Бахшҳо

Арзи Мӯъмин Қаноат ба Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пирӯзияш

Муъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон дар як арзномае ба президенти тозаинтихоби кишвар гуфтааст, бовар дорад, Эмомалӣ Раҳмон дар ин чанд соли тақдирсоз, ки ба гуфтаи ӯ ба ҷаҳиш монанд аст, дархостҳои ҳарифон ва дӯстонро ба назар мегирад.

Дар ин арзнома, ки рӯзномаи “ИмрӯзНюс” дар шумораи ахири худ нашр кардааст, ҷаноби Қаноат гуфта, ки интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 6 ноябр чанд сабабро дар амал нишон дод: “Дар ин ҷо се амр нақши асосӣ доштанд; амри ҳақиқат, амри воқеият, амри зарурат”.

Шоири халқии Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи амри ҳақиқат Тоҷикистон дар марҳилае қарор дошт, ки барномаи рушд ва созандагӣ пурра ба анҷом нарасида буд ва дар атрофи он сару садоҳои мухталиф баланд мешуд. “Намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи зиёиёни демократ ба ҷои барномаи муваффақ ва мувозӣ (алтернативӣ) пешниҳод кардан ба бозгӯи камбудӣ ва норасоиҳо, ба таҳқири шахсиятҳо ва аҳли аёли онҳо пардохтанд. Ин ҳолат дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он берангӣ ва бебориро ба вуҷуд овард”,-навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи Муъмин Қаноат аз рӯи амри воқеият он чи бунёд шуда буд - роҳҳо, нақбҳо, шаҳрҳо пайкараҳо инсонҳо ба як нимоди холӣ ва камарзиш табдил ёфтанд. Аммо ӯ меафзояд, ки бо тақозои амри зарурат дар ин давраи созандагӣ, мувофиқи қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, бояд сармоя андӯхт.

Вай афзудааст, "мардуми огоҳ ва ватандӯсти Тоҷикистон худ ба худ ба хулосае омаданд, ки барои онҳо имрӯз сулҳу субот, ваҳдат ва ягонагӣ, ба анҷом расондани барномаҳои рушди Тоҷикистон аз ҳама муҳимтар аст. Натиҷаҳои райъдиҳӣ изҳори ҳамин самимияти мардум буд. Бояд шукр гузорем, ки тақдир барои мо чунин имкониятро дод, ки ормонҳои гузаштагон ва имрӯзиёнро барои фардои дурахшон дар амал татбиқ кунем, аз рӯи қонунмандӣ маъруфияти нав”.

Ин дар ҳолест, ки Муъмин Қаноат се соли қабл дар як суҳбати ихтисосӣ бо нашрияи мустақили “Миллат” гуфта буд, “то ҳоло ҷанги шаҳрвандӣ тамом нашудааст ва бо шаклу шеваҳои дигар давом дорад”. Ин нуктаи назари шоири мардумии Тоҷикистон дар маҳофили мухталиф сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Аммо ахиран Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри таърихии Карон, ки Мӯъмин Қаноат яке аз муаррифгарони он аст, боздид анҷом дод.
Мӯҳр
Бахси шахри Карон, тахавулотеро дар афкори олимони таъриху тааддун ба вучуд овард, пас андешаи устод Каноъат хам наметавонист дар пасманзари бархурди андешахои олимони минтакаи мавриди назар тахавулот пайдо накунаду чуз Рахмон каси дигаре созандау начотбахш набинад.

Беном
Ман рости ба шоирхои хамин хозира хайрон мешам? Як бор бар зидди Хукумату Президент хар гап зада чанг мехохан боя яки мебини шоири дарбори шудиян хамин Бозору Муъмин о шумора дар сиёсат чи мондиян хап шеър навишта гардетон охи рост мегуд хамун Тутульбаева

Хамину Бозор дар як колабанд. Чавр бинанд меноланд, неки бинанд меболанд. Тамалуккори мекард Айниро беасос танкид кард бад пушаймон шуду фикраша дигар кард. Сари вазифаба инхел гапхо намегуфт, аз мансаб гирифтандаш сар кард. "орзуи касри Сомонро тамошо кардан доредми?-устод Каноат!"

Ростиро набувад хеч заволе ба чахон,
Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад.

хусайн
Ин хам мисли бозор сохиби манзил шуданист.

Рости банда дар таҷрибаи 50 соли зиндаги аз шоирони Тоҷикам собитқадамиро дар он чи менависанд надидам. Аз худгузари ийсор бахотири миллат ва кишвар дар инҳо дида намешавад. Шоире ки воқеан мардуми ва миллатдуст бошад ҳамеша бояд аз дардy ғам ва мушкилоти халқаш нависад ва бо ин навиштаҳо ҳақиқати ҳолро ба раҳбарони болои бирасонад. Вале афсус ки шоирони Тоҷики мо ақида ба ҳеҷ чизе надоранд ва ҳар вақте ба инҳо мансаб ё маблағе пешниҳод гардад аз ҳақиқатгуи боз меистанд то он даме ки еҳсос карданд дигар ба инҳо таваҷyҳ нашyд нолишy танқидро сар мекунанд. Ин магар роҳи мардонагист? Мард ҳамеша бояд мард бошад. Калавиданҳои шоиро сиёсатмадоро ва руҳониён дар мавриди гуфтани ҳақ амрест манфур ва сифатест ки аз он буи нифоқ миояд.

Карим
Рост гуфтаи бародар.

аккалан худро шоир наноманд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)