Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:44

Хисороти ворида аз лағжиши кӯҳпора дар ноҳияи Айнӣ ба 520 ҳазор сомонӣ баробар аст

3 август 2011, 02:07

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд дидан кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси ин вилоят иттилоъ доданд, ҳадаф аз боздиди кории Оқилов шиносоӣ бо вазъи минтақаи офатзадаи роҳ дар деҳаи Рарзи Айнӣ буд.

Манбаъ афзуд, сарвазири ҷумҳурӣ ва гурӯҳи кории ҳукуматиро дар ин ҷо райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода истиқбол карда, сипас онҳо аз маҳалли ҳодиса дидан карданд. Баъд аз ошноӣ таҳти раёсати нахуствазир ситоди бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид, ки  дар он раиси вилоят, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, сардори саридораи  «Геология», раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, муовини вазири хоҷагии об ва мелиоратсияи ҷумҳурӣ,  масъулини як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд. Оқилов ба масъулин ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, барқарор кардани роҳҳои харобшуда, кушодани маҷрои дарёи Зарафшон, ки дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора халалдор гардидааст ва бунёди кӯпруки мошингузар супориши қатъӣ дод.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи 26-уми июл бар асари лағжиши кӯҳпора дар роҳи мошингарди Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 4 километр ҷода  вайрон гардида, сокинони ду ҷамоати Айнӣ ва Мастчо аз истифодаи роҳ маҳрум гаштанд. Ҳамчунин, дар натиҷаи ин офати табиӣ 3 гектар боғ, 2 гектар замини кишт зарар дидааст. Ҳаҷми умумии зарари  расида, тибқи фарзияҳои пешакии мутахассисон, беш аз 520 ҳазор сомонӣ мебошад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!