Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:49

Боздошти омилони куштори Фирдавси 25-сола дар назди бозори "Корвон"

21 ноябр 2013, 11:01

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, омилони куштори ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румиро дастгир намудаанд. Ҷасади ин ҷавони тоҷик чанде қабл бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар деҳаи “Қаҳрамон”-и ноҳияи Рудакӣ-наздикии бозори "Корвон" ёфт шуда буд.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, дар куштори Фирдавс Муқимов, се нафар, Абдурозиқов Насим, Ҷумагул Қаҳҳорова ва ҳамсари ӯ Фирдавс Холиқови 25 сола, муттаҳам мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, ашхоси гумонбар ба хотири раҳоӣ аз қарз ба ин куштор даст задаанд. Ҷумагул Қаҳҳорова, яке аз омилони куштори мазкур ва сокини шаҳри Душанбе, дар шарҳи қазия тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфт, ба ин роҳ бо хоҳиш ва дастури ҳамсари хеш рафтааст.

Насим Абдурозиқови 26-сола, сокини ноҳияи Восеъ низ мегӯяд, ки ӯ ба ин кор бо даъвати Фирдавс Холиқов, писарамаки хеш даст задааст ва ҳоло пушаймон мебошад.

Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, ҳоло алайҳи шахсони гумонбар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҳабсӣ пешакӣ гирифта шудаанд.


Боздошти омилони куштори Фирдавси 25-сола дар назди бозори "Корвон"

Боздошти омилони куштори Фирдавси 25-сола дар назди бозори "Корвон"

Боздошти омилони куштори Фирдавси 25-сола дар назди бозори "Корвон"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Аюб

  • 21 ноябр 2013 14:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдуррозиқов Насим, Ҷумагул Қаҳҳоров ва ҳамсари ӯ Фирдавс Холиқови 25 сола, сокини шаҳри Кулоб муттаҳам мешаванд...
Мефахмондед, кадоме аз инхо хамсари кадомаш аст? :)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бесаводон ва курсаводони Озодагон!
Матнро як аз назар гузаронед ва бинед чанд то галат вучуд дорад. Забони расонаатон аз забони кучаву бозор хам бадтар аст, аслан адабиет ва маънавиет вучуд надорад. Вакте дар як матни хурд ба чандин хато рох медихед фахмида мешавад ки хеле бесавод астед.
Посух додан
  • Солех

  • 21 ноябр 2013 16:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Озодагон" аз руи шиори , ки аввал кор мекунад ба фикрам . Дар хакикат хабархои кучаги зиед шудааст. Ман хам сари хамин хабар хело фикр кардам .. хат халат , имло галат , маъно галат ....
Посух додан
  • БАХТИЕР

  • 21 ноябр 2013 16:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН чета ман ягон хатоги найефтум

ОЗОДАГОН чета ман ягон хатоги найефтум
Посух додан
  • Хуршед

  • 22 ноябр 2013 10:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба фикрам ягон чои нофахмои нест хам котил Фирдавс ном дорад хам мактул!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!