Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Дар Facebook боз як навори видеоии "шаҳиди қазоқ" пайдо шуд

15 ноябр 2013, 16:33

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук боз як навори видеоии “муҷоҳиди қазоқ” дар ҷанги Сурия дар чархиш аст. Бино ба иттилои торнамои nur.kz ин наворро корбаре бо номи Алмас Жумагулов ҷой додааст.

Дар ин видео, ки беш аз панҷ дақиқа идома мекунад, марде дар даст автомати Калашников бо забони қазоқӣ мегӯяд, ки “ҳоло барои шаҳид шудан меравад”. Бино ба гуфтаи ин мард мошин ҳомили маводи мунфаҷира аст.

Аммо ба навиштаи торнамо, бархе манобеъ таъкид кардаанд, ки ин навори куҳна аст, ки ҳамин ҳоло ба интернет роҳ ёфтааст.

Қаблан як навор дар Youtube перомуни “муҷоҳидони қазоқ дар Сурия” сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон 14 ноябр дар изҳороте гуфтааст, шаҳрвандони Қазоқистон, ки барои “ҷиҳод” ба хориҷа мераванд, барои ҷомеа мушкили ҷиддӣ эҷод мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!