Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Муштзани тоҷик ба Алмаато рафт

11 май 2011, 09:39

Муҳаббат Каримова, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ шарафи кишварро ҳимоя мекунад.

Тибқи иттилои кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ин сабқат миёни муштзанон дар шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.

Ҳамзамон, бахшида ба 20- солагии истиқлолияти давлатӣ санаи 21-22-уми  майи соли равон дар толори варзишии «Истиқлолият»-и вилояти  Суғд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба самбои муҳорибавӣ миёни калонсолон (аз 17 сола боло)  доир мешавад. Иштироки ҳайати тимҳои ВМКБ, вилояти  Суғд,  вилояти  Хатлон ва шаҳри Душанбею тими мунтахаби навоҳии тобеи марказ дар назар аст. Ғолибонро федератсияи самбои муҳорибавии вилояти Суғд қадрдонӣ  хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!