Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:09

Паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

18 ноябр 2013, 14:24

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як паём ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳамдардӣ баён намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гуфтааст, “муҳтарам Владимир Владимирович, аз шунидани хабар дар мавриди садамаи ҳавопаймо дар фрудгоҳи “Қазон”, ки даҳҳо кушта барҷой гузоштааст, хеле андуҳгин шудам.” Эмомалӣ Раҳмон аз Путин хостааст, ҳамдардияшро ба наздикони фавтидагон бирасонад.

Шоми 18-уми ноябр, дар фурудгоҳи Қазон ҳавопаймои "Боинг 737"-и ширкати "Тотористон" ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, миёни фавтидагон ягон шаҳрванди Тоҷикистон нест.

Дар робита бо фармони раисиҷумҳури Тотористон имрӯз - душанбеи 18-уми ноябр дар ин кишвар рӯзи мотам эълон шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 18 ноябр 2013 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бафикрам агар имрузхо Худо накарда бо сабаби ягон вокеаи нохуш 100 точик бимирад касе мотам намегирад ва мотам элон хам намекунад. Дар мо муд аст. Хама корро ба сари бечораи такдир бизанем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!