Бахшҳо

Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, пас аз гирифтани шаҳодатнома ва рамзҳои президентӣ дар Кохи Миллат ба Кохи Сомон ҳозир шуда, дар ҳузури намояндагони парлумон ва аъзои ҳукумат савганд ёд кард, ки кафили риояи Сарқонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хоҳад шуд.

Раҳмон қасам хӯрд, ки дар замони президентияш содиқона ба халқу Ватан хизмат хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки интихоботи 6-уми ноябр бори дигар нишон дод, ки ваҳдату фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо аст. Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дохилу хориҷ қарор доранд, барои он, ки роҳбарии давлатро бори дигар ба ӯ бовар намудаанд, изҳори минатдорӣ намуда, таъкид дошт, тамоми ҳастияшро равона мекунад, то сазовори боварии мардум бошад.

Раисиҷумҳур изҳор дошт, ки аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш, ҳар рӯзи ҳаёташро барои пешрафти Тоҷикистон бахшидааст. Раҳмон ба номи Худо, ба хотири хоки Тоҷикистон, ба ҷони беш аз 8 миллион шаҳрванди Тоҷикистон савганд ёд кард, ки тамоми нерӯ ва ҳаёташро барои рушди Тоҷикистон мебахшад: "То ҷон дар бадан дорам барои муҳайё кардани шароити зиндагӣ барои ҳар хонавода заҳмат мекашам ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо мекунам. Ман ҳамон Раҳмони соли 1992 ҳастам, ки ваъдаи ҷавонмардона дода будам, барои Тоҷикистон хизмат мекунам. Шукрона мекунам, ки боварии мардумро ба даст овардаам ва барои ин боварӣ сари таъзими худро назди мардум фуруд меоварам."

Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш зикр карда, вазъи номуътадили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онро ёдрас намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Раисиҷумҳури тозаинтихоб дастовардаҳои мавҷударо нокофӣ хонда, таъкид намуд, ки 7 соли оянда барои рушди босуръат замина хоҳад гузошт ва талош мекунад дар Тоҷикистон шароити арзанда барои зиндагии ҳар шаҳрванд муҳайё гардад. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки ба ин ҳадафҳо ноил хоҳанд шуд, агар ҳама муттаҳид гарданду монофеи миллату ватанро аз ҳама чӣ боло гузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон, маҳз 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд, зимни иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуда буд. Инак пас аз 21-соли расо Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, дигарбора зимоми қудратро дар Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда ба даст гирифт.

Дар ҳамин ҳол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комисюни маркази интихоботи кишвар, дар Кохи Миллат изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо баёни озоду шаффофи иродаи мардум президенти Тоҷикистон интихоб шуд ва ба ӯ шаҳодатномаи президентиро супорид.

Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои раисиҷумҳури кишвар, ливо ва нишони президентро тақдим кард.

Пас аз маросими савгандёдкунии Раҳмон дар ҳузури намояндагони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, ӯ ба майдони Дӯстии Душанбе раҳсипор шуд ва дар ин ҷо гузашти ҳарбии беш аз 5 ҳазор корманди ниҳодҳои қудратиро назорат хоҳад кард.

Ҳаракат имрӯз дар маркази Душанбе манъ буда, донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ба кӯчаҳо рехтаанд. Одил, як донишҷӯи соли сеюм дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муаллимҳо дар донишгоҳ таҳдид намуданд, ки дар сурати ҳозир нашудан ба истиқболи президент аз донишгоҳ хориҷ хоҳанд шуд: “Мо аз ду тарафи роҳ истода, вақти гузаштани президент парчамафшонӣ мекунем.”

Дар ҳамин ҳол тадобири шадиди амниятӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯён боиси он шудааст, ки дар марказ гаштугузор мушкил шуда, бархе аз коргарон натавонистанд, саривақт ба ҷои кор ҳозир шаванд. Ғанӣ, як сокини Душанбе мегӯяд, 1,5 соат боз саргардон аст, лекин то ҳол натавонистааст, аз маҳаллаи Қара боло ба корхонааш, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода воқеъ аст, ҳозир шавад.


Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)

Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)

Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)

Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)

Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)

Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)

Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)
Мӯҳр
Шам
Агар Худоро мешинохт, зидди ислом амал намекард!!!

Хонанда
Рохравихову нишони гардан мисли император, вале мардум кашшоку мардикор.

НЕЪМАТ
САЛОМ. ХОНАНДАГОНИ ОЗОДАГОНИ ТОЧИКИСТОН. АВВАЛО МУБОРАКБОДИИ ХУДАМРО БА САРВАРИ ХАЛКИ ТОЧИКИСТОН ЧАНОБИ ОЛИ ЭМОМАЛИ ШАРИПОВИЧ РАХМОНОВ МЕРАСОНАМ МУБОРАК БОШАД.МАН ГУФТАНИ ХАСТАМ БА ОН КАСОНИ КИ, НОШУКРИ ДАР ТОЧИКИСТОН ДОРАНД ВА ГАПХОИ НОХАК ТАРИКИ ИНТЕРНЕТ БА ЭМОМАЛИ МЕГУЯНД ХАМРОХАШОН ХАМЕША ШАЙТОНАСТ. ХУД ПАЙДОИШИ ОДАМ 39 РУЗ ГАМУ ЯК РУЗ ШОДИ БИНОБАР ИН ХУДОВАНД КАСИРО БОЮ ДЕГАРИРО КАМБАГАЛ НА ХАМАРО ЯК ХЕЛ БОЯД БАНДА ШУКРГУЗОР БОШАД ИНШООЛОХ БАРАКА МЕЁБАД. ТОЧИКИСТОН ХЕЛО НООРОМ БУД ХАТТО ОДАМОНЕ БУДАНД КИ ТУ КИШЛОКИ МАН ШАХРИ ГУФТА ДАШНОМУ ЛАТУ КУБ МЕКАРДАНД. АГАР ДАР ТОЧИКИСТОН СУЛХ БОШАД ИНШООЛОХ ПЕШ МЕРАВАД БАНДА БО УМЕД ШАЙТОН НОУМЕД. ЯК ОРЗУЕ ДОРАМ АГАР ХАМЕН ГЭСИ РОГУН ПУРРА БА КОР МЕДАРОМАД ДУШМАНХОИ ДОХИЛУ ХОРИЧИ ЗЕРИ ЗАМИН МЕРАФТАНД. Х,АР КИ БО МО ДУШМАНАСТ У БО ХУДО ДУШМАН ШАВАД.АГАР РОХБАРХОИ ТОЧИКИСТОН БО ЭМОМАЛИ ЯК ДИЛ БОШАНД ХУДОХОХАД ТОЧИКИСТОН ПЕШ МЕРАВАД.ОЗОДАГОН ЧОП КУН ХАТМАН, ХАТО ДАР ШАБАКАХОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ САДО ДИХАНД.

Бо Худодод ту бахилиро мачу эй чони ман, Ризки худ дар зери по мониву расвоят кунам!

inshoalloh xub meshavad.zinda boshed janobi rahmon.

Бе свет
Охо касам хри сар шдаст аммо свет надоремку бо хамон солхои 2008–2009 бе барки сар шид гамтона хрен мардум свет намешава

Шам,
tu agar xudo dustdor boshi rohbaratro bad namegufti-chunki 5000maschid-universiteti islomi-madrasahoi islomi inhoro ki ijozat dod ki sozed?ki peshi xudo gunahkor ast?-nafarone ki inhoro soxtanu ijozat dodand yo ki nafarone ki baxelivu hasudxurivu tuhmatchiand?

Шам,
Шам,
Isholloh xubmeshava hamash shukronai alloh kadan darkor

rohravi-suxanroni-sikavu suratu zeboi-jasuriro prezidenti tojikon doradu xalos.

Муаллим
Ба Хонанда Агар туро Худо кашоку харзагу офарида бошад, айби Рахмон чист?

Ба Харзагуён!
Дигар аз ин гапхои Шумо ягон суде нест. Ягона рох мехнат карда бо дилу нияти нек зиндагиро пеш бурдан лозим. Ин гапхои Шумо дигар дар момаи Сайлигули мо низ даркор нест. Кор кунену бой шавен. Ба гайбат агар обру мегирифт Додочони Атовулло мегирифт.

хусайн
Дохии факирон,камбагалон,бечарогон,шукргузорон...

Мусулмон
Сураи Бакара. Ояти 114. "Кист ситамкортар аз он ки манъ кард масҷидхои Худоро аз он ки ёд карда шавад номи Худо дар
онхо ва дар вайрон сохтани онхо кӯшид? Раво нест дар он масҷидхо ҷуз бимноку тарсон дохил
шаванд ва насибашон дар дунё хори ва дар охират азобе бузург аст!

Шам,

Гам махур, бародар. Худованд доност ва чазои хама душманонашро хохад дод.
Сураи Бакара. Ояти 114 "Кист ситамкортар аз он ки манъ кард масҷидхои Худоро аз он ки ёд карда шавад номи Худо дар
онхо ва дар вайрон сохтани онхо кӯшид? Раво нест дар он масҷидхо ҷуз бимноку тарсон дохил
шаванд ва насибашон дар дунё хори ва дар охират азобе бузург аст!"

churka
agar ba qasamosh vafo mebud, 20 sol pesh bejon memond!

Чаноб бехтарин одамай

....
Sheri Nar tabrik Dar panoxi Xudo boshi.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)