Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

Саймӯъмин Ятимов ва Рамазон Раҳимов дар курсиҳои худ монданд

20 ноябр 2013, 10:31

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, бо фармони раисиҷумҳур дар мақомҳои худ боқӣ монда, дар ҳайати ҳукумати нави кишвар ба фаъолияташон идома хоҳанд дод. Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳур ба “Озодагон” гуфт, ин фармон рӯзи 20 ноябр, дар пайи ташкили ҳукумати нави Тоҷикистон, содир шудааст.

Саймӯъмин Ятимов моҳи сентябри соли 2010, дар пайи фирори 23 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ва барканории Хайриддин Абдураҳимов ба курсии раиси Кумитаи амнияти миллӣ нишаст. Вай соли 1955 дар вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1976 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Вай номзади илмҳои сиёсатшиносист. Дар солҳои 2000-2005 ба ҳайси муовини вазири амният ва солҳои 2005-2007 ҳамчун ноиби аввали вазири умури хориҷӣ кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2007 то майи соли 2010 сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия буд.

Рамазон Раҳимов 53 сол дошта, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст ва моҳи январи соли 2012 ба курсии вазири умури дохилӣ нишаст. Вай то он замон муовини аввали вазири умури дохилӣ буд. Рамазон Раҳимов фаъолияти хидматиашро аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и ноҳияи Мӯъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и Данғара ва сардори ШКД-и ноҳияи Данғара кор кардааст.

Вай солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД-и ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати умури дохилиро ба ӯҳда дошт. Соли 2005 ба ҳайси муовини вазири умури дохилӣ ва соли 2007 ҳамчун сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 20 ноябр 2013 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ramazon rahimov dangaragi nest-u az xovaling ast.charo durug menavised?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik,
Фаркуш чияй Дангараки ё Ховалинги - Лубиёю Каду лаънат ба харду.
Посух додан
  • Шоди

  • 20 ноябр 2013 11:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э дустон монед хами махалгароиро. Касе ки метавонад корро дар самти худ пеш бурда монед, ки кор кунад. Новобаста ба он ки у аз кучо аст. Озодагон акнун дар ту эхсоси махалгароиро хис мекунам. Хохи ки озода боши, махали хеч касро дар матлаб чо мадех. Харкучои ки хаст ё нест, Точикистонист! Чоп кун! ту танкиди худро чоп намекуни, медонам, аммо барои "Озодагон" гуфтам.
Посух додан
  • tojik

  • 20 ноябр 2013 12:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЗубиЗуби,
kadu inho boshand-lubiyo tu hasti?
Посух додан
  • 888

  • 20 ноябр 2013 14:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо барои каду либиё чанг кнен мардако шоҳвори зиндаги доранд, кай парвои лубии ту доранд
Посух додан
  • kurbon

  • 20 ноябр 2013 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар хакикат вактхои охир озодагон маколахои хусусияти махалгарои догта чоп карадаистодааст як бор натичаи хамин махалбозихоро дидем басааст охир чи кор дори ба махалаш точик аст аз точикистон аст чоп кун бояд камбуди ва танкидро шунид.
Посух додан
  • Шер

  • 20 ноябр 2013 17:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Курбон! Хама аз Дангарва ховалинг вазиф гиранд махалгарои нест.Вале як шархи Озодагон барои ту махалгарои шуд. Ин мафия аст на махалгарои.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикр мекунам ,агар хамин Саймуъмину, Рамазон точик бошанд мо ягон миллати дигарем чи........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардум охи и кадую лубиё ага ай хаму минтакаи дустдоштаи ЧО намебуданд, ки инхоро ба ин вазифахо таъин мекард. Майлаш мо рози, лекин акалан ба сатхи касбиашон ва одамшиноси каме хам бошад, бояд касе ахамият медод. Чи ай дига минтакахо мутахассис нест ё намехохем дидан. Намедонум бо ин рафтор то кучора мерафта бошем.
Посух додан
  • Tojik

  • 21 ноябр 2013 00:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Onho hama Kulobi budastand! Vaziri navi difo ham Kulobi hast! In dar haqiqat hukumati Kulobihost!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!