Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

Зикри номи Тоҷикистон дар парванда алайҳи шарики Виктор Бут

18 ноябр 2013, 10:03

Имрӯз, 18-уми ноябр дар Ню-Йорк баҳси додгоҳии шаҳрванди суритабори Амрико, Ричард Умар Чичаклӣ, шарики собиқи Виктор Бут, оғоз мегардад, ки дар нақзи таҳримҳои эълонкардаи Амрико, пулшӯӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Парванда алайҳи Чичаклӣ баъди боздошти Виктор Бут ва дарёфти бархе маълумот дар компютераш кушода шудааст. Тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ додситонии Амрико Чичаклиро дар он муттаҳам мекунад, ки сарфи назар аз таҳримҳои Амрико алайҳи Виктор Бут, бо ӯ ҳамкорӣ кардааст. Виктор Бут, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст, барои фурӯши силоҳ ба террористон дар Амрико ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Шарикаш Чичаклӣ дар он муттаҳам мешавад, ки ба гуфтаи додситонии Амрико соли 2007-ум талош намудааст, аз номи ширкати ҳавоии Samar Airlines, ки дар Тоҷикистон сабт шудаасту аз ҷониби Виктор Бут назорат мегардидааст, аз Амрико чанд тайёра харидорӣ намояд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи додситонӣ ба шаҳрвандони Амрико тибқи таҳримҳои эълонкарда алайҳи Виктор Бут ҳар гуна ҳамкорӣ бо ӯ аз моҳи июли соли 2004-ум мамнуъ шуда буд.

Чичаклӣ, ки бо роҳбарони ду ширкати ҳавоӣ дар Амрико дар гузашта ҳамкорӣ доштааст, дар мавриди харидории ду тайёраи “Боинг” суҳбат карда, дар мавриди нарх низ ба мувофиқа омадааст. Ӯ ҳамчунин мувофиқа намудааст, ки тайёраҳо ба Тоҷикистон дастрас шаванд. Интизор меравад, ки масъулони ин ду ширкати ҳавоии Амрико низ ба сифати шоҳид ба мурофиа даъват гарданд.

Аммо ба гуфтаи додситонӣ баъди он, ки ин нияти шарики Бут ошкор шуд, масъулони Samar Airlines нишондоди гӯиё дурӯғин дода, гуфтаанд, Чичаклӣ танҳо миёнарав миёни ширкати тоҷикӣ ва ду ширкати амрикоӣ будааст. Мақомоти Амрико барои исботи шарикии Бут ва Чичаклӣ ширкати маслиҳатдиҳии ВВС-ро ном мебаранд, ки дар Русия сабт шудаасту яке аз мушоворони хусусигардонии бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон будааст.

Дар ҳамин ҳол интизор меравад, ки мурофиаи додгоҳии Чичаклӣ беш аз як моҳ идома кунад.


Дар акс: Ричард Умар Чичаклӣ

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!