Бахшҳо

Ҳузури раисиҷумҳур дар намози ҷамоат ва худотарсии ӯ

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфтааст, пайравии ӯ аз исломи суннатӣ ба монанди рафтан ба масҷид ва ширкат дар намози ҷамоат аз ифротишавии ҷомеа нигоҳ медорад. Ин нуктаро ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо бахши қирғизии Би-би-сӣ изҳор доштааст.

Гуфта мешавад, Отамбоев дар миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ягона нафарест, ки дар ҳузури омм намоз мегузорад. Зимнан, аз ӯ суол шуда, “дар ҳоле ки созмонҳои мухталифи ифротгаро барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ талош мекунанд, ин кори Шумо ба зеҳнҳои ҷавонон чи таъсире хоҳад гузошт?”

Алмосбек Отамбоев дар посух гуфта, ки ин иқдом барои ҷавонон намунаи хубе хоҳад буд. “Агар раҳбари давлат фарди худотарс буда, шарофатмандона кор кунад, он вақт одамон ба ӯ пайравӣ мекунанд. Масалан, дар Миср ва Сурия миёни ифротгароён ва мардумони он кишвар мубориза идома дорад. Ҳатто дар кишварҳои ҳамсояи мо низ ифротгароён фаъол шудаанд. Дар кишвари мо ҳам чунин ҳодиса рух дода буд. Алайҳи ифротгароӣ танҳо тавассути мамнӯъсозӣ мубориза бурдан душвор аст. Масалан, дар Туркия нахуствазир дар намози ҷумъа ширкат мекунад. Дар натиҷа, дар Туркия гурӯҳҳои ифротгаройи мазҳабӣ нестанд. Дар мавриди Қирғизистон раҳбарони ғайримазҳабӣ ё дунявии пешин ба кишвар хидмати хубе накарданд. Ифротгароён дар 20 соли ахир зуҳур карданд. Агар раиси ҷумҳурӣ дар сафи аввали намозгузорон бошад, ӯ намуна хоҳад буд, ки ба кадом ҷараён бояд пайравӣ кард”.

Ӯ дар идома афзуда, ки ба хотири дарки Қуръони Карим бояд Инҷил ва Тавротро мутолиъа кард, зеро адёни насронию яҳудӣ қабл аз ислом зуҳур кардаанд. “Барои мусалмони воқеӣ будан бояд ҳамаи кутуби мазҳабиро қироат кард. Худи ман ин кутубро чор-панҷ маротиба хондам. Ба бовари ман, Ислом ин мазҳаби сулҳ ва тавозун аст”,-афзудааст ҷаноби Отамбоев.

Алмосбек Отамбоев соли 2011 ба курсии президентӣ нишаст.

Акс аз Би-би-сӣ
Мӯҳр
sfs
Худовандо ин раиси чумхурро дар хифзу панохат нигох дор

Умед
Худовандо барои моҳам чунин Президенти худотарсро насиб кун

Чаноби Икс
Рост мегуи Чаноби Отамбоев!

xudovando prezidenti moro ham hidoyat kun.dar mo ubaiduloev va bisyore az vazironu hukumatdoron ba namozhoi jamoatu jum'a meravand.inshoalloh emomali ham ba farzu farmoni xudo meravad-duo kunem fakat.

hoji mirzo muftii tojikiston shavad inshoalloh hamai hukumatdoron ba namozi jamoat meravand.

Призиденти мо наме6донад намоз чист аз кучо масчид равад кандата зан отамбоев офарин

Rost mega agar Prezident ki Xudo trasu namozxon bowa ba warvandoni hamu davlatham tasir merasonad da Tojikistoni joew miya i Mas4idhora maxkam kada istodayan va Umedvor va duoguyam ki Sarvari davlati moha waxsi Xudotarsu Namozguzor xohad wud.

Garib
Аллох Емомалии Рахмонро низ хидоят кунад

бандаи Худо
Офарин Отамбаев Худо ёру мададгоратон бошад! Парвардигоро рах,барони Точ,икистонро ба рох,и рост х,идояташон кун то аз фишору тух,мат бар мусалмонх,о ва бастани масоч,идх,о даст кашанд, зеро онх,о фаромуш карданд, ки мусалмонанд ва пеши Худо мераванд ва ч,асади беч,они онх,оро аввал масч,ид мебаранд баъд гуристон! Худо х,аматонро х,идоят кунад ба рох,и рост х,идоят кунад то х,икмати зиндагиро фах,мед ва бар динну миллат хизмати софдилона кунед!

Офарин бобои Алмосбек!

Раиси Чумхури Киргизистон кандаша -занад.ОФАРИН ин гуна Призидентро бояд руи даст гиранд.

Мухаммади
давлати атамбоев солхои дароз поянда бод. Худованд хифз кунад,чунин сарварони худотарсро.

Алмосбек хафтпуштатро Аллоhи бузург рахмату махфират кунад ,Омин.....
Кош Худованд ба мо ба миллату ба ватани азизи мо як шахси мусалмони худотарсро насиб мегардонд...

САЛИМАКА АЙ КУЛОБ
АЛЛОХ НИГОХБОНАТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)