Бахшҳо

75-солагии Бозор Собир: Аз шоири саркаш то вассофи президент

Абдулазизи Восеъ

Бозор Собир зодрӯз дорад. 75 солагии шоире, ки се соли пеш одитарин толор дар Ватан барояш дастнорас буд, дар Театри опера ва балет таҷлил хоҳад шуд.


Низом Қосим, вакили парлумон ва яке аз дӯстони наздики Бозор Собир ба “Озодагон” гуфт, 75-солагии шоирро шоми 22 ноябр дар толори Театри опера ва балети ба номи Устод Садриддин Айнӣ бо баргузории маҳфили шеъри ӯ ҷашн мегиранд. Ин маҳфил ба гуфтаи вай бо ҳузури дӯстон ва ҳаводорони шеъри Бозор хоксорона таҷлил мешавад. Худи Бозор Собир дар мавриди ҷашни зодрӯзаш мегӯяд, васеъ ҷашн гирифтани он барояш ҳеч аҳамияте надорад.

Бозор Собир баъди 19 соли ғурбат 27 майи соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамешагӣ ба Ватан омад. Шоири маъруфи тоҷик, ки охирҳои солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадуми асри гузашта дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд. Дар оғози соли 1993 вақте ҷонибдорони Фронти халқӣ сари қудрат омаданд, шоир зиндонӣ шуд ва нуҳ моҳро пушти панҷара сипарӣ кард. Гуфта мешавад, дар озод кардани ӯ нақши созмонҳои байналмилалӣ ва рӯшанфикрони Русия муассир будааст. Баъди раҳоӣ шоир чанд муддат дар Маскав буд ва аз он ҷо ба Амрико рафт.

Солҳои аввали ҳиҷрат гуфта мешуд зиндагии шоир хуб нест. Бардошти аксарият аз як шеъри ӯ буд, ки мегуфт, фарзандаш сураткаши хубест, аммо намедонад аксҳои кашидаашро куҷо овезад, зеро деворе надоранд, хонабардӯшанд. Дар чанд матлаби он солҳо дар матбуоти тоҷик нашркардаи Бозор ҳам айни ҳол тасвир мешуд, аммо чанд сол баъдтар мужда расид, ки шоир дар як донишгоҳ ба амрикоиён забони тоҷикӣ меомӯзад.

Муддати дар Амрико будан, ду маротиба Тоҷикистон омад. Аввалин маротиба соли 2004 ва бори дуюм соли 2010. Дафъаи аввал ба баргузории як маҳфили назм ҳам муваффақ шуд. Ин маҳфил дар толори Иттифоқи нависандагон ҳудуди 4 соат идома кард ва лаболаб аз ташнагони шеъри Бозор буд. Бори дуюм соли 2010 омад, аммо натавонист маҳфили шеър орояд, зеро ба қавли ҳолдонҳо дар пайдо кардани толор мушкил пеш омадааст.

Бозгашти доимии ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ иттифоқ афтод ва баҳсҳоеро низ дар маҳофили мухталиф ба бор овард. Бархеҳо гуфтанд, ӯро ҳукумат барои он овард, то алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ истифода кунад. Бозор Собир қаблан изҳор дошта буд, ки барои Тоҷикистон ҲНИТ лозим нест. Баъзеҳо ба ӯ тамғаи “фурухташуда”-ро заданд. Далели онҳо ин буд, ки шоир дар шеър ва матлабҳо ҳамеша аз вазъи имрӯз интиқод мекард, аммо баъди баргаштан ба тавсиф пардохт. Онҳо мегуфтанд, беҳтар буд шоир аз Амрико барнамегашт ва эътиқоди бисёре аз ҳаводоронашро аз даст намедод. Аммо гуруҳе низ ҳастанд, ки мегӯянд, шоир аз ғурбат хаста шуд ва мехост дар Ватан бошад, аз ин рӯ пешниҳоди президент дар бораи баргаштанро зуд пазируфт. Зимнан, баъди омадан ӯро раиси ҷумҳур ба ҳузур пазируфт. Дар пайи ин дидор, мақомоти Душанбе барои Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе як манзил ҳадя карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам, ки тӯли тақрибан бист сол аз овардани номи Бозор Собир худдорӣ мекарданд, якбора ба таблиғ ва намоиши ӯву таронаҳояш пардохтанд. Бозор Собир дар чанд сафари қабл аз интихобот Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ кард. Ахиран, як шеъри ӯро дар васфи президент рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр кард, ки дар он Раҳмонро бастакори нақбҳои Анзоб, Шаршару Чормағзак ва неругоҳҳои Роғун тавсиф мекунад.

Бозор Собир аз камтарин шоирони замони муосири тољик дониста мешавад, ки дар шеър муваффақ шудааст. Шеърҳои ӯ вижагии хос дошта ба дили мардум хело наздик гуфта шудаанд. Дар таърихи Тоҷикистон Бозор Собир ягона намояндаи мардумист, ки аз ваколаташ даст кашид. Ӯ ҳамчунин дар қатори камтарин шоирони шӯравист, ки сиёсати онро таблиғ накардааст. Аммо замони дар Амрико будан ва ҳам имрӯзҳо аз Шӯравӣ ва Ленин ба некӣ ёд мекунаду чанд шеър низ дар васфи ӯ сурудааст.

Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори ӯ аст.

Дар 19 соли ахир дӯстону ҳаводорон ва мухлисони ашъори Бозор зодрӯзи ӯро бе ҳузури вай таҷлил мекарданд. Аммо имсол шоир дар Ватан аст.

Мавлуд муборак, Бозор Собири шоир!
Мӯҳр
Содик
Чи бади дорад.хело оли . Магар Бозор арише надорад ки дар театри опера ва балет махфили шеъраш барпо шавад. Хукумат ба Бозор хона дод боз чи бади дорад. хуб кард. шумо журналистон набудед ки мегуфтед хукмат Бозорро намеорад ба ватан, у дар гурбат аст. Як чизро фахмед рафикони журналист шумо хам хизматгори хочае хастед. Аз як раккоса ва е хофиза дида хуб нест ки хонаро ба Бозор ва е шоире дихад. Ман устод Б. Собирро табик мекунам ба рузи мавлудаш. Иншооллох ки дар махфилаш ширкат мекунам. шумо хам биоед.

Рахмдил
Эх озодагон шумоён хам агар аз тарафи хукмат каме дастгири ёбед хукматро чунон нишон медихед ки аз мусича бегунохтар аз хамаатон нафрат дорам

Инсонҳои мухлис самими бояд ҳамеша дар мавриди гуфтани сухани ҳақ аз ҳеҷ касе ҳарос надошта бошанд. Шоирон ҳам агар хоҳанд дар дили мардум ҷой пайдо кyнанд аз дардy ғами мардyм сухан гуянд ва ба молу мансаби дунё аҳамияте надиҳанд. Шоире ки пулу молдyстдор бошад ва дар назди раҳбарон ва молдорон бахотири хона молy пул лаганбардори кyнад y ҳаргиз ҳақиқатро намегуяд балки ҳақро ботил ва ботилро ҳақ гуфта назди Худо гунаҳкор мешавад. Рости аз шоир мyлло ва касоне ки Худо ба онҳо мағзи хубро арзони карда вале онҳо ин немати Илоҳиро бахотири дарёфти нони аз роҳи ҳаром истифода мебаранд нафратам меояд. Хyдо беҳтарин рузи диҳанда аст ва Y зоти пок ризқy рузии ҳар махлуқро ба таври боядy шояд медиҳад вале базе авқот ҳам инсонҳоро имтиҳон мекунад ва мушкилоти иқтисодиро меорад вале ин мушкил ҳамеша ва доими намебошад зуд раф мегардад. Инсон бояд сабyр бошадy аз имтиҳонҳои Худованд сарбаландона yбyр кунад ва ҳамеша сухани ҳақро гуядy ба золим сар фуруд наорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)