Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:42

Дастури Убайдуллоев барои истиқболи Соли нави мелодӣ

19 ноябр 2013, 10:49

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ масъалаҳои мубрами пойтахти Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба масъулини пойтахт дастур додааст, ки зимни татбиқи нақшаи нави генералӣ ба нақзи ҳуқуқи соҳибмулкон роҳ надиҳанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақшаи генералӣ дар маркази Душанбе тахриби даҳҳо бино дар назар буда, сохтмони биноҳои навбунёд боздошта шудааст ва ин норозигии бархе аз соҳибмулконро ба бор овардааст.

Убайдуллоев инчунин нест кардани чорворо аз пойтахт хотиррасон карда, ба масъулин дастур додааст, нафароне, ки сарпечӣ мекунанд, муҷозот гарданд. Баробари ин раиси Душанбе таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳрро ба санҷиши омодабошӣ ва барориши саривақтии техникаҳои коммуналии барфтозакунандаву намакпошӣ дар роҳҳо ҷалб карда, супориш додааст, ки аз натиҷаи он ба шаҳрдор маълумот пешниҳод карда шавад.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, Убайдуллоев дар ҷаласа нисбати тарҳрезию омодагиҳои шаҳр ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва истиқбол аз Соли нави мелодӣ ба масъулин супоришҳо дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И раиси калон магар гову мол надошт ки хози мардума мега мол накунен бисёри халки камбагал гов дора дига чуко мекунан ....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!