Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:51

Ду ҳодисаи нохуш дар шарқи Тоҷикистон ҷони ду нафарро гирифт

3 август 2011, 07:57

Трактор ба чуқурии 18 метр сарозер шуд ва ронандаи он ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар ноҳияи Тоҷикибод ба вуқӯъ пайваст.


Тибқи иттилои ВКД рӯзи гузашта Маҳмадалӣ Сайбурҳонови 37-сола, ки трактори тамғаи «ЮИЗ-6 АЛ»-ро таҳти идора доштааст, ҳангоми кашонидани алаф аз мавзеи Кабудҷар онро аз ҷарии баландиаш 18 метр чаппа мекунад. Дар  натиҷа Маҳмадалӣ Сайбурҳонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ худи ҳамон рӯз ҳодисаи дигари нохуш дар ноҳияи Рашт рух додааст. Нилуфари Шералӣ, сокини 14-солаи деҳаи Шулеи ноҳия аснои бозӣ кардан болои оғилхонаашон ба дарзаи алаф лағжида, ресмони дар гарданаш буда ӯро буғӣ кардааст. Бар асари ин ҳодиса Нилуфар ба ҳалокат мерасад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!