Бахшҳо
21 ноя 2013 10:45Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Посбони манзили Амонулло Ҳукуматулло: “Расул дар хона нест”

Хабарнигори “Озодагон” се рӯз пайиҳам ба нишоние, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчун манзили Расули Амонулло -- писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳан, сабт кардааст, рафт. Аммо хидматкору посбони манзил гуфтаанд, дар хона касе нест ва намедонанд, Расулу волидонаш дар куҷоянду кай ба хона меоянд.

Хабарнигори мо мехост, аз наздик Расули Амонуллоро дида, ҷузъиёти садамаи шаби 9 октябрро аз забони худи ӯ бишнавад. Ин садама, ки дар маркази Душанбе иттифоқ уфтод, се нафарро кушта, се тани дигарро маҷруҳ кард. Мақомот дар аввал Асрор Ҳукумовро муттаҳами ин қазия эълон намуда, сипас, номи Расули 16-соларо ба забон оварданд. Аммо ҳоло Вазорати умури дохилӣ ба муқобили Умар Шарифов, як иштирокчии дигари ин садама, парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳти пайгард қарор додааст.

Алайҳи волидони Расули 16-сола танҳо барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нисбат ба тарбияи фарзанди ноболиғашон” парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол гардидааст. Хидматкор ва посбони манзили Амонулло Ҳукуматулло аслан дар ин бора ва худи Расули 16-сола ҳарфе гуфтан нахостанд. Онҳо гуфтанд, дар бораи ҷузъиёти ин ҳама ҳодиса хабаре надоранд ва кори онҳо танҳо нигоҳубини хона асту бас.

Пайдо кардани худи Амонулло Ҳукуматулло низ дар ҷои кораш мушкил шудааст. Баъзе мегӯянд, ӯ ба рухсатӣ баромадасту баъзеи дигар ҳам аз имзо шудани номаи истеъфояш хабар медиҳанд. Вале чунин сарусадо ҳанӯз расман тасдиқ нашуда, дар нахустин тағйироти кардӣ ва ҷойивазкуниҳо низ номи Амонулло Ҳукуматулло зикр нашудааст. Садамаи маргбори шаби 9 октябр дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд. Дар ҳоле ки ба бовари ӯ Расул дар сари фармони мошин набуда, танҳо баъд аз парвози писараш ба Олмон аз ин ҳодиса дарак ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бинои Вазорати умури дохилӣ дар бораи ҷинояткории ҷавонон дар роҳҳои кишвар сухан гуфта, таъкид кард, ки сарфи назар аз фарзанди кӣ буданашон бояд онҳо дар назди қонун яксон ҷавоб гӯянд.
Мӯҳр
ҳайрон
Ин Расул ба само рафта бошад, ки дар хона уро ёфта намешавад.

Рахмдил
Падари Умар писарашро бегунох хондааст ВКД мегуяд нисбати Умар парвандаи чинои боз шуда дар кофту ков карор дорад. Умар бошад дар шахри Душанбе озод гаштааст. Хамин Милитсия ба пулис иваз шавад хам хамун мемонад. мегуянд ку ХАР ХАМУНУ ХАТУМАШ ДИГАР. Чоп кун Озодагон агар озода боши

Точик
Кани як сухбат бо Умар Шарипов кунед кани чи мегуяд?

Нисбат ба абзатси ахир: ҲАРФ ДИГАР, АМАЛ ДИГАР!

Мақомоти дахлдорро мебояд кори анҷомдодаи вакилони Зайд Саидро дар мавриди ташхиси такрории ДНК дида, рамузфаҳм бошанд ва худашонро аз шармандагӣ дар пеши мардуму Худои онҳо эмин нигаҳ доранд. Ин мақомдорони мо, агар чунин рафтан гирад на танҳо худро, балки миллату давлату сарвари онро сархаму шарманда мекунанд, ин ҳам дар ҳоле, ки Ҷаноби Олӣ аз волоияти қонун ва баробари ҳама назди он сухан кард... Ин Умар ҳеҷ номумкин аст, ки сари чанбари мошин шишта бошад, агар ҳа, ку далел, ақалан ягон ҷароҳат бардоштааст!??? Расул дар саҳифааш воҳима карда навиштааст, ки мошина нав кардаму дар роҳи Варзоб бо суръати 300 рондам онро...(акси саҳифааш бо суханонаш дар сомонаи Озодӣ) Аз ВАО хоҳиш ҳеҷ гоҳ нагузоред ин тақаллубкорон корашонро анҷом диҳанд. Аз дасти шумо меояд ин кор... ин хизмат ба Ватан, хизмат ба мардум ва адои фаризаи инсониву корӣ пеши Худо аст...Зинда бод АДОЛАТ!!!

Салом озодагон агар ман якин донам ки шумо фурухтанашавандаед ман як далелхое барои шумо равон хохам кард ки дар хайрат мемонед.чавоби манро дар хамин назарсанчихо пахш кунед.

Ин нобакор Расул дар озоди? кани хиси ватандусти? ба чои фарзанди рохбари Чойхонаи Рохат ду урус бача мебуд

чои ту панчара дигар бачахо ба садама меафтанд касе намемирад онхо паси панчара мешаванд ту худат ки ки панчарарро бо хамрохии Рустами бародарат намебинед ё ин ки хамаро алакай "Амон харидааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)