Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Ҳимояти Дилшод Раҳимов ва 7 нафари дигар аз Зайд Саидов

21 ноябр 2013, 15:19

Дилшод Раҳимов, соҳибкор ва бародарзодаи Зайд Саидов, дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасодро алайҳи Саидов, дар мавриди кашида гирифтани “Тоҷикатлас” беасос хондааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Дилшод Раҳимов бо даъвати ҷониби ҳимоя 20-уми ноябр дар мавриди харидуфурӯши корхонаи “Тоҷикатлас” шоҳидӣ додааст. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯиистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст. Аммо Дилшод Раҳимов мегӯяд, “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов.

Ба иттилои Шӯҳрат Қудратов дар мурофиаи додгоҳии рӯзҳои 20-21-уми ноябр 8 шоҳид бо даъвати ҷониби ҳимоя мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, ҳамагӣ айбҳои эълоншуда дар нисбати Зайд Саидовро рад кардааанд: “Айбдоркунандаи давлатӣ ҳам шоҳидонро мавриди пурсиш қарор дод. Фикр мекунам, айбдоркунандаи давлатӣ мутмаин шуд, ки шоҳидон ҳақиқатро мегӯянд.”

Дар мавриди муҷозоти муфаттишони Оҷонсии зидди фасод барои тақаллубкорӣ алайҳи Зайд Саидов, Шуҳрат Қудратов гуфт, ки 19-уми ноябр аз додситони кулли кишвар дархост кардаанд, то нисбати гурӯҳи муфаттишони қазияи Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ кушода шавад. Ин дархости худро вакилони Зайд Саидов дар баробари дастрас кардани раддияи маркази табобатии “Био Папа” ирсол карданд.

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки дар сурати беҷавоб мондани дархости онҳо аз тарафи Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар вакилони Зайд Саидов бо номаи расмӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат хоҳанд кард: “Мо дар номаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷой доштани тақаллубкорӣ ва сохтакориҳои зиёд дар парвандаи Зайд Саидов шикоят хоҳем бурд.”

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, айни ҳол дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯиистифода аз мавқеъ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Судя

  • 21 ноябр 2013 16:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
“Айбдоркунандаи давлатӣ ҳам шоҳидонро мавриди пурсиш қарор дод. Фикр мекунам, айбдоркунандаи давлатӣ мутмаин шуд, ки шоҳидон ҳақиқатро мегӯянд.”
Дар Точикистон хечгох айдоркунандахои давлати гапи шохидонро бовар намекунанд, зеро макомот аз тарики хамин айдоркунандахо кори худро пеш мебаранд ва мардумо бегунох зиндони мекунанд. То хол хар зиндонии сиёсие ки дар зиндон аст хеч далелел барио зиндони кардани у вучуд надорад, факат тухмату фишори хамин айбдоркунандахои давлати аст ки ин бечорахо дар зиндонанд. Адвокатхо так что аз бовари баромадагианд, зеро даллоли байни зиндону суду айбдоркунанда ана хаминхоанд, вагарна ки бовар мекуанд ки дар Точикистон айбдоркунандаи давлати ба гапи шохид бовар мекардааст?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо Точико я матал дорем дар дег чизебоша дар кафлез хавай мероя тухмат хаминака обурут мета бо тухмат хаминкадар обу ру мегирен

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!