Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:11

Ҳ.Умаров ва С.Шарифов дар бораи кадрҳои наву кӯҳна

20 ноябр 2013, 15:18

Таъиноти кадрҳо дар ҳукумати нави Тоҷикистон, ки баъд аз савганди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоб, дар назди аъзои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон дар 16 ноябр ташкил мешавад, бо истиқболу интиқод рӯбарӯ омадааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, таҳлилгари тоҷик, аз таъини Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, ба мақоми раҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба шиддат интиқод кард. Профессор Умаров гуфт, аз он дар тааҷҷуб аст, ки чигуна як мутахассиси бахши кишоварзӣ бо масоили сармоя машғул хоҳад шуд. “Агар ба бахши кишоварзӣ таъин мекарданд, қобили дарк буд. Аммо чаро ӯ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ шуд? Нофаҳмо. То Қодири Қосим бо масоили сармоядорӣ ошно мешавад, ки ду-се сол сипарӣ хоҳад шуд”,-мегӯяд Умаров.

Дар гузашта ин кумитаро Давлаталӣ Саидов роҳбарӣ мекард, ки рӯзи 19 ноябр бо фармони раисиҷумҳур ноиби аввали инахуствазири Тоҷикистон таъин шуд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз таъини Давлаталӣ Саидов истиқбол карда гуфт, “ӯ кадри ҷавон буда, ба фасод нисбатан камтар рабт дорад”. Дар робита ба таъин гардидани Шералӣ Мирзо ба симати вазири дифои Тоҷикистон, Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфт, Вазорати мазкур дар ҳоли ҳозир нуқсони зиёд дорад: “Ҳоло ҳар чизе, ки мо аз Вазорати дифоъ напурсем, мегӯянд, ки он сирри давлатӣ буда, ошкор набояд шавад. Ин нодуруст аст. Барои ҳамин, вазири нав бояд аз ин ислоҳот шурӯъ кунад”,-гуфт Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Ин дар ҳолест, ки Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон ва раҳбари собиқи МАркази тадқиқоти стартегӣ, аз кори Шералӣ Хайруллоев дар 18 соли раҳбарияш дар Вазорати дифоъ тавсиф кард. Вай гуфт, Хайруллоев дар марҳилаи хеле ҳассос вазифаи худро хуб иҷро намудааст: “Шералӣ Хайруллоев барои анҷоми кори худ, барои рушди Артиши миллии Тоҷикистон тамоми ҳастии худ бахшид. Фикр мекунам, барои ин садоқат ӯро раҳбари кишвар ҳам қадрдонӣ кардааст.” Сӯҳроб Шарифов дар идома гуфт, идора кардани Вазорати дифоъ кори басо мушкил буда, ба ин вазифа бояд нафаре таъин карда шавад, ки манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва давлатии Тоҷикистонро ба хубӣ дарк ва ҳимоя намояд. Ба гуфтаи вакили парлумон, ҳоло раисҷумҳури Тоҷикистон кадреро интихоб намудааст, ки он дар дохили кишвар бо руҳияи миллӣ тарбият ёфтааст.

Шералӣ Мирзо дар ҳоле вазири дифои Тоҷикистон таъин гардид, ки давоми чанд соли охир ин ниҳоди давлатӣ бо роҳи иҷборӣ ҷалб кардани ҷавонон ва сафи Артиш пайваста зери танқид буд. Суҳроб Шарифов мегӯяд, дар асл ин мушкили тамоми ҷомеаи Тоҷикистон буда, онро вазири нав дар танҳоӣ наметавонад аз байн бубарад. “Дар асл “облава” ин мушкил аз тарафи ҷавонон ҳаст. Бояд онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия кард”,-таъкид мекунад Шарифов. Мусоҳиби мо дар мавриди Матлубхон Давлатов, ки аз мақоми ноиби аввали нахуствазир барканор гардида, то ҳол ба вазифаи нав нагузаштааст, изҳори назар карда ва гуфт, “ӯ аз ҷумлаи он кадрҳое мебошад, ки менеҷери хеле хуб аст”.

“Барои дар ҳукумат кор кардан синну сол чандон аҳамият надорад. Ҳамчуноне ки дониш дар бахши сиёсат ва иқтисодиёт муҳим аст, аммо аввалиндараҷа нест. Барои идораи ниҳоди давлатӣ менеҷери хуб бояд буд. Матлубхон Давлатов ҳамин хусусиятро дорад”,-гуфт ӯ. Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, мухолифи он аст, ки ҷавонон якбора ба вазифаи баланд таъин карда шаванд. Дар асл, мегӯяд номбурда, ба вазифа таъин гардидан ва ё сабукдӯш шудани вазирон бояд як кори муқаррарӣ бошад ва аз он набояд ҳангомаҳо сохт.

Бо ин ҳама, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз якҷоя кардани баъзе ниҳодҳои давлатӣ ва ё ҷудо кардани вазоратҳо ва ё барҳам додани баъзеяшон истиқбол намуда, гуфт, ин масъале буд, ки ҳукумат ба он бояд чанд соли қабл даст мезад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • СОДИК

  • 20 ноябр 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МЕГУМ ПРФЕСОРИ ФОЛБИН УМАРОВ АЗ САВСАТА ГУФТАНДА НАМЕШАВАД КИ ЯК ПЕШНИХОДИ ХУБИ ИЛМИ ДАР САТХИ ЧАХОНИ КУНИ КИ АЗ ИКДОМАТ ПАЙРАВИ КУНАНД ВАЗИФА МОНДА КОРИ ХУКУМАТ АСТ ОЛИМ СОХА АСТИ КОРИ ИЛМАН АСОСНОК ПЕШНИХОД КУН
Посух додан
  • Шер

  • 20 ноябр 2013 21:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СОДИК бародари азиз Устод Умаров яке аз олимоне мебошанд ки чандин идеяхо ва фикри акидахои илман асоснокро барои халли мушкилихои иктисоди пешниход намудаанд. Аммо гуши шунаво чашми бино нест да Хукумат. Кумитаи сармоягузориро бояд нафари донандаи илми муосир, чахонбини ва забони англиси буд. Масалан Давлатали Саидов дорои хамин донишхо буд. О и Кодири Косим даи кумита чикор мекарда бошад. Мантик нест.
Посух додан
  • Dev

  • 21 ноябр 2013 02:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СОДИК,
Sodik, hub mebud sodikona ba zaboni adabii tojiki harf zadanro meomuhti (navistanro inchunin) bad safsatahoi saratro menavishti injo ! Profes(s)or, sa(f)sata, az safsata guftana,vazifa mondan(dodan), olimi soha hasti, vergulhoyu alomati hitobro furu burdi !
Agar janobi Umarov daho ideyavu peshnihodho kunad ham hukumati jonojonat zarrae ahamiyat namedihad , in hakikat ast !
Посух додан
  • takhir

  • 21 ноябр 2013 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kumitai sarmoyaguzori dar sharoitiimruza yagona soxtore bud, ki tashabbushoi asosiro baroi rushdi iktisodiyot amali mekard. Afsus, ki bo tain shudan Kodiri Kosim chunin yak soxtori purkuvvatro ba misli vazorati kishovarzi tabdil xoxad dod.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!