Бахшҳо

Оқохони 4 гуфт, қасди ташкили давлати исмоилиёнро надорад

Шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, таъсиси як давлати алоҳида барои 15 миллион пайраваш дар ҷаҳонро рад кардааст. Оқохони 4 зимни суҳбати ихтисосӣ бо як расонаи ҳиндӣ дар ин бора ибрози назар намудааст. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “теъдоди исмоилиён аз Канада то Индонезия аз марзи 15 миллион мегузарад, оё Шумо қасди ташкили давлати алоҳидаеро барои пайравони худ надоред?” гуфтааст, “не, ин чизест, ки комилан рад мекунам”. Оқохони чаҳор имоми ҳозири исмоилиён аст, ки пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар сини 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Ӯ чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ ба шумор меравад. Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди беш аз дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Ахиран мақомоти тоҷик аз таъсиси як давлат дар Осиёи Марказӣ бо номи Бадахшони бузург ҳушдор дода буданд. Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфта буд, нақшаи ташкили ду давлати алоҳида дар Осиёи Миёна, яке бо номи Бадахшони Бузург, вуҷуд дорад ва ин давлат, ба гуфтаи ӯ, бо ҳамроҳ кардани вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон пайдо хоҳад шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Sayfulloh Safarov barin besavodho dar Tojikiston siyosati hukumatro mebarand ki Tojikiston ba Torikiston tabdil yoftaast, yo ki xud bar Ravshan va Jamshud. Hamin Safarov xudash az Ravshan va Jamshud yagon farqiyate nadorad...

Эзоҳ илова кунед
Маълумот
Возможность комментирования данной публикации было отключено.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)