Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:34

Фавти сокини 80-солаи Кӯлоб дар сӯхтори ҷангали Шӯрообод

19 ноябр 2013, 11:26

Аҳмад Фахриев, сокини 80-солаи Кӯлоб, зимни ҳезумҷамъкунӣ дар ҷангали мавзеи Шуркӯли ноҳияи Шӯрообод сӯхта, ба ҳалокат расидааст.

Як манбаъ аз Шӯъбаи умури дохилии Шӯрообод ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шоми 18 ноябр рух дода, Аҳмад Фахриев бо хараш дар ҳалқаи оташ мондааст ва натавонистааст, худро аз миёни оташ берун орад. Ба қавли манбаъ, “ин пирамард худаш танҳо будааст. Вақте масъулин ба ҷои ҳодиса расиданд, алакай 100 дарсад сӯхта буд."

Манбаъ илова намуд, сӯхтори ҷангал табиӣ набуда, маълум аст, ки ҷангалро касе оташ задааст, аммо омилони сӯхтор ҳанӯз маълум нест: "Барои дақиқ кардани ҷузъиёти ин ҳодиса тафтишот аллакай шурӯъ шудааст."


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сайфиддин

  • 19 ноябр 2013 12:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами Эшони Аслиддин аз Кулоб зинда боша, хабар аз эшон аст?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!