Бахшҳо

“Ҳукумат замин намедиҳад; Аз бехонагӣ ҳамсарам рафт” (ВИДЕО)

Эраҷ Мирзоев, сокини 28-солаи деҳаи Даҳанаи Кӯлоб, аз бетаваҷҷуҳии ҳукумати ин минтақа ба мушкилоти сокинон шикоят дорад.

Мирзоев мегӯяд, бо вуҷуди дастуру фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои оилаҳои ниёзманд, беш аз 7 сол мешавад, ки ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ муроҷиат мекунад, вале посухи мусбат нагирифтааст. Ба гуфтаи Мирзоев, ҳоло ӯ ҳамроҳи бародараш Сӯҳроб, ки ҳарду оиладору соҳиби фарзанд ҳастанд, бо модари хеш дар як утоқи кӯчаки аз падарандараш ба мерос монда ба сар мебаранд.

Ӯ илова кард, ин утоқ барои бародари хурдиаш - Самандар ҷудо карда шудааст, ки ҳоло дар хидмати ҳарбӣ буда, то чанд моҳи дигар бар мегардад. Ин сокини деҳаи Даҳана аз он дар ташвиш аст, ки дар сурати баргаштани бародараш аз хидмати ҳарбӣ ӯ бояд издивоҷ кунад ва баъд аз издивоҷаш онҳо чӣ гуна дастаҷамъона - модару се бародар - дар як утоқи 5 метр дарозӣ доштаю 4 метр паҳноӣ зиндагӣ мекунанд.



Эраҷ мегӯяд, утоқи зисташон дар деҳа хеле хурд асту ду бародар наметавонад, он ҷо бо ҳамсарони хеш зиндагӣ намоянд. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур шудаанд, ба Душанбе омада, ҷои кореро пайдо кунанд, то ба навбат ҳар яке аз онҳо тавонад, барои як давраи муайян аз хона берун равад. Ба гуфтаи Мирзоев, онҳо то чанд муддат ба навбат якдигарро дар ҷои кор иваз карда, ба назди фарзанду ҳамсаронашон ба деҳа мерафтанд. “Вале келинҳо ба ин шароит тоб наоварда, аз хона берун рафтанд”,-гуфт Эраҷ Мирзоев.

Ин сокини Даҳанаи Кӯлоб гуфт, бори охир масъулони ҳукумати шаҳр модарашро рӯзи 12 октябр ба ҳузур пазируфтааст: “Ин бор низ ба модарам гуфтанд, мо ба мушкилоти Шумо расидагӣ мекунем. Аввал бояд, ҳайати комиссия шарту шароити Шуморо аз назар гузаронад.” Вале ба гуфтаи Мирзоев, бо гузашти беш аз як моҳ касе ба хонаи онҳо наомадааст ва тарси онҳо аз ин аст, ки ин зимистонро чӣ гуна паси сар хоҳанд кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
БАРОДАР ЭРАЧ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ ШИРИН КАРДАНИ ХУД ДАР НАЗДИ МАРДУМ ВАЪДАХОИ БИСЁР МЕКУНАД ЛЕКИН ДАР АСЛ МЕГУЯД КИ ФУРУШЕД... ХАМАВАКТ БОЯД ОИЛАХОИ КАМБИЗОАТ ВА ОИЛАХОИ БИСЁР ФАРЗАНД ЗАМИНИ БЕ ПУЛ ДИХАНД

Узбако да дар Точикистон гектар гектар замин метиян точики худмонда 2 сотикака наметияне товба

Shakarhand,
Медони барои чи?.?
БАРОИ ОНЕ, КИ ДАР АСЛ ДАВЛАТДОРОНИ МО 70% ШОН УЗБАКУ КАЛУГАНД....

мо заминро ба хитоихо медихем. Бародар, ту бо ин щароити бадат бовари дорам ба Президенти кунуни дар интихобот овоз доди. Барои хамин дар точикистон хеч дигаргуни намешуд, чунки мардум бе саводи сиёсианд. Идора кардани рамаи гусфандон осон аст.Дангара,

Касе пул дорад замин мегирад касе ки, надорад панохаш ба Худо.

ба шакарханд
Барои он ки ТЧ дар дасти узбако чизе форад мекунанд.....

safar,
МАН ДАР ОВОЗДИХИ АВВАЛ РАХМОНОВРО ХАТ ЗАДАМ БАЪД ДИГАРОНРО БАРОИ ОНЕ, КИ ШАХСИ ОБОДКОРЕРО НАЁФТАМ...

Точикистон дар дасти гурухи сеюм аст ки аз оилаи чалишон (точикону калугону лакайю ва кам кам узбакон) иборат аст халолашон бод ки чанги шахрвандиро дар соли 90 тавонистанд ба манфиати худ анчом диханд

Дар асри 21 касе зур аст хурда мегардад, лақаю қалеғy митисои мо зурандy Тоҷики асилро ғyлом карданд. Ҳалолашон бод, ҳақи мардуми тарсy дар асри 21 ҳамин аст.

Точик
Сафсата нагуед! Тамоми мушкилот ба саратон биояд хам худро назди узбако паст назанед. Кучо шуд хисси милли, ки узбакро аз худат боло медони. Точикистон хеч гох дар дасти узбако набуд ва нахохад буд.

Рости гап ба холи хамин бародар ,гирья гулугирам кард ....................

Оре айни ҳол чунин аст, касе маблаҷдор ва ононе ки бародараш ё ки тағааш соҳиби вазифа аст соҳиби замин аст. дар ноҳияи Мир Сайд Али Ҳамадони ҳам низ чунин буд пул медиҳи бад ба ту замини бепулро медиҳад мисли ки ту камбизоат асти туро бе пул додааст. дар натиҷа аз ту пул гирифт бад заминро дод.

Бачахо илтимос миллатпарасти накунед. Хами шайтонои хонавайронкун хамика бахона кофтестиянки, байни халки точикистон нотинчи бдозанд. Якташ узбекистон, бо дигахо хам хастан. Хами дар точикистон лакайи камбагал прай. Хай бойошам хастай. Точикоям хамихелай. Дига милатоям хамихелай. Ма хдм лакайум неке хамика чурахои точик бисёр дорумки, худо нишон натия, ягон гап шава ма хеч вакт против ваё намерам. Набарот ай паси чурахом любой чода мехезм. Барои хами илтимос милатпарасти накнем. Хами кора бкнем накнем праблема серавно мемона. Ба хонахои хаматон ободию ба худатон саломати ай Оллохи таолло мепурсам..

Бачахо илтимос миллатпарасти накунед. Хами шайтонои хонавайронкун хамика бахона кофтестиянки, байни халки точикистон нотинчи бдозанд. Якташ узбекистон, бо дигахо хам хастан. Хами дар точикистон лакайи камбагал прай. Хай бойошам хастай. Точикоям хамихелай. Дига милатоям хамихелай. Ма хдм лакайум неке хамика чурахои точик бисёр дорумки, худо нишон натия, ягон гап шава ма хеч вакт против ваё намерам. Набарот ай паси чурахом любой чода мехезм. Барои хами илтимос милатпарасти накнем. Хами кора бкнем накнем праблема серавно мемона. Ба хонахои хаматон ободию ба худатон саломати ай Оллохи таолло мепурсам..

Вой бар холи шумобарин хукуматдорон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)