Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

“Eвро-поп-диско”-и FARZIN: “Шак дорам” (САДО)

19 ноябр 2013, 10:52

Гуруҳи “Фарзин” суруди нави худро муаррифӣ кард. Ин тарона “Шак мекунам” ном дошта, бо шеваи “евро-поп-диско” иҷро шудааст.

Ҳабиб Ҳакимов, овозхони гуруҳи “Фарзин” мегӯяд, таронаи "Шак дорам" 15 ноябр комилан омода шуд ва қарор аст дар маъруфтарин сомонаҳои мусиқии тоҷикӣ нашр шавад. “Матни суруд аз Орзу Исоев аст, аммо нақорот ва чанд банди он ба шоири ҷавон Эҳсони Аъзамиён таалуқ дорад. Оҳангашро ман ва такмили мусиқиашро Фирӯз Ҳакимов анҷом додааст”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Ҳабиб Ҳакимов вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари таҳия шудани суруди навашро навишт, бисёриҳо дар мавриди номи тарона пурсидаанд: “Бисёриҳо “шак”-ро ба маънои "молидан" фаҳмидаанд ва дар паёмҳо ҳазломез менавиштанд, ки дар бораи чӣ хондаам? Аммо “шак” ин шубҳа аст”.

Фарзин- “Шак дорам”


Ҳабиб Ҳакимов мегӯяд, таронаи “Шак дорам” аллакай дар клубҳои шабонаи пойтахт шунавонда мешавад. Оҳанг ва шеваи иҷрои ин тарона ба сурудҳои солҳои аввали фаъолияти гуруҳи “Фарзин” наздикии зиёд дорад. “Фарзин” соли 1999 таъсис ёфт ва дар як фурсати андак зуд маъруф шуд. Далели шуҳрат ёфтани гуруҳ пешниҳоди оҳанг ва шеваи нави хонандагӣ дар Тоҷикистон гуфта мешуд.

Соли 2000-ум аввалин албоми “Фарзин” бо номи “Made in Vatan” ба нашр расид. Ба қавли Фирӯз Ҳакимов, яке аз муассисони гуруҳ сабаби аслии бо забони англисӣ таҳия шудани албоми аввалини онҳо ин буд, ки дар кишварҳои дигар ҳам сурудҳои онҳоро гӯш кунанд. “Фарзин” соли 2000-ум ба ҷашнвораи байналмилалии “Садои Осиё” дар Алмаато даъват шуд ва ҳунарнамоии онҳо аз ҷониби тамошобин хуш қабул гардид. Баъдан, дар саҳнаҳои Русия, Олмон ва Амрико низ ҳунарнамоӣ кард.

Соли 2001маҷмуаи дуюми “Фарзин” бо номи “Tajikenium” вориди бозор шуд. “Гардум the world” дар соли 2002 ба дасти ҳаводорон расид. Албоми чоруми гуруҳ – “Синамо” баъд аз як соли таърих, дар соли 2004 вориди бозор шуд. Консерте ҳам бо ҳамин ном гӯиё нуқтаи таммати “Фарзин” шуд.

Фирӯз Ҳакимов мегӯяд, коҳиши маҳбубияти гуруҳ ногузир буд: “Ростӣ, мо хеле хаста шудем. Ҳамаи идеяҳоямон роҳандозӣ шуданд: консерт дар Борбад, консерт дар варзишгоҳ, нашри албом дар Олмон… Дигар намедонистем чӣ кор кунем. Баъд нофаҳмиҳо сар зад, гапҳоямон бо Ҳабиб гурехт. Ин ҳолат марбути ҳамаи гуруҳҳо аст, зеро имкон надорад, ҳамеша муваффақ ва маъруф буд. Ҳатто офтоб дар осмон ҳамеша равшанӣ намедиҳад, ҷояшро моҳтоб мегирад”.

Соли 2012 Фирӯз ва Ҳабиб Ҳакимовҳо эълон карданд, ки дигарбора зери бренди “Фарзин” баромад мекунанд, аммо Фирӯз мегӯяд, онҳо ҳанӯз соли 2010 ба таҳияи тарона муштарак машғул шуданд: “Як рӯз бо Ҳабиб вохӯрдем. Ин соли 2010 буд. Нишастем, нӯшидем ва тасмим гирифтем, ки аз нав гуруҳро фаъол мекунем”. Ва “Фарзин” соли 2012 дар клуби шабонае дар шимоли Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард.

“Фарзин”-и баъди “эҳё” бештар аз 10 сурудро вориди бозор кардааст: “Опс-опс”, “Анор-анор”, “Камкамак”, “Master and Servant”, “Сенерита”, “Ки сага сар дод”, “Қаҳр макун”, “13 &3”, “Ҷигак-ҷигак”, “Мисли қанд” ва инак “Шак дорам”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!