Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:49

Ҷашни 75-солагии Бозор Собир дар Театри опера ва балет

18 ноябр 2013, 10:25

75-солагии Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки баъд аз 19 соли ғурбат барои иқомати доимӣ ба Ватан бозгашт, бо баргузории маҳфили шеъри ӯ таҷлил хоҳад шуд.

Низом Қосим, яке аз дӯстони наздики Бозор Собир, ба “Озодагон” гуфт, ин маҳфили шеър бегоҳи 22 ноябр дар толори Театри опера ва балети ба номи Устод Айнӣ баргузор мегардад. “Аммо тақдими ягон мукофоту ҷоиза аз тарафи ҳукумат дар назар нест. Чунки ду моҳ пеш дар остонаи ҷашни Истиқлол ба ӯ ордени “Ситораи президент” супурданд. Маҳфил бо ҳузури дӯстон ва ҳаводорони шеъри Бозор Собир хоксорона баргузор хоҳад шуд”,-афзуд ӯ.

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки тақрибан 16 соли охир дар Амрико зистааст, 27 майи соли ҷорӣ барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадуми асри гузашта дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.

Бозгашти ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ ва баҳсҳо дар мавриди маҳдуд кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Вале худи ӯ гуфт, бозгашташ ба интихобот ҳеч рабте надорад ва танҳо даъвати раисиҷумҳурро барои бозгашт пазируфтаасту бас.

Ба ҳар ҳол, баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Бозор Собир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, раисиҷумҳур шахсан ӯро ба ҳузур пазируфт ва суҳбате ҳам анҷом дод. Дар пайи ин дидор, мақомоти Душанбе барои Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе як манзил ҳадя карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам, ки тӯли тақрибан бист сол аз овардани номи Бозор Собир худдорӣ мекарданд, якбора ба таблиғ ва намоиши ӯву таронаҳояш пардохтанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак, муборак, таваллудат муборак!
Муборак, муборак, таваллудат муборак!
Қадат сарву дилат шод, лабат пурханда бошаӣ,
Барои миллати худ ҳамеша зинда бошӣ...
Муборак, муборак, таваллудат муборак!
Муборак, муборак, таваллудат муборак!
Посух додан
  • Халк

  • 18 ноябр 2013 11:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба максадат расиди. Акнун бо хамхамаву дамдама зодрузатро чашн мегиранд. Аммо ту дигар шоири ман нести.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозори мо чун бозори шуд,
Аз у чи мехохед ин замон,
Бозор дорад шуру гавгои зиед,
Зеро, ки дорад давом хамчунон,
Бахсу доду фигону оху вох,
Болои нархи пиезу сабзию каду....

Дидед, ки нашуд, монедаш равад...

Ин омадан аз кучову рафтан ба кучост...

Бештару бахтар аз ин наметавон гуфт, ки:
Бозори мо, ки бозори шуд...
Посух додан
  • Ҷумъа Ҷумъаев

  • 18 ноябр 2013 11:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳарчанд кайҳо муҳаббати ман нисбат ба ашъори Собир хомӯш шуда, ҷойи онро нафрат гирифта, имрӯз қаноатмандам, ки шоиреро дар театри опера ҷашн мегиранд.
Ман акнун ҳайронам, ки ҳамон Иттифоқи нависандагон, ки бист соли ахир Собирро инкор мекарданд, чӣ тавр дар ин ҷашн иштирок мекунанд, чӣ тавр сухан меронанд...
Аҷаб замоне шуда...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хафтодупанчумин бахори пурбарори умири устоди хирадманд, гурди сухан, марди рости ва солори адабиёти точик БОЗОР СОБИРРО самимона муборакбод мегуям.

Ба умеди тансихатию умри бардавоми устод як намунаи шогирдонаамро ба эшон мебахшам.

Дидам сухане, ки сабки аъло дорад,
Перохани зарр ба тан мучалло дорад,
Гуйё, ки зи сухбати хакимон ба тамом,
Гулчин ба багал нихода, савго дорад.
Медони, ки ин лутф такаллум ки намуд,
Бозор аз ин, махзани пайдо дорад.

Сайрандеш
Посух додан
  • донишчу

  • 18 ноябр 2013 13:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БОЗОР СОБИР - хам ду пагона шуд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рынок!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!