Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:30

Ҳизби Жириновский барои муҳоҷирон ҳукми қатл пешниҳод кард

21 ноябр 2013, 10:27

Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), ки роҳбарияшро Владимир Жириновский ба ӯҳда дорад, лоиҳаи қонунеро таҳия намудааст, ки дар он барои муҳоҷирон ҳукми қатл пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия, Роман Худяков, вакили парлумони Русия аз Ҳизби либерал-демократ, пешниҳод намудааст, ки баъзе бандҳои мороторияи ҳукми қатл дар мавриди муҳоҷирон лағв карда шавад. Ӯ муътақид аст, танҳо ҷазои сахт, то ҳадди ҳукми қатл метавонад, ҷинояткориро миёни муҳоҷирон дар Русия коҳиш диҳад. Худяков барои шаҳрвандони Русия низ, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд, ҷорӣ намудани ҳукми қатлро пешниҳод кардааст.

Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳизби коммунисти Русия пуштибонӣ ёфта, дар назар аст, то охири сол барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод гардад. Ҳукми қатл дар Русия то соли 1996 татбиқ шуда, аз он вақт то ҳоло барои ин намуди ҷазо моротория эълон шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Тоҷик

  • 21 ноябр 2013 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дигар В.Жереновский кор надорад Худо туру дар ҷое ба қатл расонад, ки оби хурдани ҳам набошад, наход инсон чунин сангдил бошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Это еврейский с ума сашол ....
Посух додан
  • ШШШШШШШШШШШШШШШШШШШ

  • 21 ноябр 2013 11:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бе ҳуда чи шарҳи худро нависем аз ду сар Шумо онҳоро рӯи чоп намеоред
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Жереновский ин худ як мухочир аст, ки аз Казокистон омадааст. Ин мард терористи №1 мебошад. Чаро додгоххои байналмилал барои акидахои экстримистияш уро махкум намекунанд? Чун, ки у яхуди аст ва саркардагони тамоми дунё яхудиянд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Онҳо қабл аз ҳама тоҷиконро дар назар доранд, зеро тоҷик бесоҳиб асту касе аз паси ӯ намегардад. Ҳоло мебинед, замоне ин қонун тасдиқ шуд, аввалин касе, ки ҳукми қатл мегирад, тоҷик хоҳад буд. Агар ҷиноятро дигарон бикунанд ҳам, сари ягон тоҷики бечора хоҳанд зад.
Аз ин хотир, беҳтарин чора ба Русия нарафтан аст. Коре бояд кард, ки тоҷикон аз Русия комилан даст бикашанд. То ба охирин фард. Дар он сурат мебинем он кишвар чӣ тавр рафтор мекунад.
Бояд дар макотиб забони англисиро чуқур омӯхт, рӯзе як соатӣ, яъне ҳар рӯз. Бигзор тоҷикон ба дигар мамлакатҳо барои кор бираванд.
Чорае дигар ҳаст. Аз гулуни ҳукумати Тоҷикистон гирифтан. Чунон сахт, ки дуд аз димоғаш барояд. Бигзор заводу фабрикаҳои бекор хобидаро фаъол бикунанд. Чораҳо зиёданд. Мардум иродаи қавӣ надорад. Бархе ҳамеша роҳи осони зиндагиро меҷӯянд.
Посух додан
  • САЛИМАКА АЙ КУЛОБ

  • 21 ноябр 2013 14:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАЛАДЕС ЧИРИК АМИХЕЛИ КУН ХАМАША... ЧИ МЕКОВАН МУЛКИ МАРДУМДА.....ХОНА НАДОРЕН.........ТОРИКИСТОН БИЕН........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман хайрон мешавам ки у худ як яхуди ин кадар мардуми русро гумрох кардааст хамин навални роузман жирикновски яхудитаборон русияро шикаст додани бошанд чи тамоми ширкатхои нефти бонкхо чойхои даромади муфт дар русия дар дасти яхудихо аст русхо монанди точикхо дар аврупо гастери мекунанду бокиаш ба фиреби яхудихо афтодаастТоҷик,
Посух додан
  • точик

  • 21 ноябр 2013 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ин пешниходро як хизб ва ё гурухи исломи анчом дихад тамоми дунё онро терорсит эълон карда бар зиддаш митинг ташкил мекунанд, ман бовари дорам пушти пардаи ин конун хукумати Русия ва чиновникхои Путин меистанд ва Жереновский хам бо акидахои фашистиаш сад грам арака менущаду хар харгапе ах даханаш баромад мегуяд, аслан ин конун бар зидди мусалмонхо пешниход шудааст, зеро вактхои ахир русхо аз зиёд шудани мусалмонхо ва зиёд шудани пайравони ин дин дар миёни русхо вохима пахшашон кардааст

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!