Бахшҳо
16 ноя 2013 13:31Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти Эшони Оятуллоҳ ва орзуи барбодрафтаи сокинон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини кишвар, маъруф ба Эшони Оятуллоҳро ба иттиҳоми фиребгарию тақаллубкорӣ боздошт кардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Оятуллоҳ Саидов, маъруф ба Эшони Оятуллоҳ дар ситонидани маблағ бо роҳи фиреб аз шаҳрвандони қасди зиёрати Хонаи Худо дошта муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини кишвар худро писари роҳбалад ба зиёрати Хонаи Худо гуфта, ба мардум ваъда медодааст, онҳоро ба ҳаҷ мефиристад. Вале баъд аз гирифтани маблағ ва шиносномаҳо то як муддат ғайб мезанад.

Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, ҳоло бар асоси шикоятҳои нафарони ҷабрдида, маълум карда шудааст, ки Эшони Оятуллоҳ аз Зубаралӣ Хайруллоев 4 ҳазору 100 доллар, аз Исломбек Камбаров 8 ҳазору 900 доллар, аз Ҳисорӣ Саломов ва Маҳмадюсуф Ҷӯраев 8 ҳазор 200 доллар гирифта, ба онҳо қавл додааст, ки имсол ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф хоҳанд шуд.

Зубаралӣ Хайруллоев, яке аз нафарони қасди зиёрати Каъба дошта мегӯяд, эшон ба хонаи ҳамсояи ӯ омадаа гуфтааст, падари ман роҳбалад аст ва шаҳрвандонро ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати Хонаи Худо мебарад. Ин сокинони фиребхӯрдаи кишвар мегӯянд, дар ҳоле аз “ҳиллаву найранг”-и Эшони Оятуллоҳ огоҳ шудаанд, ки маросими сафарбаркунии зоирини тоҷик ба Арабистони Саудӣ поён ёфт. Ҳисорӣ Саломов, ҷабрдидаи дигари ин қазия мегӯяд, “ҳангоме ки ҳамаи ҳоҷиҳо ба Арабистони Саудӣ парвоз карданду мо мондем, назди Эшони Оятуллоҳ рафта, асли қазияро пурсидем. Ӯ баъд аз узрхоҳии зиёд гуфт, пулҳоятонро баргардонида медиҳам. Аммо ҳанӯз на шиносномаҳои хешро дидаему на пулро.”

Бобои Раҷаб, яке аз пиронсолони дигари тоҷик, ки бовар дошт, Эшони Оятуллоҳ ӯро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристад, илова кард, ки ҳарчанд ба суханони Эшони Оятуллоҳ дар мавриди бозпас гирифтани маблағаш бовар намекунад, вале дигар чорае низ ҷуз эътимод кардан надорад: “Чун чӣ кор кунем, ба куҷо ва ба кӣ бовар кунем?”

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки мавриди ҳиллагарии Эшони Оятуллоҳ қарор гирифтаанд, метавонанд, ба шуъбаҳои корҳои дохилии худ муроҷиат кунанд. Иштирок дар маросими “Ҳаҷ” барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба як мушкили умда табдил ёфтааст. Аз сабаби норасоии квота барои иштирок дар ин маросим бархе аз сокинони кишвар маҷбур мешаванд, то бо роҳҳои дигар ба Арабистони Саудӣ сафар намоянд ва ё ба ин гуна “эшонҳои роҳбалад” бовар кунанд.

Ҳарчанд Арабистони Саудӣ ҳар сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор квота ҷудо менамояд. Вале бояд гуфт, ки ин нишондод ҳанӯз ҳам барои атбои 8-миллионаи Тоҷикистон кам эҳсос мешавад. Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазору 300 нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка сафар карда буданд.
Пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Оқибат поён расад даврони ҳиҷрон ғам махур
Талъати ёрам шавад рӯзе намоён ғам махур. Офтоб рӯи ҷонон аз уфуқ сар мекашад,
Саҳнаи офоқ гардад нурборон ғам махур. Шомгоҳи ғам саҳар гардад, ту бетобӣ макун.
Шоми ҳиҷрон рафту ояд васли ёрон ғам махур Ҷомаи ъисёну туғён дур кун, онгаҳ биё
То диҳандат ҷомаи парҳезгорон ғам махур Пири Канъонро бигӯ аёми ғам поён гирифт
Мерасад аз Миср бӯйи шаҳсаворон ғам махур Дар тариқат, ишқу мастӣ боядат маҷнун шудан.
Чун чунин гаштӣ барандат сӯйи ёрон ғам махур Аз фироқи ёри ғоиб(носиран) ғамгин мабош
Оқибат поён расад даврони ҳиҷрон ғам махур.

Бовар
Ин ҳоҷиҳои мо нахуст худи Тоҷикистон ва зиёратгоҳҳои машҳури Осиёи Марказӣ, шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро, ки даҳҳо ҷойҳои таърихиву зиёратӣ дорад ва ҳамчунин шаҳрҳои Балху Шероз, Исфаҳону Машҳад, Ҳироту Ҳамадон... ки мо он шаҳрҳоро гаҳвораи тамаддуни худ низ медонем, дида зиёрат кардаанд? Бовар дорам, ки аз сад нафар як нафарашон ин ҷойҳо ва шаҳрҳои бостониву муқаддаси моро надидаанд ва ҳатто дар ин бора гумон аст, ки фикре ҳам карда бошанд... Аз ҷониби дигар, чун Тоҷикистони мо як кишвари қашшоқу нодор аст ва мардумамон дар сатҳи пасти зиндагӣ қарор доранду баъзе хонаводаҳо нони хӯрданӣ ҳам надоранд ва фарзандонашонро бо доруву дармон ва омӯзиши дуруст таъмин карда наметавонанд, ба ҷо овардани ҳаҷ то чи андоза аз нигоҳи ахлоқӣ барои мо, тоҷикон дуруст бошад?.. Донишмандонамон мегӯянд, ки Макка чи равӣ, дилеро дарёб. Магар дуруст нест, ки ба ҷои Макка рафта бо ин чанд ҳазордолларҳо, ки аз худи зоирони тоҷик чанд миллион доллар мешавад, киса ва буҷаи арабҳоро пур кардан, бо ин маблағ дар Тоҷикистон ягон кори хайр мекарданд ва ё ягон тарҳи дастаҷамъии ободии кишварро( сохтани табобатгоҳҳо, мактабҳо, таъмини бачаҳои бепарастор ва ё шогирдони хушзеҳну устодони донишманди маҳалли хеш...) амалӣ мекарданд. Ман ҳайронам, ки чор тарафамонро об бурдаасту вале мо боз бо роҳҳои порадиҳиву ҳар гуна корҳои нодуруст талош барои ҳаҷ мекунем. Оё Худованд ҳаҷҷи тоҷики худноогоҳро ба даргоҳаш қабул мекарда бошад?..

Мухаммад
шарм намедоред чӣ гуноҳе ки шавад бар сари муллову эшон бор мекунед ҳатто агар насрониҳам ягон гуноҳ кунад онро ё мулло ва эшон гуфта эълон мекунед аз худо тарсед шумо худатон гуноҳҳое мекунед ки ақли одам намегирад

xonahoyashro furuxta pulhoi mardumro girifta tied savob megired.

саидқосим
Муҳтарам назардиҳанда "бовар" азизи ман ҳаҷ ин фарзи худо ва шумо он хайротеро ки номбар кардед инҳо як амали истеҳбобӣ ҳастанд ман бовар дорам ки шумо аз дини ислом ҳеҷ огаҳӣ надоред хоҳиш мекунам алфози куфромез назанед.ман аз шумо ҳамчун як ҳамватан хоҳиш иекунам агар шумо худро мусалмон медонед бо ин сухани худ аз доираи ислом берун шудед агар хонадор бошед байни шумо талоқ афтод баргардед таҷдиди имон кунед ва таҷдиди никоҳ кунед ва агар зардуштиед е насронӣ ҳаволи шумо ба рузи қиемат ба аллоҳи аҳкамул ҳокимин худо шуморо авф кунад.

Лангари
Дар маҳаллаи мо Лангар масҷиди Ҳазрати шоҳ ҳаст. Дар ин масҷид Домулло Абдурақиб аз маҳаллаи Қуруқ имом - хатиб таъин шудааст.
Ӯ соли гузашта қариб аз сад нафар "Шуморо ба ҳаҷ мебарам" гуфта, 5000 долларӣ пул ҷамъ карда буд. Натавонист ва ваъда дода буд, ки имсол моро ба ҳаҷ мефиристад, аммо боз натавонист. Ба ҳар яки мо 4500 долларӣ баргардонд, аммо 500 доллариро то имрӯз барнагардондааст. Дирӯз дар намози ҷумъа ҷонишинонаш ин амали имомро дуруст таъриф карда, гуфтанд, шумо бо ихтиёри худ ба ҳазрати домулло пул додаед ва эшон метавонанд боқии пулро нагардонанд. Аз рӯи гуфтаи домулло АБдурақиб он кас пулро ба кадом нафари мансабдоре аз Душанбе додаанд ва он нафар пули моро барнамегардондааст.
Мо аз шумо, кормандони "Озодагон" хоҳиш мекунем, як ба маҳаллаи Лангари қишлоқи Чоркӯҳ оед ва оҳиста бо мардуми пулдода суҳбат кунед, баъд мефаҳмед.
Мо ҳайронем, ки чаро дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат чунин одамонро ба монанди Эшони Оятуллоҳ барои чунин фаъолияти ғайриқонунӣ ва ғайришаръӣ ба ҳабс мегиранд, аммо дар деҳаи мо, баръакс чунин миёнаравҳои ришвахӯрро парвариш мекунанд, вазифа медиҳанд. Шояд барои он ки имом бо раиси ҷамоат қудо ҳастанд?
Лангарӣ

Мухаммад, бародари чон афсус, вале хакикат хамин хеласт. имруз эхтироми мардум ба хамин тоифа (Эшон, мулло ва хочи)ро дида калобу фиребгархои Худо ношинос худро чунин муарифи намуда ба бовари кас медароянду максадхои нопокашонро амали менамоянд. Манниз аз руи зудбовари ва эхтиром фиреби чунин ашхоро хурдаам ва то кунун 2 сол мешавад,ки у гурехтаву ман ба Худованди пок супоридаам хали ин казияро. Исми шахси маро ва дар котори ман зиёда аз 100 нафарро аз 4 то 7000 доларашонро гирифта гайб задаги ин эшони Саидхуча Хусейнов ва хочи Махмадулло Махмадмуродов аз нохияи Восеъ бо як гурухи муташакил аз кумитаи дин ва дигар сохторхои сарпарасташон, ки хомояташон мекарданд мебошад. Онхо низ худро эшонзода ботаквову пархезгор нишон медоданд, ки айни хол эшони Саидхуча бедарак ва хочи Махмадулло ба кариби дастгир шуда дар Сизо самараи кирдорашро чашида истодааст. Парвардигор хеле сахтгираст бахусус аз онхое ки эмони мардумро бо максади бад истифода мекунанд, хох эшонзода бошаду хох хочи ва ё мулло ва ёкаси дигар.
Ман низ аз ин холат, аз ингуна эшонзодахо, хочихо, мулохо ва беимонхо хичолатзадаам ва шармам меояду мислу Шумо боз барои хакикат ва эхтироми исломи пок муборизи ноадолативу беимононам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)