Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Дар Мастчо ифтитоҳи як корхонаи сементбарорӣ дар назар аст

3 август 2011, 04:24

Дар корхонаи сементбарории «Суғд семент»-и ноҳияи Мастчо  васлу насби таҷҳизоти технологӣ оғоз гардид.


Тибқи нақшаи корӣ мутахассисон моҳи январи соли 2012 дар ин корхона ба истеҳсоли маҳсулот  мепардозанд. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат,  феълан 60% таҷҳизот бо пардохти 1, 3 миллион сомонӣ ба ин корхона ворид гардидааст. Воридсозии таҷҳизоти боқимонда, яъне  40 % дигар дар охирҳои моҳи сентиябр дар назар аст. Дар васлу насби таҷҳизоти корхонаи мазкур 87 нафар коргарони маҳаллӣ, ду мутахассиси чиноӣ  ва як олмонӣ машғул мебошанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар вазорати энергетика ва саноат гуфтанд, айни ҳол 80 % корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст ва дар сурати ба фаъолият шурўъ кардани он 150 ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳанд шуд. Бино ба маълумоти манбаъ, аз моҳи октябр захира кардани ангишт барои корхона аз кони «Фон Яғноб» ва давлати Қирғизистон оғоз мегардад. Талаботи якрўзаи корхона бошад,  35-40 тоннаро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!