Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Интихобот баргузор шуд, ё нашуд? Баҳси Зоиров ва КМИР дар додгоҳ

15 ноябр 2013, 16:00

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), рӯзи ҷумъаи 15 ноябр аз болои Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд.

Ӯ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, алакай аризаи худро ба додгоҳ супурда, тақозо кардааст, КМИР ҳузури 93 дарсади раъйдиҳандагон дар интихоботи 6 ноябрро бо санадҳо исбот намояд. Оқои Зоиров афзуд, “аризаи мо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи афроди қобили раъй ва беэътибор донистани интихоботи президентии Тоҷикистон мебошад.”

Раиси ҲСДТ қаблан бо пахши як изҳорот интихоботи 6 ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, анҷомид, баргузорнашуда эълон намуд. Вай гуфта буд, таҳлили дақиқи омори воқеӣ ва шароити баргузории интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, натиҷаи назорати интихобот чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, аз он шаҳодат медиҳад, ки интихоботи президентии 6 ноябри соли 2013 баргузор нашудааст.

Вай мӯътақид аст, дар интихоботи президентии ахир, камтар аз 33%-и овоздиҳандагон иштирок намудаанд: “Ин дар ҳолест, ки агар ин нишондод ба 50%-и овоздиҳандагони дохили кишвар баробар бошад, шумораи овоздодагон дар берун аз Тоҷикистон 5%-ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки тибқи қисми якуми моддаи 66 Конститутсияи Тоҷикистон, ки иштироки беш аз нисфи интихобкунандагонро талаб мекунад, интихоботи президентӣ баргузор нашуд.”

Аммо Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи президентии 6 ноябрро баргузоршуда эълон намуда, таъкид медорад, ки дар он беш аз 90 дарсади интихобкунандагон ширкат намуда, 84,23 дарсади овозҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, соҳиб шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Халк

  • 15 ноябр 2013 19:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хамин бародари "УЗБАК" солхои 90 ба Точи кист он намеомад, ки бори нанги хамин мардуми манкуртро мекашид. Шукронаи ХУДОИ БУЗУРГ, ки уро ба мо тчкистон фиристод. У прeзиденти ман аст!!!
Посух додан
  • хусайн

  • 15 ноябр 2013 19:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
210хазор овоз барои сабти ном чамъ куниву 40хазор овоз нагири.шафшаф нагуед!
Посух додан
  • tojik

  • 17 ноябр 2013 11:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tu donovu in namoyandagoni xorijivu doxilie ki nazorat meburdan intixobotro nodonu beakland?mo tojikon tarafdori rahmonem kase tarafdor nest tojik nest xai naforashon binitona bgazen.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар як одам ба чои дах ва зиеда одамон овоз додаро ба назар нагирем дар хакикат Чаноби оли дар интихобот галабаи комил ба даст овардааст Ягон чои шаку шубха нест
Посух додан
  • Точик

  • 18 ноябр 2013 15:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд Суди оли аризаи уро ба барраси нагирад зеро
1. Омори овардаи у дакик нест зеро наметавонад омори анику мушаххасро ба суд пешниход намояд
2. Субекти интихобот набуд зеро номзад надошт ва чигуна сурат гирифтани интихобот барои хизбе ки номзад надорад чи ахмият дорад?
3. дигар асосхо зиёданд ва худи Зойиров агенти узбакистон аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!