Бахшҳо
16 ноя 2013 12:19Тоҷикистон / Сиёсат

Савганди садоқати Хайруллоев ба Эмомалӣ Раҳмон

Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми ноябр, дар ҳузури 5 ҳазор низомӣ дар майдони марказии Дӯстии шаҳри Душанбе қасам ёд кард, ки низомиён ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ содиқ хоҳанд буд.

Хайруллоев қасам ёд кард, ки Сарқонун, қонунҳои Тоҷикистон ва амру фармонҳои Эмомалӣ Раҳмонро бечунучаро иҷро карда, ҳушёриро аз даст нахоҳанд дод. Вазири мудофиа бо ваъдаи ҷонфидоии низомиён барои ҳифзи марзу бум ва сохти конститутсионии Тоҷикистон таъкид намуд, ки агар савганди имрӯз ёдкардаашонро шикананд, бигзор ба нафрати халқ гирифтор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ кормандони сохторҳои қудратиро ба ҳифзи исиқлолият, сулҳу оромӣ даъват намуда, ваъда дод, ки талошҳоро барои беҳбуди шароити кору зиндагии низомиён бештар хоҳад кард.

Пас аз ин бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар аз Вазорати мудофиа, Кумитаи амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар маркази Душанбе гузашти ҳарбӣ сурат гирифт.
Мӯҳр
Бекорчи
Озодагон имруз гайри касамхури дигар ягон хабари нав надорадми?

Мазҳакае беш нест. Бист бор савганд мехӯред? Бисту як сол боз дар ихтиёри ҳамин одамед. Ин гуна шакли савгандхӯриҳо дар ҷомеъаҳои аз лиҳози сиёсӣ ноором сурат мегиранд. Президент мехоҳад боз як маротиба боварӣ ҳосил кунад, ки қуваҳҳои мусаллаҳи кишвар бо ӯянд, на бо Сарқонун.

Хайруллоев, Даххо модарони точикро бе фарзанд карди зери шиори "Мо мехостем Хоругро тарсонем"

Ozodagon!!! Shumo ham rangi Asia Plus namondani comment-horo sar karded... MEtarseeeeddd????
Diruz man comment NAVISHTA BUDAM, DAR BORAI HAMIN MAQOLA.

Rahmat, Ozodagon !!! Shumo yagona matbuot dar Tojikiston, ki metavon ba shumo bovar kard. Baroyi hamin faoliyataton dar "Tojikiston" avval ba shumo salomati, ozodi va honaobodi ba yako yaki shumo az dargohi Hudoi Ta'olo khohonam!!!

И Генерал полковник бо боварари савганд ёд кард, 7 соли дига Вазир мемонда боша. Ба нафака намеравад. Хе и ВАЗИФА ачаб ширинаст. Ай дасти и сарсафедора дига да нуктахои фуруш ранг барои муи сафеда сиёх кардан намондаст, ки гуян холи мо чавонем. Ба соли нафака нарасидаем.

Чахон,
Дар ватани мо амали хукуматдорон дар кор нест Касам даркор...
Касам хур коркардан гир то мурдата..
АГАР ТУ ХАМ ХОХИ, КИ КОРГАРИ БАЛАНД МАРТАБАИ ХУКУМАТ ШАВИ РАВ ПЕШИ ПРЕЗИДЕНТ ВА БО ОВОЗИ БАЛАНД ЯК КАСАМ ХУР БО ЧИЗЕ, КИ ХОХИ ТАМОМ ТО ВАКТЕ, КИ ЗИНДАИ ВАЗИРИ.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)