Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:22

Сабукӣ ба “Тоҷ-Чайна” ва эроди вакили Ҳизби наҳзати исломӣ

20 ноябр 2013, 10:57

Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумон, рӯзи 20 ноябр бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷаи соли 2013 ширкати “Тоҷ-Чайна”-ро аз пардохти боҷу андоз зимни воридоти таҷҳизот озод намуд. Ин ширкат ки дар шаҳри Ваҳдат корхонаи тавлиди семент месозад.

Гулчеҳра Бозорова, муовини вазири рушди иқтисод, ҳангоми муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, “Тоҷ-Чайна” дар умум ба маблағи 9,8 миллион доллар таҷҳизот ворид хоҳад кард ва маблағи боҷу андоз зимни воридоти он 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Бозорова афзуд, “Тоҷ-Чайна” ширкати муштараки Тоҷикистону Чин буда, давоми 10 моҳ корхонаи иқтидораш 600 ҳазор тонна семент дар як солро бунёд мекунад.

Дар робита ба ироаи сабукиҳо ба ширкату корхонаҳо, Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, суханронӣ карда, гуфт, ҷонибдори ироаи сабукӣ ба “Тоҷ-Чайна” аст, чун он корхонаи истеҳсолӣ мебошад: “Аммо баъзан парлумон ба ширкатҳое имтиёз медиҳад, ки самти фаъолияташон истеҳсолӣ нест.” Ба сифати мисол, Кабирӣ бунёди меҳмонхонаи 5-ситорадорро мисол овард, ки 5 сол боз барои бунёди он парлумон имтиёз медиҳад.

Кабирӣ аз он эрод гирифт, ки роҳбарони ширкатҳои имтиёзгирифта, аз натиҷаи корашон ба вакилони мардум гузориш намедиҳанд ва зарур хонд, ки масъулини ин ширкатҳо барои ҳисобот ба парлумон даъват шаванд: “Нашавад, ки аз имтиёзҳо танҳо як гуруҳи муайян истифода кунанду шаҳрвандони дигар, зимни бунёди корхонаҳо андозу боҷи гумрукии зиёд супоранд.” Дар посух Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи қаблӣ дархост кардаанд, то ширкату корхонаҳое, ки аз пардохти боҷу андоз озод мешаванд, аз натиҷаи корашон ба парлумон гузориш диҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 20 ноябр 2013 11:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ami kabiriro raisi cementzavodi vahdat moned.zoirufro dar regar.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуруст кайд кардааст чаноби Кабири ... магар дигар точирон одам нестанд, ки ба баъзеашон имтиёз будасту ба баъзеи дигарашон не!!! ва дувум чизе ки ба чашм мерасад аз парлумон ба гайр аз суханронии Кабири аз дигар вакилон сухане намебарояд магар дигаронаш гунганд ё фикри шахси надоранд ё аз тарса гап намезананд ва ё чойхоро банд карда кор намекунанд?? он чи ки аз боло гуфта шавад конеъ мешаванд ва овоз медиханд ба чашм гуфта кабул мекунанд !
Посух додан
  • Janobi iks

  • 20 ноябр 2013 11:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
e 'tojik' in qadar ba hami Zoirovu Kabiri chaspidi kana borin. Ba 1 tori mui in 2 MARDI HAQIQATPARAST arzish nadori. Rosti gap tamoman makul nashidesti ba hami gapot. Faqat hami hukumata tarif mekuni. Az hamu fabrikai javob hasti chi?
Посух додан
  • Рaxмдил

  • 20 ноябр 2013 14:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамаи ин вакилон лаганд бардор вакти интихобот шавад мо ин мекуним вай мекуним мегуянд вакте ба курси менишинан ... гами халк вой бар холи халки точик
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
2,5 млн аз 9,8 млн? Яъне бочи гумруки бисёртар аз 25% аст??? Аммо ин ба манфиати давлат нест. Мо станоку техника намебарорем, аз хорича меорем. Дигар давлатхое, ки техника истехсол надоранд, барои дароварданаш боч намегиранд, баракс ба сохибкор имтиёзхо медиханд, чунки ин ба пешрафти давлат аст. Як техника камаш 100 хазор доллар бошад, сохибкор аз банк карз мегирад, хисоби пратсентояш медавад, боз вакти дароварданаш вай бояд камаш 25 хазор доллар дихад??? Кадом сохибкор дар ин хел шароит кор мекунад? Аз кучо чойхои нави кори мешавад?
Соли дигар мардакхои аз аблавахои россия тарсидаги ончо намеранд, отаю очахошон намемонанд. Мурем, хаминча мурем мегуянд. Ба хамаи онхо чои кор даркор. Инро хам фикр кунед. Ин боча тамоман бекор кардан даркор.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!