Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:33

Ширинов бонкдориро бар асоси Ислом ба роҳ монданист

21 ноябр 2013, 09:49

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагони давлати Қатар аз роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар кишвар хабар додааст.

Тибқи иттилои Бонки Миллӣ, Ширинов рӯзи 20-уми ноябр бо намояндагии Давлати Қатар таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ мулоқот дошта, таъкид намудааст, ки “айни замон дар ҷумҳурӣ нақшаи ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома доранд, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.”

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд. Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ изҳор намудааст, ки Қатар барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахш дар соҳаҳои гуногун, бахусус низоми бонкӣ ва маблағгузориҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • САИД

  • 21 ноябр 2013 13:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин ҳукуматдорон чанд пуст дошта бошанд тамоман як қатра хуни шарму ҳаё номусу ғайрат ва ғурур надоранд шабу руз аз пайи маҳви ислом да Тоҷикистонанд ва ҳоло ки чашмашон ба пули арабҳо ало шудаст ба хотири ба даст овардани ПУЛ бонкдории исломи роҳандози мекунанд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ (КУРУШУ СОМОНӢ ЗАРТУШТ ...) ҲУВИЯТИ ИСЛОМӢ ВА ҲУВИЯТИ КОМУНИСТИВУ ДЕМОКРАТИАТОН ҲАМА ДУРУҒИ МАҲЗ АСТ ТАНҲО ҲУВИЯТ ВА ФИКРИ ШУМО ПУЛ АСТ
21 СОЛ ШУД САРДАРГУМЕД ВА МИЛЛАТ САРДАРГУМ КИ БА КАДОМ САМТ РАВЕМ КАДОМ ИДЕАЛОГИЯРО САРМАШҚ КУНЕМ БО ШАРҚ БОШЕМ Ё БО ҒАРБ ДИНДОР БОШЕМ Ё БЕ ДИН ҲЕҶЧИЗ МАЪЛУМ НЕСТ ВА БО ИН ТАРЗИ ИДОРА МАЪЛУМ ҲАМ НАХОҲАД ШУД
Посух додан
  • Сайфиддин

  • 21 ноябр 2013 14:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САИД,Ин бехтарин сиесат аст. Бояд зимни тахкиму рушди давлати тозаистиклоламон аз хамаи режимхои чахон бехтарин унсурхояшонро интихоб карда истифода барем. Давлат ба диндориву бединии касе набояд кордор бошад, балки аз кувваи хар дуи ин гурух чихати рушди кишвар истифода кунад. Дигар ин кори худашон аст, ки диндор мегарданд е бедин.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!