Бахшҳо

Падари Аловуддини ғӯрамарг хостори муҷозоти Ҳукумов шуд (ВИДЕО)

Аҳлиддин Саидов, падари Аловуддин – ронандаи мошине, ки бо иштироки Расули Амонулло, писари раиси Роҳи оҳан, шаби 9 октябр ба садама дучор омаду фавтид, қасд дорад, аз болои Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов) ба додгоҳ шикоят барад. Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ ба “Озодагон” гуфт, аз мақомот мехоҳад, оқои Ҳукуматуллоро барои “тарбияи нодурусти фарзанди ноболиғаш” ба ҷавобгарӣ кашанд.

Аҳлиддин Саидов, маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм, дар идома афзуд, ҳамаи фарзандонашро бо нони ҳалол бузург кардаасту танҳо ҳақиқатро мехоҳад: “Як умр дар лаби дарё сангу қум (рег) бор кардаму рӯз гузарондам. Мисли онҳо корҳои ғайр надоштам. Амонулло Ҳукуматулло се рӯз баъд аз марги писарам як муовинашро фиристод, ки мехост як миқдор пул диҳаду мо аз даъвоямон гузарем. Вале чаро бояд аз даъвоямон бигзарам? Агар шаби дар беморхона будани писарам омада, ҳамдардӣ баён мекарданд, даъво намекардем. Мо мусалмонем, такя бар Худо дорем. Вале бо гузашти 40 рӯз худи Ҳукуматулло боре ба назди мо наомадаву ҳамдардӣ накардааст.”



Падари Аловуддини 22-сола дар ҳоле ки дар даст писари панҷмоҳаи фарзанди ғӯрамаргашро дошт, гуфт, “агар дар Тоҷикистон давлату давлатдорӣ ҳасту қонун аз ҳама чиз болост, бояд худи Амонулло Ҳукуматуллоро маҳкум кунанд.” Зеро, ба гуфтаи ӯ, кӣ ба раиси Роҳи оҳан ҳақ додааст, писари ноболиғашро дар сари фармони мошин шинонад.

“Ман 22 сол боз ронандаам. Ҳар гоҳ маро дар роҳ медоранду як хатоӣ меёбанд, аммо чаро фарзанди ӯро бо мошин манъ намекарданд? Давлат куҷоро нигоҳ мекунад? Агар Ҳукумов мегӯяд, дар ин садама писари ӯ иштиирок накардааст, дурӯғ мегӯяд. Дасти писараш дар ин садама шикастааст. Чӣ хел мусалмонанд, ки дурӯғ мегӯянд? Давлат бояд падари ӯро аз вазифа гирад ва ба ҷавобгарӣ кашад. Чӣ пулдор аст гуфта, ҳамаи корро кардан мегирад? Қонунҳои давлат танҳо барои камбағалон аст? Бояд аз рӯи қонун ҳам писар ва ҳам падарро ҷазо диҳанд. Ҳукумов кист, ки бояд дар назди қонун ҷавоб надиҳад? Хайрият, ки президент набуд, агар президент мебуд, умуман одамҳоро нигоҳ намекард”,-афзуд Аҳлиддин Саидов.

Мусоҳиби мо дар охири сӯҳбаташ аз писари ҷавонмаргаш ҳам ёдоварӣ карда ва гуфт, “Аловуддин 5 вақт намоз мехонд, нос намекашид ва аз машрубот дур буд. 22-сола буд, як кӯдак дорад. Дар Русия будам, пул мефирстодам ва ҳамаи манзиламонро ӯ сохтааст.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи 18 ноябр хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навиштанд, алайҳи Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳан, барои нақзи қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбия парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Аз ин пештар, рӯзи 16 ноябр, хабарнигори “Озодагон” Амонуллои Ҳукуматуллоро дар “Кохи Сомон”, маросими адои савганди раисҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон дид, ки бо чеҳраи боз бо аъзои ҳукумат дидору гуфтугӯ мекард.

Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд. Ин барои бори дувум аст, ки номи фарзандони Амонулло Ҳукуматулло дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир ва ҳукми зиндонаш дар Русия дар сархати расонаҳо ҷо гирифта буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
бандаи Худо
Худо рах,мату магфират кунад Аловуддинро, ба бех,тарин манзилро дар Ч,аннат насибаш кунад! Омин!

Пулу моли бисёр одамро аз рафтори одмгари дур мекунад, ақли одамро хира мекунад, мардум ҳавас аз пулу моли бисёр мехуран лекин намефаҳман ки бардоштанаш осон нест! Мисоли одди Ҳукумов кай парво кард ки писараш одамро ба қатл расондааст бо як касро не, се касро.

Шам
Машааллах!!! Марди бо номус!!!

Ин гапҳо ҳама дуруғай. Ҳеҷ гоҳ Амон Ҳукум ба ҷавобгари кашида намешаваж. Зуре ҳеҷ кас ба у намерасад. Ин боз як бозии дигар аст. Танҳо зури худо ба у мерасад. Худо худаш саришта кунад.
Озодагон натарси чоп кун

Тамоми чумхури нигарон аст агар падари баномус боши ба хотири риояи конунгузори ва арвохи писари гурамаргат талош кун то чазои сазовор бинанд

Волоияти конун, хукукбунёд? Кани адолат? Ин Хукумовми ким ки шаъни давлата пасту беобру мекунанд. Нафахмидам сукут чаро?

Мухаммад
Мемурди аму шав як рахта хабар мегирифти аму мардака агар дар рут туф хам мекард, ки охир туву писарат гунахгорен ... имруз кор то и дарачара намерасид, дилшон хела мулоим мешуд.

дишод
насибу тагдири бародармо то хаму руза бдай Худо чоша дар Чаннат кна.

худованд чои фарзанди Шумо ва ду нафаре, ки дар садама гузаштаанд Аллохи пок чояшонро чаннат кунад аз даргохи Алло ба оила Шумо факат рахмат талаб намуда агар зури шумо ба Хукумов нарасад зури Худован мерасад Омин.

Худованд нигахбони дигар фарзандонатон бошад, дод аз дасти Хукумов ва писаронаш.

мо дигар ваъдахои хушку холи намехохем оличанобон, то кай бояд фарзандони бечорагонро гунахкор кунед марг сурогатон биёяд, мархамат Сухани президент ФАРЗАНДИ ХАР КАСЕ НАБОШАД БОЯД ДАР НАЗДИ КОНУН ЧАВОЬ ГУЯД мархамат ба чавобгари кашед хам рамул хам амонуллоро ё инхо дигар дар катори инсонхо карор надоранд?????
аз озодагон хохиш мешавад ки чоп кунед ......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)