Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:05

Шералӣ Хайруллоев рафт. Шералӣ Мирзо - вазири нави дифоъ

20 ноябр 2013, 09:29

Шералӣ Хайруллоеви 63-сола, ки 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон буд, рӯзи 20 ноябр бо фармони раисиҷумҳур аз мақомаш барканор шуда, ба ҷояш Шералӣ Мирзо омад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе дар Вазорати дифоъ аз мушкилоти таъсиси Артиши миллӣ ва тарбияи кадрҳо сухан меронд, аз корҳои Хайруллоев ва ҷасорату матонати ӯ дар 18 соли гузашта тавсиф кард. Ӯ зимни гусели Хайруллоев ба нафақа гуфт, “Хайруллоев аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ карданаш то ҳол ба Ватан ва миллат содиқона хизмат кардааст.”

Шералӣ Хайруллоев дар ҳузури раисиҷумҳур суханронӣ карда, таъкид намуд, "ман як камуфляжро нигоҳ медорам ва ҳар лаҳзае, ки лозим шуд, барои ҳимояи Ватанам хоҳам рафт".

Шералӣ Хайруллоев рафт. Шералӣ Мирзо - вазири нави дифоъШералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, аз соли 1995 инҷониб вазири дифоъ буд. Расонаҳо борҳо аз фаъолияти оқои Хайруллоев интиқод карда, дарозумрии ӯ дар ҳукумати Тоҷикистонро низ таъкид намудаанд. Бахусус, фаъолияти ӯ дар замони ҳамла болои корвони мошини сарбозони тоҷик дар дараи Камароб дар соли 2010 ва ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ дар тобистони соли 2012 мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

Шералӣ Мирзо, ки ҳамакнун дар курсии вазири дифоъ такя зад, то ҳол раҳбарии раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба ӯҳда дошт. Раисиҷумҳур зимни таъинот таъкид намуд, Шералӣ Мирзо дар натиҷаи хизмати содиқона ба Ватан аз афсари оддӣ то генерал-лейтенант расидааст. “Шералӣ Мирзо дастпарвари Вазорати дифоъ ва шогирди Шералӣ Хайруллоев аст”,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Рӯзи 20 ноябр бо фармони дигари раисиҷумҳур Бобоҷон Ҷамолзода, полковник, собиқ фармондеҳи қисми низомии Гвардияи Миллӣ фармондеҳи Гвардияи Миллии Тоҷикистон таъин гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дусти Шумо

  • 20 ноябр 2013 09:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Азизон, дар курси такя зада намешавад)) Дар курси менишинанд))
Посух додан
  • tojik

  • 20 ноябр 2013 10:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
sherali mirzo behtarin kadr va jasur ast.general langariev ham kadri bosavodu jasur ast-muovini avval meshuda boshad?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э камуфляжат аз сарат монад...!
Посух додан
  • Дилёб

  • 20 ноябр 2013 13:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рафтеду раведу боз оеду равед! Барои мо ин ислохот, ислохот хисоб намегардад. Каблан хам шохиди хамин гуна ислохоти окои Рахмон гашта будем. Аммо чи тагйир ёфт? Чи пешрави какрдем? Ба чуз чор тарабхонаю богхои фарогати. Инсон бояд мавкеашро аз оила бунёд кунад. Пасон мавкеи у дар махалу давлат ва минтакаву чахон низ метавонад шакли мусби бигирад. (Оила-авлод)
Посух додан
  • Точик

  • 20 ноябр 2013 13:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шахсавор,
+1000
Посух додан
  • Рахмдил

  • 20 ноябр 2013 15:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хизмати содикона хаха
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дангара,Дангара ту кони кадрохии Точикон.
Дар дигар минтакахо кадр нест ва намешавад.
!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!