Фергана.ру: Ҷавони 28 сола дар пайи шиканҷаи кормандони пулис ба ҳалокат расидааст
Музаффар Каримови 28 сола, сокини рустои Олтинқули ноҳияи Мингбулоқ, ки дар дуздии телефони ҳамроҳ гумонбар мешуд, дар пайи шиканҷаи кормандони пулиси вилояти Намангон ба ҳалокат расидааст, -хабар додааст торнамои “Фергана.ру”.
Раҳимаҳоҷӣ Қарабоева, модари Музаффар ба “Фергана.ру” гуфтааст, бо гузашти чанд моҳ (ӯ 12 июн ба ҳалокат расидааст) ҳанӯз сабабҳои даргузашти ӯ рушан нашудааст. Қарабоева гуфтааст, дар ин муддат ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат кард, аммо посухи дақиқ нагирифт.
Ба иттилои манбаъ, Музаффарро Раҳим Қулдошев, собиқ корманди милиса дар дуздии телефонаш муттаҳам кардааст. Музаффар ҳамроҳ бо чанд нафари дигар дар манзили ӯ сохтмончӣ шуда кор мекардааст.
Гуфта мешавад, Қулдошев аз Музаффар наздики 200 доллар қарздор буда ва телефонашро ҳамчун гарав ба вай медиҳад. Аммо ба шӯъбаи пулис шикоят мебарад, ки гӯиё телефонашро рабудаанд.
Баъди якуним соати дар шӯъбаи пулис будан Музаффар Каримовро дар ҳолати беҳушӣ ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи марказӣ мебаранд ва баъди чанд рӯз ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад.
Модари Музаффар гуфтааст, писараш солим буд ва аз саломатии худ шикояте надошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |