шуда аз харакат ва гап задан монд. Духтар дар синфи панч мехонд. Уро дар беморхонаи шахрчаи тибби ва Маркази миллии тибби табобат карданд. Натича набахшид. Яке аз табибон ба хешовандонаш маслихат медихад, ки мо табобати аз дастамон меомадагиро кардем ва уро муллоги кунед шояд шифо ёбад. Пас аз чанд мохи табобат дар назди табибон уро ба муллохои чинбарор бурданро сар карданд. Аз байн кариб як сол гузашт, чандин муллохо уро азоб доданд, вале натичае надод. Пас як табиби дигар сабаб шуда бемории чогари уро табобат мекунад. Баъд аз як мохи табобат саломатиаш бехтар шуда духтар ба гап медарояд. Амакаш ба дидораш медарояд, ки духтар дидан замон "уро аз наздам дур кунед, у маро ба назди муллохо бурда азоб медод" гуфта фаред мезанад. "Ту маро ба назди он чаллодон бурда дар азоб мемонди" мегуфт духтарак. Хамаи он кордзани, чубзани, сузанзаниро духтар хис карда ашк меронд ва муллохо бошад чинаш баромада истодааст гуфта уро азобу шиканча медоданд. Ин аст киссаи талхи он духтараки 11 сола, ки пас аз ташхис ва табобати мутахассиси сохаи тиб бо хуби анчомид. Боки саломат бошед.

Сулаймон
Хамин чинба бовар намекардагихоя якбор худашонба чин дарояд баъд бовар мекунанд. Озодагон чоп кунед!

Муллохо чихели хастан нестан чнозатон мекунанд .шумо борин (ноза ноза хоро).озодагон илтимос

Хонанда
Tojik,

Дустам, чину шайтон дуруг нест. Дар Куръони карим омадааст, ки "мин ал чиннати ваннос". Чинхо ба бадани инсон ворид мешаванд, вале на ба хама. Чинхо низ офаридаи Худованд хастанд ва ба мавчудияти чинхо бовар накардан маънои ба Куръони Карим бовар накарданро дорад. Ман илми оли дорам ва дар яке аз кишвархои Гарб ба сар мебарам. Ва ба мавчудияти чину шайтон боварии комил дорам. Хар инсоне метавонад чин дошта бошад. Чинхое, ки зарари кам доранд, бисёре аз мардумро хамрохи мекунанд. Он холате, ки як инсон бе сабаб ошуфтахолу пургазабу рухафтода мешавад, кори чинхои уст. Аммо чинхое пурзарар низ хастанд, ки акли инсонро хароб мекунанд. Барои аз чинхо озод будан бояд хамеша дар ёди Худованди Таъоло бошед. Аз хама хуб барои рондани чин се сураи огозашон бо "Кул" ва Ояталкурси аст. Чинбарори дар Гарб хамчун экзорсизм маълум аст ва рухониёни масехи низ касидахони мекунанд. Вале барои баровардани чин сураи Ояталкурси басанда аст ва истифода аз корду чуб дуруст нест.

Як нукта баса агар шуур аст,
варна чу чарог пеши кур аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)