Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:53

Кай аз торикӣ раҳо мегардем?

21 ноябр 2013, 09:12

Сокинони вилояти Суғд рӯзҳои сахти бебарқиро пушти сар мекунанд. Дар шабонарӯз барои манозили сокинони манотиқи дурдасти ин вилоят ҳамагӣ аз як то ду соат нерӯи барқ интиқол меёбаду бас.

Мақомот мегӯянд, маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар пайи таъмири яке аз сутунҳои барқи Ҷануб-Шимол иттифоқ уфтода, қарор аст, ҳафтаи оянда вазъ беҳтар шавад. Аммо, ба қавли онҳо, лимити нерӯи барқ аз миён бардошта нахоҳад шуд. Сокинони Тоҷикистон солҳост, ки дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон, ранҷи лимити нерӯи барқро мекашанд. Ин дафъа “Озодагон” аз масъулону сокинон пурсид, “кай аз торикӣ раҳо меёбем?”

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”:
“Барои посух ба ин савол бояд 7 соат нишаста сӯҳбат кунем. Аммо мухтасаран мегӯям, ки солҳои наздик аз рӯи сиёсати энергетикии президент Тоҷикистон на танҳо худро бо барқ таъмин мекунад, балки онро ба дигар кишварҳо низ содир мекунад. Солҳои наздиктарин.”

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод:
“Бо вазъияти феълӣ эҳтимол то 10- 15 соли дигар ин лимит давом мекунад. Зеро ба истифода додани нерӯгоҳҳои миёнаву калон дар назар дошта нашудааст “Сангтӯдаи 2” ҳам феълан ҳамчунин. Агар ду агрегати Роғун ба истифода дода нашавад, дар солҳои наздик комилан бо барқ таъмин шудани аҳолии Тоҷикистон имкон надорад.”

Фирӯз Саидов, коршинос:
“Лимити барқ чи қадар давом мекунад, паҳлӯҳои гуногун дорад. Якум ин ки чи қадар об дар нерӯгоҳи Норак вуҷуд дорад. Масъалаи дувум ин ки вазъи обу ҳаво чигуна аст ва мо чи қадар сармояро дар инҷо дар назар дорем. Севум, агар дар шаҳри Душанбе он марокизи барқу гармдиҳие, ки сохта истодаанд, ба кор дарояд, як қисми аҳолии кишвар бо гармӣ таъмин шуда, он гоҳ дар гирду навоҳии пойтахт лимити барқ камтар мегардад. Бо сохтмони чанд нерӯгоҳҳое, ки вуҷуд дорад, мумкин аст, оҳиста-оҳиста лимити барқ дар Тоҷикистон кам шавад. Хусусан, агар “Сангтӯдаи 2” пурра ба кор дарояд. Ин як масъалаи дарунии Тоҷикистон нест, як масъалаи берунӣ аст. Барои онки мо аз системаи энергетикии Осиёи Марказӣ маҳрумем. Тоҷикистон ба шимоли кишвар акнун барқ дода истодаст, ки мушкили ин қисми кишварро ҳал мекунад. Агар се агрегати Роғун пурра ба кор дарояду ҳамсояҳо ба он зарар нарасонанд, онгоҳ пурра лимити Тоҷикистон ҳал мешавад. Ҳама чиз вобаста аз Роғун аст.”

Одилхон Саъдуллоев, мутахассиси соҳаи энергетика:
“Лимити барқро барҳам додан имкон дорад. Ин вобаста аз он аст, ки то чи андоза онҳо мехоҳанд. Ҳамин сол ҳам ин лимитро бар ҳам додан мумкин буд. Ҳама чиз бар он бармегардад, ки роҳбарон инро мехоҳанд ё на. Агар хоҳиши барҳам додан мешуд, имсол ҳам лимити барқро ҷорӣ намекарданд ва ё ба қадре мекарданд, ки тамоман таъсире намерасид на ба аҳоливу на ба иқтисодиёт.”

Набӣ Юсупов, директори ташкилоти ҷамъиятии "Медиаконсалтинг":
“Агар ҳардуи Сангтӯда пурра кор кунад, мо набояд ҳамакнун таъсири лимити барқро инқадар сахт ҳис кунем. Агар бо Сангтӯдаҳо лимит ҳал нашавад, боз камаш 5-7 сол то сохтани Роғун азоб мекашем. Лекин Роғун ҳам "АГАР" сохта шавад.”

Фархунда Шарифова, журналист:
“Ба фикри ман, мушкили лимити барқ дар ин даҳсола ҳалли худро намеёбад. Зиёнаш, албатта, ки ба мардум мерасад. Барои мардуми камбизоати деҳот, ки баъзеҳояшон имкони харидории ҳезуму ангишт надоранд, хонаҳояшон хунук аст ва ин мардуми бечора дар сармо бемор шудаанд. Дар ин ҳолат табиист, ки ба онҳо доруву дармон лозим мешавад, вале барои доруву дармон маблағ даркор, аммо онњо пулро аз куҷо гиранд? Аксарият зимистонро дар бебарқӣ гузаронида бемориҳояшон куҳна мешаваду дигар як умр дар азоб мемонанд.”

Сӯҳроби Ваҳҳоб, сокини Қумсангир:
“Нахустин зарари ин лимит ба рӯҳ мебошад. Чун ҳангоми ҷорӣ шудани он аз реҷаи эъломнамудаи Барқи тоҷик дар аксар навоҳӣ бахусус дар ноҳияи Қумсангири мо ҳадди ақал то 2 соат камтар дода мешавад, ки ин поймолшавии ҳуқуқи мост. Ҳатто баъзе рӯзҳо тамоман қатъ мегардад. Дар мо агар барқ набошад насосҳои обкашонӣ кор намекунад, дар ин сурат мо маҷбур мешавем, ки мошини обкашониеро киро карда, то 2 километр рафта об биёрем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шамс

  • 21 ноябр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Ёдгори. "солҳои наздик аз рӯи сиёсати энергетикии президент Тоҷикистон на танҳо худро бо барқ таъмин мекунад, балки онро ба дигар кишварҳо низ содир мекунад. Солҳои наздиктарин.”
Чаноби Ёдгори солхои наздикашро дакик муайян нагуфтед?
Бас аст мардумро фиреб додан ,мардумро бо марк таъмин карда наметавонед,хама якчоя ба истеъфо равед.
Посух додан
  • Рахмдил

  • 21 ноябр 2013 10:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э вой озодагон сарлавхаро хам нагз монди аз торики баъди аз чо рафтан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба мавзу хамин хол обу ранг дод ки гуе дар дигар манотики чумхури куваи барк бошад дар хама манотик аз 2то 3соат свет метиснду халос
Посух додан
  • cr7

  • 21 ноябр 2013 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин масулони барки точик факат фиреба медонан бечора мардуми точик аз бебарки дар ин сармо мемурад хайрият шамъ хаст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман дар маркази Душанбе зиндагӣ мекунам. Шиддати барқ аз 150-160 киловат зиёд нест. Дастгоҳи гармдиҳии барқ ширгарм асту бас. Дар хона бо ҷемпиру ҷома менишинем. Кӯдакҳоро бо либосҳои гарм мехобонем. Вой ба ҳоли ноҳияҳо, ки сокинонашон тамоман бебарқанд. Сухане намеёбам, ки онҳоро тасалли диҳам. Ҳаминро мегӯям, ки бардаму сиҳатманд бошед. Аз сардӣ эҳтиёт шавед. Сардӣ агар ба вуҷуди одам ворид шуд, ба осонӣ хориҷ намешавад. Худо нигаҳдоратон бод, аз ҳукумат умед нест!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!