Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Таваҷҷуҳи ноиби нави вазири хориҷии Амрико ба Тоҷикистон

22 ноябр 2013, 09:26

Ниша Десаӣ Бисвал, ки 21-уми ноябр, баъди савгандёдкунӣ расман ноиби вазири умури хориҷии Амрико оид ба кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ва миёна таъин шуд, дар нахустин суханронияш дар ин симмат изҳор доштааст, ки минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва миёна дар остонаи таҳаввулоти ҷиддӣ қарор дорад.

Ба иттилои Департаменти давлатии Амрико, Ниша Бисвал баробари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, инчунин интихоботҳоро дар бархе аз кишварҳои минтақа зикр кард, ки бояд тағйироти ҷиддӣ ба бор оранд. Ноиби нави вазири умури хориҷӣ таъкид намудааст, ки саҳми ин минтақа дар сиёсати ҷаҳонӣ рӯзафзун аст ва рушду амнияти Амрико ба рушду амнияти Осиё пойбандии зич дорад.

Ниша Бисвал изҳор доштааст, ки таваҷҷуҳи асосияшро ба рушди муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ дар минтақа равона хоҳад кард. Ӯ аз ҷумла таъкид намудааст, ки захираҳои бойи энергетикии Осиёи Миёнаро имкон дорад, барои рушди Осиёи ҷанубӣ кор бурд. Ноиби нави вазири умури хориҷии Амрико аз хати интиқоли барқи CASA-1000 зикр карда, гуфтааст, айни ҳол мо болои ин лоиҳа кор карда истодаем, ки имкон медиҳад нерӯи барқи барзиёди Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистон ба Покистон интиқол дода шавад.

Ниша Бисвал, ки ҳиндитабор аст, таъкид намудааст, тамоми нерӯяшро барои рушди равобити Амрико бо минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва Марказӣ равона хоҳад кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!