Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Миср: Президенту вазири собиқро ҳукми қатл интизор аст

3 август 2011, 02:18

Дар шаҳри Қоҳира муҳокимаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак, президенти собиқи Миср, оғоз мегардад.


Тавре қаблан расонаҳои хориҷӣ иттилоъ дода буданд, рӯзи 3-юми август дар пойтахти Миср мурофиаи собиқ райисҷумҳур аз сар гирифта мешавад. Зимнан, Ҳусни Мубораки 83-сола бо иттиҳомоте аз қабили фасодкорӣ ва дастур барои қатли тазоҳургарон дар моҳи феварал муттаҳам дониста мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки ошӯб ва раҳпаймоии густурдаи мардумӣ дар моҳи феврали соли равон ба ҳукумати беш аз сисолаи Муборак хати батлон кашид. Гуфта мешавад, Ҳусни Муборакро, ки то ин замон дар шаҳри Шарм-ул-Шайх табобат мегирифт, барои муҳокима ба Қоҳира меоранд. Муҳокимаи додгоҳӣ ба таври мустақим аз тариқи телевизиони давлатии Миср намоиш дода хоҳад шуд. Ҳуснӣ Мубораки 83-сола, вазири корҳои дохилаи собиқи Миср- Ҳабиб-ал-Адлӣ ва чанд афсари олирутбаи пулисро ба қатли 850 тазоҳургар дар ошӯбҳои моҳи феврал муттаҳам мекунанд. Дар сурати исботи гуноҳи ин афрод онҳоро дар Миср ҳукми қатл интизор аст. Гуфтанист, ба ҷуз Муборак ду писари ӯ низ ба фасоду ришваситонӣ муҷрим дониста мешаванд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!