Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:48

Бозор Собир: “Абсолютно не важно. Мефаҳмед? No important!”

19 ноябр 2013, 15:52

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик ва дорандаи ордени “Ситораи Президент”, ки баъд аз 19 соли зиндагӣ дар хориҷа барои иқомати доимӣ ба Ватан баргаштааст, мегӯяд, чигунагии таҷлил аз 75-солагии ӯ барояш аҳамияте надорад.

Ин шоири тоҷик рӯзи 19 ноябр дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, айни замон дар манзили зисташ қарор дорад ва барои ҷашни зодрӯзаш ҳам омодагии хосе нагирифтааст. “Намедонам, ин ҷашн чӣ хел мегузарад. Зодрӯз ҳам имрӯз нест, фардост. Ҳоло чизе гуфта наметавонам. Вале бароям ҳеч чиз муҳим нест. Не важно. Обсолютно не важно. Мефаҳмед? No important!”,-таъкид кард ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, барои як гуфтугӯи комил фурсат надорад ва хост, баъд аз зодрӯзаш бо ӯ тамос бигирем. Вале Бозор Собир дар ҳоле ин ҳарфҳоро ба забон овард, ки ба гуфтаи Низом Қосим, вакили парлумон ва яке аз дӯстони наздики шоир, маҳфили шеъри ӯ бегоҳи 22 ноябр дар толори Театри опера ва балети ба номи Устод Айнӣ баргузор хоҳад шуд. Ба қавли Низом Қосим, ин маҳфил хеле хоксорона ва бо ҳузури дӯстону ҳаводорони шеъри Бозор Собир мегузарад, ки ба ҷашни 75-солагияш бахшида шудааст.

Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 мерасад. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • СД

  • 19 ноябр 2013 16:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шоири бесавод. Як ибораро на ба руси на ба англиси дуруст гуфта наметавонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин суханхое, ки у гуфт дуруга мебошад ба худаш хеле хурсанд хаст. У коса лес буд ва мемонад! Ман инро ба руи ин шоири коса лесам мегуям КОСАЛЕ!!!
Посух додан
  • Искандар

  • 19 ноябр 2013 20:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун дарк кардам, ки ин "шоири номиатон" саводи казои надоштааст.
Посух додан
  • Хурайра

  • 19 ноябр 2013 21:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
На самом деле Он является одним из виновников гражданской войны и таджикского хаоса.
Посух додан
  • masud

  • 19 ноябр 2013 21:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
inxel odamo dar hardu dunyo ruzawonro namebinan biloxira in odam ateist ast ar yak interview xudaw meguyad ... gufti hamu kulobiyo ganda mutil4ik bdayi neki bozor sobir
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозорро ,ки шоири маруфи Точикистон мегуяд ? У шоир нест у шоири Точик мебуд Эмон меовард ба ХУДОИ ЯКВАВУ ЯГОНА ,ва др Хаки ПАЙГАМБАРОН шери бадашро наменавист. Чои ин гуна шоир дар ин Дунёо дар РАБОТ аст дар он дунёо дар оташи духахт аст. Аз ин гуна шахси майзада бояд Точикон пархез бошанд. Бозор мисли калтакалос пусташро иваз мекунад,холо сохиби пусти нав шуда аст ,ин пусти охиронаш аст ,ки у ивааш карда аст.
Посух додан
  • Dev

  • 20 ноябр 2013 02:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Umuman millate, halke ,ki nozu nuzi yak shoirashro( shoiron hele ehsosiyandu nozuk) bardoshtan, tahammul kardan nametavonad on halku millat hud rusijohu darbadar ast !
Shahsi hudogohu hamabin pas az zindagi dar Amrikovu Avrupo , albatta ba sitoishi davrai Leninu Stalin dast mezanad.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё аклашро баргардон, охир у бечораю овораю саргардон аст. Хатто намедонад чи гуяд, бубинед: "Вале бароям ҳеч чиз муҳим нест. Не важно. Обсолютно не важно. Мефаҳмед? No important!”. Аз хама таъсирнокаш - No important! Хеле бо зарба мегуяд, ба фикрам хумори Амрико, ҳаёти пурчушу хуруш оромаш намегузорад. Бозори бозории мо аз шарму хаё шояд бошад ё аз пушаймони ё аз пиёда нашудани интизорихояш аз омадан ба Ватан аз хона берун намебарояд. Шояд ба эчоди шеър машгул аст, хол он ки гуфта буд, дигар гумон аст ба шеър ру оварад. Якин дигар чуз ин роҳ барояш пайрахае нест , ки равад суи бозор, бозоре, ки хамаро дар худ мегунчонад.
Бозорро рох аст бозор
Бозорро анчом аст бозор.....
Посух додан
  • салом

  • 9 июн 2014 15:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шоири дарбори шуд дар охири умр - сад хайф

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!