Бахшҳо
20 ноя 2013 13:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Худдории 40%-и занони шавҳардори тоҷик аз таваллуд

Оҷонсии омори Тоҷикистон бо кумаки созмони USAID-и Амрико нахустин тадқиқоти тиббӣ-демографӣ гузаронда, муайян намудааст, ки беш аз 40 дарсади занони шавҳардор дар Тоҷикистон намехоҳанд фарзанд таваллуд кунанд.

Зимни муаррифии натиҷаҳои ин тадқиқот, ки рӯзи 20 ноябр дар Душанбе сурат гирифт, қайд гардид, ки ба як зан дар Тоҷикистон 3,8 таваллуд рост меояд ва ин ҳолат дар деҳот нисбат ба шаҳр зиёд мебошад. Тибқи ин пажуҳиш, дар Тоҷикистон танҳо 26%-и занони шавҳардор аз усулҳои замонавии пешгирии ҳомиладорӣ истифода мебаранд.

Ин пажуҳиш муайян кардааст, миёни занҳое, ки дар 5 соли ахир таваллуд кардаанд, ба 79%-и онҳо ёрии баландихтисоси тиббии пеш аз таваллуд расонда шудааст. Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон 23% таваллудҳо дар хона мегузаранд. Таваллуд дар хона бештар дар вилояти Бадахшон - 34% ва миёни мардуми камбизоат - 41% ба назар мерасад. Ҳолатҳои таваллуд, ки ба наздикӣ гузаштаанд, 87% бо ёрии кормандони баландихтисоси соҳаи тиб ва 77% дар муассисаҳои тиббӣ гузаронида шудаанд.

Ин тадқиқот маълум намудааст, фавти кӯдак дар Тоҷикистон нисбат ба чанд соли пеш коҳиш ёфтааст. Дар солҳои 2008-2012 фавти кӯдакони то 5-сола 43 фавтро ба 1000 зиндатавллуд ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар солҳои 2002-2007 54 фавти кӯдак ба 1000 зиндатаваллуд ва дар солҳои 1998-2002 74 фавт ба 1000 зиндатаваллуд рост меояд. Дар Тоҷикистон танҳо 33% занҳои синни 15-49 сола медонанд, ки истифодаи рифола, маҳдуд кардани алоқаи ҷинсӣ танҳо бо як шарики сироятнаёфта метавонад сирятпазирии ВНМО-ро пешгирӣ намояд. Ин фоиз миёни занҳои бесавод ё занҳое, ки соҳиби маълумоти ибтидоӣ мебошанд, 17% ва занҳои дорои маълумоти олӣ 63%-ро ташкил медиҳад.

Тадқиқот нишон додааст, ки 34%-и кӯдакони то синни 6- моҳа танҳо аз шири модар истифода мебаранд. Ҳамчунин тибқи ин пажуҳиш 26 дарсади кӯдакон дар синни то 5-солагӣ қадпаст буда, аз камғизогии доимӣ азият мекашанд. 10%-и кӯдакон аз камхӯрии музмин азият мекашанд ва 12%-и онҳо аз сабаби норасои ғизо камвазн мебошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)