Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:41

ҲХДТ пешниҳоди Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро ғайримантиқӣ гуфт

15 ноябр 2013, 11:23

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон пешниҳоди Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломиро дар мавриди даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвият дар ҲХДТ тааҷҷубовар ва ғайримантиқӣ хонд.

Усмон Солеҳов, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯяд, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломи кишвар салоҳият надорад, ки даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвият дар ҲХДТ-ро пешниҳод кунад. Солеҳов афзуд, ки Анҷумани ҲХДТ бо аксари оро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро раҳбари худ интихоб намудааст ва даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвияти ин ҳизб ба салоҳияти худи ӯ вобастааст, на ба пешниҳоди кадом як гуруҳ.

Сухангӯи ҲХДТ изҳор дошт, ки аз ин пешниҳоди Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар тааҷҷуб мебошад, чун чӣ гуна як ҳизб пешниҳод мекунад, ки раҳбарияти ҳизби дигар аз симаташ даст кашад.

Солеҳов дар посух ба суол, ки даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвияти ҲХДТ, ки ҳоло ҳамчун ҳизби қавии сиёсии кишвар маҳсуб мешавад, чӣ пайомаде ба ин ҳизб хоҳад дошт, гуфт: “Албатта, дар бисёр маврид обрӯву эътибори як ҳизб ё муассисаю ташкилот ба раҳбари варзидаю муваффақаш вобастагӣ дорад. Яъне ҳатман таъсир мерасонад. Бахусус раҳбари ҳизби мо, ки ин қадар хидматҳое кардааст.”

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо пахши як баёния мавқеи ин ҳизбро нисбат ба раванд ва натоиҷи интихоботи президентии 6 ноябр эълон кард. Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо зери бори танқид қарор додани ҳукумати кишвар ва надоштани иродаи сиёсӣ барои интихоботи шаффоф гуфт, ки ин ҳукумат боварии мардумро алакай аз даст додааст. Вале ин шӯро изҳор дошт, ки бо вуҷуди ин ҳукумати нав ҳанӯз фурсат дорад барои ба даст овардани эътимоди мардум ва дар ин бора чанд тавсияҳое низ, аз ҷумла даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвияти ҲХДТ-ро ироа карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Коршинос

  • 15 ноябр 2013 11:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кани Кабири аз раси ХНИт даст кашад ва хамчун пешвои сиёсии нерухоои сиёси ва чомаи шахрванди бимонад,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин рахбари шумо чи хидматхое карда аст?
Посух додан
  • Дилёб

  • 15 ноябр 2013 13:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Усмон Солеҳов, бародар хамин вокуниши содалавхонаи туро хонда ба кавле "говро ханда мегирад. Акнун ту бо ин навиштаат мардумро бовар кунонидании, ки хамин Рахмонов пайваста пушти пиз нишаста барои ин хизб кор мекунад? хандаовар..... Солехов, Гарибшо Компания, Афанди дар охир хахахахахах!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахбарияти ХХДТ бештараш саводи сиёси надорад мегуфтанд,на он кадар бовр мекардам.На танхо ХНИТ,балки хар як шахрванд хукуки пешниход кардан дорад.Пешниход пазируфта мешавад ё хайр,ин масъалаи дигар аст.Дигараш Имомали Рахмон на танхо рахбариХХДТ,балки раисчумхури Точикистон мебошад.8 млн. ахоли на танхо хукуки пешниход,балки талаб карданро низ доранд.Хамчун интихобкунанда талаб менамоям,ки И.Рахмон аз симмати раисиХХДТ истеъфо дихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап агар азои хизб 230хазор бошад пас мантикан дархости кабири дуруст аст чунки ахолии Точикистон 8 млн аст ормонхои хизб ба дарди ахоли мерасад е не Аз чониби дигар кабири хамон косалеси Ххдт аст ки боз ба пешниходхои беманиаш хамхизбонашро ба головаломка медарорад
Посух додан
  • хусайн

  • 15 ноябр 2013 23:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар президенти мардуми узви хизб бошад кучост мантик?
Посух додан
  • tojik

  • 17 ноябр 2013 11:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хусайн,
hamai prezidenthoi dunyo rohbari hizband.

ami zoirufu kabiriri boyad hizbhoyashonro maxkam kunand-chunki az dastashon hej chiz nayomadu nameoyad.gapi shumo na tanho bema'ne kadreham nadorad.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!