Бахшҳо
21 ноя 2013 09:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Барфи аввал ва фавти ду хонандаи мактаб дар Шӯрообод

Шаби 20 ба 21 ноябр, дар пайи боридани барфи аввал дар ноҳияи Шӯрообод, ду ноболиғ аз сармои шадид ҷон бохтаанд.

Тавре аз Шӯъбаи умури дохилии Шӯрообод ба “Озодагон” гуфтанд, дар пайи хунукӣ Салими Маҳмуд, хонандаи синфи 11 ва Дилшоди Давлат, хонандаи синфи 5-и мактаби миёнаи деҳаи Кӯрдона, фавтидаанд. Ба иттилои манбаъ, фавтидагон субҳи 20 ноябр барои ҳезумҷамъкунӣ ба мавзеи Деҳи Аҳмад, ки аз деҳаашон 10 километр дур будааст, рафтаанд.

“Онҳо се нафар будаанд. То мавзеи ҳезумҷамъкунӣ мерасанд, ки барфи зиёд меборад. Кӯшиш кардаанд, ки ба хона баргарданд, аммо аз хунукӣ дигар роҳ гашта натавонистаанд. Аввал Салими Маҳмуд дар ҷойи ҳезумҷамъкунӣ ҷон медиҳад. Сомон Башолов, нафари сеюм, кӯшиш кардааст, Дилшоди Давлатро ба хона орад, аммо то ними роҳ омадаанд, ки Дилшод низ ҷон бохтааст. Сомон дар ниҳоят ба танҳоӣ ба деҳа расида, ҳамдеҳагонашро аз қазия огоҳ мекунад. То масъулин ба ҷои ҳодиса расиданд, ки аллакай соати 9-и шаб буд ва ин ноболиғон ҷон бохта буданд”,-афзуд манбаъ.

Мақомоти пулиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон мегӯянд, нафаре, ки ҷон ба саломат бурдааст, низ ноболиғ буда, 14 сол дорад. Масъулини пулис таъкид мекунанд, ки ташхис нишон додааст, фавтидагон воқеан ҳам аз хунукӣ ҷон додаанд.
Мӯҳр
Салохиддин
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун

впп
худо раҳмат кунад ҳамдард ҳастам бо волидони инҳо

Шурободи
О наход, ки дар фасли гармо ҳезумро ҷамъ карда нашуад, барои мардуми Шурообод ин як чизи муқаррарӣ шудааст, ки дар фасли зимистон ҳезум кашонидан. Ин ҳолат на ин ки дар ин деҳаҳо, балки дар худи ноҳияи Шурообод дида мешавад, ки дар фасли зимистон ним метр барф дар рӯи замин онҳо ба ҳезумкаши ба куҳи Камар мераванд О наход, ки захираи зимистонро дар вақти бебарфи чамъ карда нашавад ва ҷони худ ва фарзандонро дар фасли сармо зери хатар мони ЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭййййй мардуми "РОҒ" , беҳуда намегуянд, ки илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ, ҳамаш кори Худо лекин агар падару модари ин тифлакони ноболиғ дар тобистон ҳезумро захира мекарданд ҳоло ин тифлакон дар қайди ҳаёт буданд. Мақомотҳои дахлдорро зарур аст, ки пеши ин ҳолатро гиранд. ОЗОДАГОН ЧОП КУН ШОЯД БА КАСЕ ТАЪСИР РАСОНАД. ИЛТИМОС!!!

Сарирохи куча
Худованд рахматашон кунад!

САЛИМ н. ШУРООБОД
эй мардуми н.Шурообод наход ҳезумро дар зимистон кашонанд. Ҳамаш кори Худованд лекин ман захираи ҳезумро барои зимистон кайҳо таъмин кардам. Агар душвор ё гарон бошад аз кони ангишти деҳаи Прорвор кумур гиред ва захира кунед ва фарзандонро азоб надиҳед. ХОҲИШ хеле дилам барои ин ҷавонон сухт. Дареғ ё ин волидайн аз кирдорҳои худ пушаймон шуда бошанд. Зеро бениҳояд рузи сахт аст марги фарзанд барои волидайн. Хоҳиш дорам чоп кунед.

Шояд навиштаҳои моро чоп мекунед мо интизор Ташакур!!!

Мо назари худро бо умед навиштем, ки Озодагон чоп мекунад, мо гапҳо бе маврид нанвиштаем аз ин рӯ агар имкон даст диҳад чоп кунед

Аз ин бармеояд, ки Озодагон назарҳои бисёр навишташударо намепазирад.

Озодагон о кани назарҳои бо умед навишти моро рӯи чоп биёр, мо заҳмат кашида эҷод кардаем.

Худо рахмат кунад ин фарзандомона. Хамакаса роххои хали ин проблемахоро бояд ебем. Дар киемат хар мас'ул барои шароит фарохам накардан чавоб медихад. Бародархо мас'улон бедор шавед!!!

Шурообод
Барои чи назарҳои моро сари вақт ба чоп намерасонед. Мо ба сомонаи Шумо бо умед дохил мешавем, ки каме ҳам бошад ба касе ёрдами худро расонем. Вале бо сабабҳои ба мо номаълум назарҳо чоп намешаванд барои мисол. Агар дар сомони Озодӣ назари худро чоп куни мешавад, ки бисёри вақт баъди 15 дақиқа рӯи чоп мерасад. Кормандони Шумо ҳама дар рухсатианд ё ягон гапи дигар аст. Манзарат мепурсем барои баъзе суханҳо. Мақсади мо ба чоп расидани назарҳои мо аст.

тули ду рӯз аст, ки ба сомонаи Шумо медароем, хулосаи мо он, аст ки агар назарҳое, ки шухиомез набошанд, дигарашро чоп намекунед. Ин кори хуб не.

и чихели сайтай, ки фикри хонандагонашро чоп намекна, ку назарҳора чоп кун Озодагони Ҷун, ба фикрм якта коргар дорен успет намекна ха, ха, ха, ха, ха, хааааааааааааааааааааа уфе Озодагон ай хандара кштим!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

беном
Дар таърихи Озодагон як бор номи шурообод бромад, неки назарҳора оиди Ҳодиси Шурообод чоп накрден, ки накарден афсус, беҳад кори хуб не.

Худованд ун дунёша обод кна

In rahmati Khudovand ba javonhost inshoAlloh . Khudovand ba onho rahm karda ba nazdi khud khondaast to,ki dar jannati zeboi khud ziyofatashon dihad. Va inshoalloh ba khotiri in shahidon volidayni onho niz jannati khohand bud. Omiiin.

Шурободи
раҳмат, заҳмат кашидед, лекин ҳоло ҳам ҳамаашро чоп накарден. Манзарат мепурсем агар таъби Шуморо хира сохта бошем, мо ду каса азоб кашида эҷодкорӣ кардем, ки то ба касе мадад шавад.

Ҳайрон
Худо кунад, ки гуфти "Раҳмдил" шаваду ин ҷавононро Худо Раҳмат кунад.Лекин Худованд нагуфтааст, ки як метр барф зад баъд тифлаконро барои ҳезум фиристонед. Бояд пеш аз саршавии зимистон таёри дид. хафа нашавед, ки ман ҳам хафа мешам.

Пешравӣ ку Шумо Озодира пеш карден баъди 10 дақиқа назари навиштаи мо рӯи чоп омад. ура, ура, ура, РАҲМАТ ба Шумо БОШЕД.!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!Ин пешравии Тоҷикистонай, мо минатдор. ура ура ура ва ғайраҳо.

Худо рахмат кунад хардуяшонро ва аз даргохи худованди бузург баро Падар ва Модарашон сабру чамил хохонем ......Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун ! ! ! ! !

поапьоа
арварвар

бародари азиз мардуми бо номуси шурообод дар тобистон корашон бисёр дар зимистон хезум меоранд манхам худам 5 сол дар зимистон хезум овардам ака мебахши мегуи ангишт харен агар шароит мерасиду пул мешид вахоям ба кух барои хезум намерафтану мисли ту дар сари компиютер шишта чунин гапхои беманиро мезадан бародари азиз. ин гапхоро назан бародар бачои хамдарди баён кардан ким чи гапхо пуч задести биродар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)