Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:36

ФСБ-и Русия ду тоҷикро барои паҳни адабиёти экстремистӣ ихроҷ кардааст

20 ноябр 2013, 12:09

Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар Санкт Петербург, ду шаҳрванди Тоҷикистон, Музаффар Л ва Ҳотам М.-ро барои фаъолияти зидди амнияти давлатии Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ намудааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ФСБ-и вилояти Ленинград, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон адабиёти динии хусусияти ифротидоштаро паҳн мекардаанд, ки ба зидди амнияти давлатии Русия нигаронда шудааст. ФСБ мегӯяд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави бозори яклухти Петербург, “Салова 52” таълимоти экстремистияшонро ба роҳ монда буданд: “Айни ҳол онҳо ихроҷ шуда, дигар ҳаққи бозгашт ба Русияро надоранд.”

Ба иттилои манбаъ амалиёти махсус алайҳи паҳнкунандагони таълимоти ҷараёнҳои экстримистии “Ҳизб-ут-таҳрир”, Аморати Қафқоз, Ҳизби исломии Туркистон ва дигар ҷараёнҳо дар миёни муҳоҷирон идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!