Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:27

“Саройкамар” ва “Эсхата” барои ҷои аввал мубориза мебаранд

17 ноябр 2013, 13:05

Тимҳои “Саройкамар”-и Панҷ ва “Эсхата”-и Хуҷанд ба даври ниҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

“Саройкамар” дидори ҷавобиро бо “Далерон-Ӯротеппа”-и шаҳри Истаравшан мусовӣ- 1:1 кард. Бозии аввали онҳо 2:1 ба фоидаи “Саройкамар” анҷом шуда буд.

Дидори “Эсхата” ва “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ низ 1:1 ба охир расид. Бозии аввали ин ду даста бо пирӯзии “Эсхата” (1:0) поён ёфта буд.

Акнун “Саройкамар” ва “Эсхата” 20 ва 24 ноябр барои ҷои якуми мусобиқаи лигаи аввал қувваозмоӣ мекунанд. Ин ду тим ҳамчунин ба лигаи олии футболи Тоҷикистон шомил гардиданд. “Далерон-Ӯротеппа” ва “Кӯктош+С” бошанд, барои ҷои сеюм талош хоҳанд кард.

Ҷадвали бозиҳо
Бозии аввал барои ҷойи 3-юм

20 ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
“Далерон-Ӯротеппа” – “Кӯктош+С”

Бозии аввал барои ҷойи 1-ум

20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
“Саройкамар” - “Эсхата”

Бозиҳои ҷавобӣ
24-уми ноябр (якшанбе) – соати 13:30

Барои ҷойи 3-юм
“Кӯктош+С “ - Далерон-Ӯротеппа”

Барои ҷойи 1-ум
“Эсхата” - “Саройкамар”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саройкамар чемпион

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!