Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:53

Ҳушдори Кабирӣ аз сиёсати саркӯбкунанда ва гурези сармоягузорон

18 ноябр 2013, 16:26

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, зимни баррасии иҷрои буҷаи соли 2013 дар хитоб ба Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз, аз тафриқаандозӣ ва супоришию ғаразнок будани санҷишҳои андозсупорандагон дар кишвар интиқод намуд.

Кабирӣ даъват намуд, мақомоти андози кишвар сиёсати саркӯбкунандаро канор гузошта, аз сиёсати ташвиқкунанда кор бигиранд. Ин вакили парлумон хост, фишорҳои андозӣ болои корхонаҳои хурду миёна камтар шаванду мақомоти андоз бештар ба андозсупорандагони бузург таваҷҷуҳ кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ аз қавли бархе сармоягузорони Тоҷикистон гуфт, санҷишҳо дар кишвар на мунсифона, балки супоришӣ ва барқасдона барои пайдо намудани камбудӣ дар ин ё он корхона гузаронда мешаванд. Ӯ ҳушдор дод, ин раванд оқибатҳои нохуб дошта, гурези сармоягузоронро аз Тоҷикистон ба бор хоҳад овард.

Баромади Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон баъд аз гузориши Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар бораи барзиёд иҷро шудани нақшаи андоз садо дод. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ даромади буҷа аз ҳисоби андозҳо 101 дарсад иҷро гардидааст.

Оқои Кабирӣ, ки ахиран барои чанд рӯз дар Туркия қарор дошт, дар як суҳбаташ бо “Озодагон” аз фишорҳои иқтисодӣ болои хешу табор ва наздикони худ хабар дода буд. Баъзе аз пайвандони Кабирӣ ба тиҷорат машғул буда, гуфта мешавад, яке аз бародаронаш ширкати сохтмонӣ дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 18 ноябр 2013 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hukumat xudash medonad chi kor kunad kabiri-yo korxonahoi turo va zoirufro sanjish kardesan?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин пешниход огои Нусратулло сиесати андозгундориро кайхо боз аз даст додаги вакт он расидааст ки чойро холи намояд
Посух додан
  • Кал

  • 18 ноябр 2013 22:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами рост боша, ки 101% 9 мохда ичро шидай? 30 фоизи корхоно махкам шид, мардум Руссия рафтан ай дасти и налоги нава.
Посух додан
  • Сарфарозидин

  • 19 ноябр 2013 08:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумат намеднад чи кор карда истодааст, агар медоист бо даст худ обруи худро намерезонд.Имруз бесаводтарин одам медонад ки чаро хешу табори мансабдорон аз боло сар карда то поён хама безнесро манаполя кардаанд ва дигаронро намегузоранд ки хадди акал барои худуд зиндагии фарзандон тичорат кунанд. албатта окибати ин хатман хамоне мешавад ки ба сари Ислом Каримов омад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба монандаи М.Кабири дар парлумони кишвар якчанд нафар бошанд, санадхои хукукие кабул мешаванд ки ба манфиати хам давлату хам сохибкорон мегарданд. Баъ аз он дар ЧТ фаъолияти сохибкори хурду миёна пеш меравад. Бо ин Кодекси андозе ки холо 1 сол нашудааст кабул шуданаша мушохида мешавад, ки аксарияти сохибкорон фаъолияти худро катъ намудаанд, ки ин зарар хам ба бучаи нохияви ва чумхурияви аст. Тамоми пешравии давлатхои пешрафтаи дунё шароити хаб ба фаъолияти сохибкори мухаё намудаанд. Кодекси андози ЧТ аз Кодекси андози дигар давлатхо нусхабардори шудааст. Барои пешравии ЧТ хуб мешуд, ки тачрибаи Олмон чори карда шавад.
Агар мо хохем, ки ЧТ пеш раваду бучаи давлат саривакт ичро шавад на ин ки аз руи санчишхои беасосу гаразноки фаъолияти сохибкорон балки шароити хуби фаъолияти сохибкориро дар ЧТ ба рох мондан зарур аст. Макомоти андоз сохибкорро хамчун ракиб (душман) мехисобанд, ки ин хатто махз аст. Барои хамин ба фаъолияти сохибкори монеа шудан зарур нест, шароит мухайё намудан зарур.
Мухтарам депутатхо факат зеркардани тугмачаи "Тарафдор" ё "Зид"-ро аз худ накунеду фикри бехбудии Точикистон зарур аст. ПЕШРАВИИ ДАВЛАТ АЗ ПЕШРАВИИ СОХИБКОРИ САХТ ВОБАСТАГИ ДОРАД!
Посух додан
  • Андозситон

  • 19 ноябр 2013 11:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Кабири, ки хакикатро гуфти! вале афсус, ки хакикат талх аст!
Посух додан
  • Сайфиддин

  • 19 ноябр 2013 12:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik
И Кабири дар фикри бизнеси худаш аст!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!